ҚАЛАМСОЯ1-08-2022, 13:52
Хабарро хонданд: 1259 нафар
Назарҳо: 0
Андешаҳо дар ҳошияи китоби тозанашри шоири хушкаломи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Давлати Раҳмониён «Дар сояи қалам» - Душанбе нашрияи давлатии «Адиб», соли 2021.
Қаламроҳи ин адиби соҳибэъҷоз, аз қадамҳои шеъри ноби тоҷикии форсї сар ба дар карда, чун гули вартоҷ ба истиқболи хуршеди истиқлол рӯ намудааст. Ин насли соҳибэҷоди мӯқалами шеъри нави тоҷикии форсї сафаҳоти назми пуробуранги беш аз ҳазорсолаи тоҷикро шукӯҳ ва накҳати тоза бахшида, боғи пуршукӯҳи адабиётро миёни аҳли дил соҳиби эътибори баланд намудааст. Қаламкорони ин воҳаи маъонии сухани ноб баъд аз устодони бузурги сухан Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералї, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Раҳмат Назрї, Камол Насрулло, Искандари Хатлонї, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Ато Мирхоҷа ва даҳои дигар гом бар остонаи муқаддаси назми оламгири тоҷик ниҳода эътибори онро тавониста, ки шуҳраи аҳли маонї намоянд. Насли нави замони истиқлол бо дид ва нигоҳи рангини бадеї, бар ҷисму ҷони шеъри ноби тоҷикї руҳу равон бахшида, миёни аҳли завқ соҳиби мавқеъ ва мақомҳои пурифтихор мебошанд. Миёни ин аҳли каломи маъонї шоири рангинбаён Давлати Раҳмониён соҳиби ҷойгоҳи хосаи хеш буда, ашъораш миёни соҳибдилон ҳанӯз оғози садаи нав мавриди баҳсу гузоришҳои зиёди ноқидони сухани ноби тоҷикии форсї қарор гирифтааст. Устоди зиндаёд шоир ва донишманди хеле пурэътибори адабиёт Муҳаммадалии Аҷамї дар яке суҳбатҳояш атрофи ашъори шоирони ҷавони охири солҳои навадуми садаи гузашта, аз ҷумла дар перомуни шеъри шоири ҷавону умедбахш Давлати Раҳмониён гуфта буд: «Шеъри ин қаламкори қаламрави назми оламгири тоҷик, соҳиби мақоми хоса буда, нигоҳи шоиронааш хеле рангин ва тасвирҳояш ҳазорранг мебошад. Ба боварї метавон гуфт, ки ҷустуҷӯҳои эҷодии Давлати Раҳмониён дар баҳри пуртуғёни шеър ӯро ба қуллаи мақсуд хоҳад расонид. Қаламрави шеъри ноби нави тоҷикї, аз ин шоири ҷавони пуртакопу умедҳои зиёд дошта, бо боварї метавон гуфт, ки шеъри ӯ дар адабиёт соҳиби ҷойгоҳи хосаи хеш хоҳад гардид». Шояд ҳамин фотиҳа ва хушбинии устоди зиндаёд Муҳаммадалии Аҷамї буд, ки даҳҳо қаламкорони ҷавон вориди боғи пурмеваи шеъри ноби тоҷикии форсї гардида, эътибори ин боғро миёни аҳли сухан афзун намудаанд. Маҷмуаи тозанашри шоири хушкалом Давлати Раҳмониён, ки бо номи хеле зебои шоирона «Дар сояи қалам» манзури аҳли дил гардидааст, гувоҳи заҳматҳои шоир дар қаламроҳи шеър мебошад. Ин боғи муаттари ҳамешабаҳори шоир фарогири 158 шеър, 16 қитъа ва чаҳорпораҳо, 81 рубої, 68 дубайтї ва 39 фард байтҳо мебошад. Шоир кӯшидааст, ки бо муҳаббат ва самимияти ватанхоҳона хонандаро вориди дунёи ҳазорранг ва ҳазоравои шеър намояд, бо оҳанги рӯҳнавоз ба ӯ оосиши ҷон бахшад. Барои ҳар нафари эҷодкор мафҳумҳои Модар-Ватан ва манзараҳои дилфиреби диёр ва корномаи мардуми баору нангаш дар маҳзари эҷод қарор гирифта, ишқ ва муҳаббати азалї ба онҳо рангу бори тоза мебахшад. Шеъри нахустини ин боғи маъонии шоир, ки бо номи «Ҳадиси муҳаббат» манзури хонандагон гардидааст, саропо аз муҳаббати ватандориву ватанхоҳии шоир ба гӯши хонанда чунин мегӯяд. Ай кӯҳи Ватан, ба туст рӯи суханам, Ҷӯшида чу мумиё зи санги суханам. Мероси ман аз падар агар як кафан аст, Андар сари савдои ту бахшам кафанам. Азбас сухани Ватан зи ҷонам хезад, Ҷон аст, ки медамад ба ҷисми суханам. То дар тани ман асар бувад аз рамақе, Ҷуз дар раҳи миллату Ватан ҷон наканам. Чун саҷдагоҳи ҳазор пуштам Ватан аст, Н-афтад зи даҳон ҳадиси ҳуббулватанам. Воқият ин аст, ки нест дар олам шоир ва ё нависандае, ки Ватанро дар маҳзари эҷодаш қарор надода бошад. Аммо нигоҳи тоҷикона, тасвири тоҷикона, ниёиши тоҷикона ба таъбирҳои мардумии «ҷӯшида чу мумиё», «мероси падар», «дамидани ҷон», «саҷдагоҳи ҳазор пушт», «ҳадиси ҳуббулватан» ҳамчун таъкид ба шеър самимият ва рӯҳи ҷовидонї бахшидааст. Ҳамин гуна самимият ва муҳаббати беандозаи Ватандорї дар шеъри дигари шоир, ки бо номи «Ғазали ишқу Ватан» омадааст ба хонанда руҳу тавон бахшида муҳаббати ватандориро дар қалби ӯ даҳчанду садчанд менамояд. Бе ишқ Ватан, Ватан набошад, Гар ҳаст, барои ман набошад. Чун хоси Ватан набуд, уфтод, Ҳарфам, ки дар даҳан набошад. Бе ишқ даруни синаи танг, Дилро ҳаваси задан набошад. Гӯянд: муродифи Ватан чист? Ишқ аст, дигар сухан набошад. Ишқи Ватан бар қалби шоир рӯҳу тавон бахшида, қалби орї аз ин муҳаббатро шоир барои хеш бегона хондааст. Ва ба таъкид ва самимияти бепоён каму костї ва набудиро дар нисбат ба Ватан моли хеш нахонда, овардани онро ба забон ҳаргиз қабул надорад. Ҳамин ишқу ормон ва муҳаббати ватандорї ҳаст, ки набзи шоир метапад, ташнагии рӯҳу ҷон мешиканад. Бо шӯру исён ва самимияти бепоён муҳаббатро ҳамрадифи номи Ватан донистааст. Дарди шоир, дарди Ватан буда, ишқи шоир ишқи Ватан аст, ин ду боли кабутари ормонҳои шоир ӯро лаҳзае ором намегузорад. Мафҳумҳои Модар ва Ватан дар шарёни ӯ ба шӯр омада, ӯ дар сурату сирати ин ду маънї «Модар» «Ватан»-ро мебинад. Шояд ҳамин диданҳои шоир, бо чашми дил ба олами пурмеҳру тахаюлоти шоирї буда бошад, ки оҳанги шеъраш аз назокат ва латофати ватандорї саршор буда, зуд дар қалби покбозони муҳаббат ҳамнишин мегардад. Агар барои шоир дарк ва эҳсоси баланди тахаюлоти рангин шарти эҷод бошад, барои шеър дард ва сухтанҳову сохтанҳо ва тасвирҳое, ки бо чашми дил дида мешаванд ва ба рӯҳу ҷон такон мебахшанд, шарти асосии эҷод мебошад. Шеъри «Ғамбода», ки саропо дард асту сузу соз, дар сурат содда намояд ҳам, дар сират бо матонату бо ҷасорат рӯи саҳфа омада, хонандаро мафтуни он манзараҳо менамояд: Шаб хоби парида монд бо модари ман, Субҳ ашки чакида монд бо модари ман. Бар хидмати аскарї чу бурданд маро, Як нони газида монд бо модари ман. Печида ба дуди оҳи деринаи ман, Сӯзад чу чароғ қалби пурпинаи ман. Ганҷе, ки бувад шукӯҳи ганҷинаи ман, Ғамбодаи модар аст дар синаи ман. Модар чу гузашт, сахт дилгир шудам, Омоч шудам, нишонаи тир шудам. Бо рафтани модарам наомад шодї, Дар панҷаи андӯҳ сияҳпир шудам. Таъбирҳои мардумии «хоби парида»», «ашки чакида», «нони газида» таъбирҳои дард ва сӯзу созҳои шоирона буда, ифодагари ормонҳои мардуме мебошад, ки бо ин дарду сӯзҳо ҳамнишин будааст. Таъбири «Хидмати аскарї», ки шоир аз бехобии модар ва раҳпоии ӯ ба роҳи бозгашти аскарбачааш, аз хизмати пурифтихори сафи артиши пурэътибори Шуравї овардааст, лабрези орзуву ормонҳои ширини замони муҳаббатхезу муҳаббатрези кишвари мардумсолори маърифатпарвари Шуравї буда, аз саҳфаи нохондаи китоби ҳаёти шоир ба хонанда қисса менамояд. Таъбирҳои «қалби пурпина» ва «шукӯҳи ганҷина», ки ғамбодаи модари муштипари чашм ба роҳи фарзанд аст чун чароғи ғам дар синаи шоир то абад месӯзад ба қалби хонанда зуд ҷой гирифта, ба таъбирҳои «омоч шудам, нишонаи тир шудам» ва «дар панҷаи андӯҳ сияҳпир шудам» аз дарди бедавою ҳасрати шоир барои модар бар гӯши ҷони хонанда қисса менамояд. Шеърҳои «Дасти ширин», «Биҳишти мурғон», «Ормон», «Дилеву гуле», «Сипос», «Ҳамқисмат», «Носур», «Гавҳари умр», «Дар паи хома», «Чакомаи шоир», «Хабаре нест», «Аз ҷои воқеа», «Тоҷикона» «Баъди Бозор қаламро шиканед», «Тӯша», «Нуктаи охир», «Гулхан», «Шеъри дард», «Рисолаи дард» ва «Занги дил» ба ин боғи маонии шоир ҳусну қубҳи тоза бахшида, хонандаро вориди дунёи орзуву ормонҳояш мегардонад. Бо ҳама сӯзу дард ва тахаюли баланди бадеї шоир дар баробари ҳама қаламкорони кишвар дард кашида, худро як пораи хоки поки ин Ватан шуморида, дар қаламраҳи шеъри ноби тоҷикии форсї худро хушачини хирмани ин боргоҳи маонї медонад. Дар шеъри «Иншо» аз ҳад ва андоаву эътибори суханаш чунин фармуда: Макун диққат, машав ташвиш, Мапурс аз чанду аз чунам. Магир андозаам охир, Ман аз андоза берунам. Маро таҳрир натвон кард, Ки болотар зи эҷодам. Ман иншои Худовандам, Вале иншои озодам. Ҳамин шеъри шоир ифодагари заҳматҳои ӯ дар коргоҳи шеър буда, то ба ин дам маҷмуаҳои «Растохези Рӯҳ» (1995), «Найистон» (1996), «Марзи нисён» (2002), «Навишта дар пари парвона» (2007), «Қиёми рӯҳ» (2014), «Хайма дар офтоб» (2017), «Хотира ва муҳокимаҳо» (2020) ба хонандагон аз ҳунари шоирии ӯ мужда расонидаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин дафтари шеъри шоир туҳфаи хубу пурарзише барои ҳаводорони шеъри ноби тоҷикии форсї буда, баъд аз мутолиа довари асосї хонандаи ҳушманд мебошад. Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.