Адабиёт моли халқ буда, аз рӯзгори мардум сарчашма мегирад, ниҳоят, зиндагии моро бо тобишҳои худ инъикос намуда, боз ҳам ба худи мо бармегардонад. Ҳамаи ин амалҳо тавассути шахси эҷодкор амалӣ мешаванд.
Адибон бо истифода аз унсурҳои бадеӣ, донишу маҳорат ва малакаю истеъдоди фитрии хеш ҳикояву қисса, роману драма, шеъру ғазал, таронаву рубоӣ, дубайтиву фардбайт ва дигар анвои адабӣ боғи адабиётро боз ҳам гулафшон менамоянд.
Албатта, ҳар як адиб бо интихоби ин ё он жанр мехоҳад ҳунару маҳорати хешро сарф намуда, ҳамчун “муҳандиси руҳи одамизод” дар тарбияи инсон саҳм бигирад.
Агар вобаста ба ин ба эҷодиёти адиби шинохта, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Аюбӣ назар андозем, мебинем, ки ӯ дар истифода қариб аз ҳамаи жанрҳои адабӣ маҳорати хешро нишон дода, комёб ҳам шудааст.
Ин ҷо мехоҳем чанд нуктаи мавзуи эҷодиёти эшонро баён намоем. Зикр кардан бамаврид аст, ки васфи Ватан, ишқ, зебоиҳои табиати афсункор, ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои он, фардои дурахшони Тоҷикистони азиз, ҳамдигарфаҳмӣ миёни ёру бародар ва дӯстону пайвандон ва монанди ин аз мавзуъҳои асосии ашъори шоир будааст.
Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сиву чорсола шуд. Аз ҳамон рӯзҳои аввали ин падидаи некро ба даст овардан эҷодкорони мо зиёд гуфтаву навишта, онро ҳар кадом ба таври хеш инъикос кардаанд. Сабки хосаи ӯ низ имкон додааст, ки ҳамин ҳодисаи фараҳбахшро аз даричаи истеъдоди худ тасвир намояд:
Шуд мубарро савти ною чанги истиқлол,
Лаззати ишқ аст дар оҳанги истиқлол.
Реги истиқлол тобад беҳтар аз марҷон,
Баркаши кӯҳ аст дар посанги истиқлол…
(“Гулчини ашъор”, Адиб, 2015, с. 3).
Ба таври маълум, дар гузаштаи начандон дур мардум аз қисмати хеш менолиданд, камбудӣ, мушкилот ва норасоиҳои маишии худро як навъ қофия бофта, дар ҳолатҳои барои худашон муносиб, бо мақсади таскини дил замзама мекарданд. Ҷойи дигар, баръакс, аз андак навигарӣ, ки дар руҳу равонашон хурсандӣ ҳувайдо мегардид, онро бо назм баён медоштанд. Масалан, аз хусуси навгониҳо, аз ҷумла, ободшавии роҳҳо шоири халқ Юсуф Вафо гуфта буд:
Эй ағба, кунун шунав, ки мо ободем,
Он роҳи туро ба барфу борон додем.
Қад-қади Зарафшони чуқури шӯхоб
Роҳи нави мошинаравак бикшодем.
Чунин ҳодисаҳову ҳолатҳо, ки ба хукми таърих даромадаанд, аз тарафи Сафармуҳаммад Аюбӣ бо ишораи замони соҳибистиқлолӣ таъкид гардидааст. Шеъри “Истиқлол”, ки дар руҷуъ ба таронаҳои халқӣ иншо гардидааст, ҳамин гуна оҳанги мутантану ифтихорангез дошта, музаффарияти замони истиқлолро ба риштаи тасвир кашидааст:
Истиқлолуме, кишвари озодуме,
Меҳри Ватани азиз дар бунёдуме.
Истиқлолуме, хонаи ободуме,
Дар ҳалқаи меҳр тифлакони шодуме.
Дар банди дигари ҳамин шеър қаҳрамони лирикӣ аз он ифтихор дорад, ки фарзанди Тоҷикистон буда, як умр ҳаёт ба сар бурдааст:
Имрӯз, ки Парчами парафшон дорум,
Хуштар зи ҳазор давр даврон дорум.
Сад шукри Худо, ки миллати бедорум,
Хушбахтам аз он, ки Тоҷикистон дорум.
(Ҳамон ҷо, саҳ 267)
Яке аз мавзуъҳои асосии эҷодкорон дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI ин ободкорӣ дар самти нақбу роҳу пулҳо ва хосса сохтмони азими давр - Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шумор меравад.
Албатта, эҷодкорони ҷумҳурии соҳибистиқлоламон тавонистанд тӯли панҷ-даҳ соли охир ин падидаи бисёр ҳам хушҳолкунандаи замонро васф намоянд.
Повест, ҳикояву очеркҳои зиёде рӯйи чоп омаданд, ки бозгӯкунандаи ҳамаи ободкориҳои Тоҷикистон аст ва ба хазинаи пурғановати адабиёти тоҷик шомил гардидаанд. Яъне, барои адибони мо дар чанд соли охир ин мавзуъ хеле доманадор, муҳим ва зарурист.
Сафармуҳаммад Аюбӣ низ ҳамчун як нафар эҷодкор ва фарзанди замони худ ин ташаббуси пурманфиатро барои ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар шеъри “Роғун” чунин баён намудааст:
Дило, сарой ба шодӣ таронаи Роғун,
Бигӯй замзамаи ҷовидонаи Роғун…
Шунидам ин саҳар аз рози мурғакони чаман,
Садои қаҳқаҳаи ошиқонаи Роғун.
Чӣ нола мекунӣ, аз хору хас, аё булбул,
Зи нур бофта кун ошёнаи Роғун.
(Ҳамон ҷо, саҳ. 255)
Воқеан ҳам, дӯст доштани Ватан ба адлу инсоф, меҳру муҳаббат, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллии ҳар кас сахт вобастагӣ дорад. Агар чунин ҳолат дар шахс, бахусус, дар тинати гӯяндаи ашъор макон надошта бошад, амали шеърофаринии шахси эҷодкор ба ҳован об кӯбиданро ба ёд меорад.
Аз ин нигоҳ қариб дар ҳама ашъори Сафармуҳаммад Аюбӣ ҳолати руҳии худи шоирро дарк кардан чандон душвор нест. Вай ба хотири он, ки Ватани маҳбубу дилоро дорад, мефахрад, ба хотири он, ки сарзаминаш биҳиштосост, меболад ва ҳамин аст, ки чунин зебоиҳо, дороиҳои Ватани маҳбуб илҳомбахши шоиранд. Ҳатто ҳангоми ифодаи фикр кас шахсияти шоирро пеши назар оварда, ҳолати руҳии ӯро ҳангоми ба қалам додани маҳсули эҷодаш ҳис мекунад. Бинобар он, таъкид бояд кард, ки худи шоир вақте шеъри худро қироат мекунад, эҳсоси ӯ ба самъи шунаванда расида, маънии онро дучанд мегардонад. Сафармуҳаммад Аюбӣ ҳамин гуна маҳоратро доро буд, ки борҳо худ шоҳиди он будаем.
Бубинед, ӯ дар шеъри “Саҷдагаҳи аҳли дил”, ки аз ҳафт байт иборат аст, дар тавсифи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе онро дар байти охирон ниҳоят ин гуна зебо ҷамъбаст кардааст:
Ҳар кӣ дар пояи тахти ту ба дунё омад,
Дар рухаш нузҳати шоҳони Хуросон бошад.
(Ҳамон ҷо, саҳ. 12)
Сафармуҳаммад Аюбӣ аз ҷумлаи адибони сермаҳсули мо буда, кӯшидааст қариб дар ҳар қолаби адабӣ эҳсос, фаҳму шуури худро санҷад.
Хушбахтона, дар аксар маврид ба ин нияти худ сазовор ҳам шудааст. Ҳама медонанд, ки шеър ҳолат аст ва он дар лаҳзаҳои хеле ҳассос рӯйи саҳфа меояд. Он ҳодисаву воқеаҳои гирду атрофро ҳамаи мо мебинем, пайхас мекунем ва шоҳиди ҳоле ҳастем, ки шоир низ дар паҳлуямон қарор дорад. Вале ҳамон ҳодисаву воқеоти атрофро шоир дигаргуна, чунонки мегӯянд, “шоирона” тасаввур кардаву ба қалам медиҳад. Ва танҳо пас аз мутолиаи асари шоир дарк мекунем, ки хаёли мо тамоман чизи дигаре будааст. Ин, асосан ба фитрати инсон алоқамандии зиёде дорад.
Аз ин нигоҳ Сафармуҳаммад Аюбӣ низ тавонистааст, ки дар ашъораш паҳлуҳои нокушодаи рози дилбарону ҳаммаслакони онҳо ва шунавандаю хонандагон шеъри ӯро ба хубӣ дарк намоянд. Дар ин масъала ӯ бурд кардаву сухани дилрасу образҳои тозаи шоиронаро бо имкониятҳои истифодаи унсурҳои шеър ба таври хеле сода ба хонандаи худ пешкаш менамояд.
Яке аз вазифаҳои шеър, хосса шеъри суннатии мо ба илҳом овардани хонанда доир ба иҷрои вазифаи ба зимма доштаи ӯ, таъсир кардан ба руҳу равони хонанда ва ҳам шунавандаи шеър аст.
Устод Аюбӣ тавонистааст дар ин масъала низ дастболо бошад ва ин чиз ба ӯ ба осонӣ даст додааст, чунки фаҳмиш, биниш ва дарку моҳияти масъала барояш хеле равшану возеҳ аст. Ин аст, ки шоир бе ягон истиҳола, такя ба донишҳои афзунаш, дарку моҳияти ҳаводиси атроф ва ниҳоят маҳорати суханвариаш тавониста, ки дилхоҳ мавзуи интихобиашро ба риштаи назм кашад.
Яке аз ҳамин гуна мавзуот инъикоси руҳи қаҳрамонон дар шеър аст, ки ӯ дар ин бора хеле сара ва пурмуҳтаво сурудааст. Шеъри “Худо довари мост” як навъ ниёиш ва эҳдо ба Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум аст.
Шоир дарди миллат, носозиҳои рӯзгор, қасди кӯрдилону душманонро аз номи қаҳрамони лирикии шеър баён дошта, шикастнопазир будани миллати тоҷикро таҷассум кардааст. Дар оҳанги шеър, истифода аз калимаву ибороти мутантан, ки руҳи қаҳрамонро бо ҳама сарбаландиву пирӯзиаш мунъакис гардонда бошад, дар ҳар байт, балки мисраъ ҳувайдо гардидааст. Ин аст, ки он аз сӯйи хонанда бо оҳанги дилпазир, бо руҳи далеронаву ифтихори миллӣ замзама гардида, ба ин васила руҳи қаҳрамонро шод мегардонад:
Мо ҳамонем, ки ҳар санги Ватан пайкари мост,
Мо ҳамонем, ки ҳар қуллаи хоро сари мост.
Мо ҳамонем, ки ҳар рӯз зина зинда шавем,
Чу ба хушбахтии мо мардуми эҳёгари мост…
Ҳар сари санги Ватан минбари озодии мост,
Бо шумо ақлу хирад ғулғулаи минбари мост.
Эй халоиқ, ҳама дар ҳалқаи ваҳдат бошед,
Мо зи ваҳдат ба муродем, Худо довари мост.
(Ҳамон ҷо, саҳ. 251)
Шеър ҳамеша талқингари хостаҳост ва дарди дили мардумро ифода мекунад. Дар эҷодиёти шоир ин гуна ашъоре, ки касро ба эътиқоду эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва дигар арзишҳо роҳнамоӣ кунад, зиёд ба мушоҳида мерасанд. Ин бевосита аз он шаҳодат медиҳад, ки гӯяндаи шеър худ ватандӯст ва фарзанди содиқи Ватан буда, мехоҳад ва ё метавонад барои пояндагии миллат ва халқу давлати худ тамоми амали аз дасташ меомадаро иҷро намояд. Ин, бешубҳа, дар шеър ифода ёфта, пеш аз ҳама, ҳамчун як намуна худи ӯ метавонад хонандаро ба ин гуна корҳои неку хайр роҳнамоӣ кунад.
Дар ҳамин гуна ашъор эҳсоси шаҳрвандии муаллифи он бештар барҷаста намоён мешавад. Ба ин васила хонанда ба ашъори шоир таваҷҷуҳи хосса намуда, ҳисси эътимод ба шахси шоир ва ашъори ӯ боз ҳам қавию мустаҳкам мегардад.
Ҳунари шоирии устод Сафармуҳаммад Аюбӣ имкон додааст, ки дар ҳама гуна ҳолат қаҳрамони шеърро хеле барҷаставу фаъол нишон дода, тавассути ӯ меҳру садоқаташро ба ин хоку сарзамин баён намояд.
Аслан, ба таъбири мардум, ҳар неку баде, ки дар олам ба амал меояд, дардҳои нахустини он аз дили шоир мегузаранд. Агар эҷодкор, хосса шоир, дарди замонро дарк накардаву дардҳои ҷомеаро дарди хеш намепиндорад, яқин ашъораш ҳеҷ гоҳ мақбули аҳли назар нахоҳад шуд. Аз ин нигоҳ қаҳрамонони ашъори шоир ҳама воқеианд, ҳассосанд, мехоҳанд дар дармони воқеоти замон ҳиссагузор бошанд. Яъне, бефарқ набудан ба ҳаводиси рӯзгор ва чорагар будан дар бартараф кардани мушкилоти айём аз вазифаҳои аслии инсони покзамир аст. Ҳамин хостаҳои қаҳрамонони шеър дар шеъру ғазал ва дигар анвои шеърии ӯ зиёд ба чашм мерасанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Аюбӣ дар истифодаи санъатҳои лафзӣ низ қобилияти баландро дорост. Дар илми адабиётшиносӣ таъкид гардидааст, ки санъатҳое, ки бештар барои зебо кардани шакли асар хизмат мекунанд ва ба ҳамин восита қувваи таъсири суханро зиёдтар менамоянд, ки ба ин такрор, гардиш, тарсеъ, илтизом ва ғайра дохил мешаванд.
Дар адабиёти классикӣ як силсила санъатҳои лафзӣ низ буданд, ки танҳо ба шаклпарастӣ ва суханбозиҳои бемазмун бурда мерасониданд. Ба монанди риқто (шеър ва насри бенуқта навиштан), мувассал (шеъре, ки калимаҳои он бо ҳуруфоти арабӣ пай дар пай аз ҳам ҷудо накарда навишта мешуд).
Аз санъатҳои дигари шеърӣ акс (яъне чаппа) мебошад, ки мисраи якуми ҳар байт ба ду қисми баробар ҷудо мешавад ва дар натиҷаи иваз шудани ҷойи ин қисмҳо мисраи дуюми байт ҳосил мегардад. Ин гуна такрор ёфтани сухан таъсири шеърро афзун мегардонад. Намунаи ин шеър дар “Зан” ном ғазали Сафармуҳаммад Айюбӣ инъикос ёфтааст:
Дар хонае, ки зан нест, аз дилбарӣ сухан нест,
Аз дилбарӣ сухан нест, дар хонае, ки зан нест.
Нуру зиёи тан нест, он ҷо ки зан набошад,
Он ҷо ки зан набошад, нуру зиёи тан нест.
Садбаргу ёсуман нест бе гармии муҳаббат,
Бе гармии муҳаббат садбаргу ёсуман нест.
Кайфияти чаман нест, бе дилбари гуландом,
Бе дилбари гуландом кайфияти чаман нест.
Он хона анҷуман нест, дар хонае, ки зан нест,
Дар хонае, ки зан нест, он хона анҷуман нест.
Дар ҳаҷр беватан нест марди ғариб бо зан,
Марди ғариб бо зан, дар ҳаҷр беватан нест.
(Ҳамон ҷо, саҳ. 259)
Воқеан ҳам, дар чунин шакл шеър навиштан аз гӯяндаи он дониши мукаммали шеършиносӣ, адабиётфаҳмӣ, дарки мавзуъ ва дар мавзуи яклухт ва ягона сурудани ашъорро тақозо менамояд. Чунин шеър гуфтан касро водор менамояд, ки бояд гӯяндаи он нозукиҳои вазни шеър, қофияву радиф ва ҳатто илми мусиқиро неку донад, вагарна ҳангоми қироати ғазал он як навъ беруҳу бемаънӣ менамояд.
Маълум мегардад Сафармуҳаммад Аюбӣ аз ҳамаи ин ҷузъиёт ва унсурҳои шеърӣ бархӯрдор будааст. Шояд сабаб ҳамин бошад, ки имрӯзҳо ашъори дилангези эшонро шинохтатарин ҳунарпешаҳои ҷумҳурӣ - Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Сурайё Қосимова, Бобоҷон Азизов, Парда Қосимов, Миралӣ Достиев, Саидқул Билолов, Ҷамшед Исмоилов, Муҳаррама Шарифова, Афзалшоҳ Шодиев, Баҳодур Неъматов, Умари Темур, Чилахон Холов, Аҳмадҷон Муҳаммадиев ва дигар ҳаммаслакони онҳо ба оҳанг даровардаву бо садои махмалини худ ба самъи шунаванда расондаанд.
Бояд гуфт, бо ҳамин ҷаззобияти сухани Аюбӣ ба итмом намерасад. Вай, ҳамчунин, ба дигар жанрҳои адабӣ - достону драма ва дар наср повесту қиссаҳои дилошуб эҷод намуда, муваффақ шудааст.
Асарҳои драмавии ӯ, махсусан, ифодакунандаи ормонҳои миллӣ мебошанд. Ба таъкиди Шоири халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, “… Аюбӣ мактаби хоси драманависиро эҷод кард. Номи Сафармуҳаммад Аюбӣ чун шоиру драмнависи серкор миёни ҷомеаи Тоҷикистон тӯли 40 соли охир бо накӯӣ пайвастааст. Вай дар драманависӣ таҳаввулот ворид кард ва драмаҳои назмӣ навишт, ки собиқа надошт. Мактаби хоси драманависиро созмон дод”.
Бояд гуфт, ки бо як назари иҷмолӣ наметавон ба кулли асарҳои ин адиби шинохта баҳо дод.
Муҳаққиқон, адабиётшиносони моро лозим аст, ки ба таври хеле амиқу густарда ба эҷодиёти мавсуф бори дигар рӯ оварда, паҳлуҳои дигари ҳунару маҳорат ва эҷоди адибро муайян кунанд.
Хизматҳои бедареғаш саривақт қадрдонӣ гардида, бо унвонҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театрии Тоҷикистон - “Ноҳид” қадрдонӣ шудааст.
Ҳотами ҲОМИД,
барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ