
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷума рузи 30 юми янар дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли барқ 21млрд. 399,5 млн. кВт. соатро ташкил додаст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти низоми энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, нисбат ба як соли қабл 775,7 млн. кВт. соат зиëд ва суръати афзоиш 103,8 фоиз таъмин карда шуд. Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ вазир зикр кард, ки соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсоли неруи гармӣ ба 1 млн. 143 ҳазор Гкал баробар шуда, то санаи 1-уми январи соли 2023 аз Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо дар маҷмуъ дар 2937 иншооти пойтахт, аз ҷумла 544 иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1346 иншоот дар ноҳия Сино, 658 иншоот дар ноҳияи Шоҳмансур ва 452 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ бо неруи гармӣ таъмин гардида истодаанд.
Бояд қайд наиуд, ки дар соли 2022 корҳо дар доираи 20 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика идома дода шуданд.
- Санаи 20 марти соли 2022 агрегати 3 Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ва санаи 24 октябри соли сипаригардида агрегати 1-и Неругоҳи барқи обии “Норак” мавриди баҳрабардорӣ қарор шуданд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи "Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 240МВт бардошта шуд.
Инчунин, дар соли 2022 зеристгоҳҳои барқии "Рудакӣ 110/10кВ " дар ноҳияи Восеъ, "Вознавд 110/35/10 кВ " ва "Даштаки Ванҷ 110/35/10 кВ " дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд,- қайд намуд вазир.
Сафинаи Маъруфҷон