Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Неругоҳи барқи обии «Себзор» баъди оғози кор 11 МВт қувваи барқ истеҳсол менамояд

Неругоҳи барқи обии «Себзор» баъди оғози кор 11 МВт қувваи барқ истеҳсол менамояд

15-01-2024, 13:56
Хабарро хонданд: 925 нафар
Назарҳо: 0
Неругоҳи барқи обии «Себзор» баъди оғози кор 11 МВт қувваи барқ истеҳсол менамоядДар иншооти муҳими энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон‐ Неругоҳи барқи обии «Себзор», воқеъ дар ноҳияи Шуғнон ҳоло такягоҳи се дастгоҳи тавлидкунандаи барқ пурра омода гардида, дигар корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд.

Дар айни замон дар ҳамаи самтҳои сохтмони ин лоиҳа беш аз 300 нафар ба корҳои бунёдӣ машғул буда, шуруъ аз моҳи марти соли равон теъдоди сохтмончиён ба 500 нафар расонида мешавад.

Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 метр бунёд гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 100 нафар дар ин самт идома доранд.

Тибқи лоиҳа, Неругоҳи барқи обии «Себзор» баъди оғози кор 11 МВт қувваи барқ истеҳсол намуда, иқтидори истеҳсоли солонаи неруи барқ 77,6 МВт‐ро ташкил медиҳад.

Дар баробари сохтмони неругоҳ инчунин 4 км роҳи ҳудуди он мумфарш ва чароғон гардида, бунёди мактаби замонавии дуошёна, майдончаи варзишии замонавӣ ва пули мошингузар ба нақша гирифта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: