Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шоире бо шеърҳои чун кабутарҳои сулҳ

Шоире бо шеърҳои чун кабутарҳои сулҳ

2-05-2024, 11:30
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
                Шоире бо шеърҳои чун кабутарҳои сулҳ
2-юми май зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода


Мирзо Турсунзода аз сермаҳсултарин ва шинохтатарин шоирони садаи бистуми адабиёти тоҷик ба шумор меравад.
Вай тӯли фаъолияти зиёда аз чилсолаи хеш собит намуд, ки аз ҷоннисортарин адибони замони худ аст.
Ба ин маънӣ, Мирзо Турсунзода на танҳо классики адабиёти шуравии тоҷик, балки яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти сермиллати ин султа ҳам маҳсуб меёфт.
Устод Мирзо Турсунзода ба кори эҷодӣ ва адабӣ хеле барвақт шуруъ карда, нахустин маҷмуаи хешро ҳанӯз дар 21-солагӣ нашр намуд, ки он «Байрақи зафар» ном дошта, аз очерку ҳикоя ва шеърҳои гуногунмавзуъ таркиб ёфта буд. Дар он, албатта, инъикоси Инқилоби Октябри соли 1917, заҳмату кӯшишҳои мардуми тоҷик барои аз неъматҳои ҳаёти нав баҳравар гардидан, мубориза бар зидди душманони Шуравӣ ва ғайра ба чашм мерасанд.
Омӯзиши эҷодиёти адибони шинохтаи рус, осори абадзиндаи классикони адабиёти тоҷику форс ба устод имкон дод, ки дар инкишофи анъанаҳои миллӣ ҳисса гузорад. Яке аз роҳҳои дигари ба даст омадани малака ва маҳорат барои шоир омӯхтан ва азбар кардани фолклор ва адабиёти қадимӣ буд.
Шоир аз жанрҳои адабии суруд, тарона, достон, мухаммас, рубоӣ, манзума, либретто ва ғайра истифода бурда, барои рушди эҷодиёти хеш замина гузошт. «Офтоби мамлакат», «Ба эҷодкорам», «Мамлакати тилоӣ», «Оҳанрабо», «Хазон ва баҳор» аз ҷумлаи маҳсули эҷодии щоиранд, ки сайқал ёфтани маҳорати баланди эҷодии ӯро муаррифӣ менамоянд.
Бояд иқрор шуд, ки яке аз саҳифаҳои дурахшони адабиёти тоҷик ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Давраи инкишофи эҷодиёти шоир низ ба ҳамин замон рост омад. Аксари адибону санъаткорон хизмат ба Ватанро қарзи асосии хеш ҳисобида, тамоми маҳорату малакаи худро ба он равона намуданд. Руҳияи ҷанговарона ва шиддати публитсистии ашъори шоир боз ҳам пурқувват гардид.
Тавассути ашъори давраи ҷангиаш ӯ муҳаббати халқро боз ҳам дар дили онҳо қавӣ гардонда, ғалабаи адолатро бар ҷаҳолат ногузир мешуморид.
Дар ашъори шоир, бахусус, дар сурудҳои ӯ вожаҳои «виҷдон», «номус», «шараф», «интиқом, «бахт», «озодӣ», ҳаёт», «марг», «Ватан», «Модар» ба тарзи махсусу ҳаяҷоновар садо дода, хонандаро ба ғалаба бовар мекунонад.
Шоир бо ин восита вазифаи дар назди адибу адабиёт гузошташударо низ бо сарбаландӣ иҷро намуд. Вай саркардаи душман - Гитлерро ба бадтарин ҳайвон - хук ташбеҳ дода, собит менамояд, ки қадами нопокашро ба марзи Ватан роҳ намедиҳад.
Бо тамоми ҳастӣ ва матонат, ки хоси шоири ватандӯст аст, ба Ватани хеш муроҷиат мекунад:
Сар ба полезат дарорад хук агар, сар мезанам.
Аз ин ҷост, ки мавқеи шаҳрвандии ӯ боз ҳам аёнтар гардида, бо ин роҳ дили хонандаи закиро барои эҳтиёт намудани ҳар пора хоки Меҳан ҳидоят менамояд.
Ба ҳамин минвол, асарҳои нисбатан калонҳаҷми М. Турсунзода -«Ҳамшаҳриҳо», «Хайр, модари азиз!», «Ба ҷанг», «Сарчашмаи мардонагӣ», «Офарин!», «Фарзанди ту меояд», достони «Писари Ватан» ва монанди инҳо бо боигариҳои тасвир, ҳиссиёти баланди ватандӯстона, образнокии сухан ва ғайра дар назми адабиёти солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ҳамчун ҳодисаи неки адабӣ садо дода, ба инъикос ва инкишофи корнамоиҳои ҷанг ва меҳнатии халқи тоҷик мусоидат намудааст.
Дар назми давраи баъдиҷангӣ устод Мирзо Турсунзода бо достони дигари хеш - «Қиссаи Ҳиндустон» машҳур гардид.
Ин достон аз ду силсила иборат буда, пас аз ду сафараш ба Ҳиндустон (солҳои 1947, 1949) эҷод шудааст. Бо ба майдон омадани ин асар адабиёти замони Шуравии тоҷик, бахусус, назми он ба арсаи байналхалқӣ баромад ва баъдтар, аз тариқи тарҷумаи он номи шоир маълум ва писанди хонандагони ҷаҳон гардид.
Шоир кӯшидааст, ки дар симо ва амалиёту рафтори қаҳрамони лирикӣ (худи шоир)-и асар ҳар як навигарии дар зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури халқи ҳинду пайдошударо равшан нишон диҳад. Ҳамин ҷиҳатҳо боис гардидаанд, ки «Қиссаи Ҳиндустон» дар маърифат ва ҳиссу идрок намудани ҳаёти воқеӣ ҳамчун кашфиёти нодири бадеӣ диққати хонандаро ҷалб намояд.
Мирзо Турсунзода ҳамчун як нафар шоири тоҷик ба тақдири халқи ситамкаши ҳинду бетафовут нест. Ӯ ҳамдард будани хешро ба мардуми азиятдида баён намуда, ҷабру зулмро нисбат ба онҳо маҳкум менамояд. Бахусус, ҳамин масъала дар «Бозгашт» ном шеъри ҳамин силсила хеле дарднок тасвир ёфтааст:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,
Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре.

Ҷойи дигар аз хусуси зебоиҳои кишвари Ҳиндустон ёд карда, афсӯс мехӯрад, ки ин ҳама бо машаққати мардум, бо заҳмати ҷоннисоронаи онҳо бунёд шуда бошанд ҳам, вале роҳати онро мустамликадорон мебинанд:
Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.

Мавзуи ватандӯстӣ ва муносибати байниҳамдигарии халқҳо аз хусусиятҳои умдаи эҷодиёти шоир аст. Метавон гуфт, ки ин мавзуъ барои шоир аз мавзуоти пурмасъулият ва ҳатто ифтихорист.
Агар ба ҳама гуна асарҳои шоир, бахусус, достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод», «Аз Ганг то Кремл», «Ҷони ширин» ва ғайра таваҷҷуҳ намоем, нисбат ба мавзуъ назар ва муносибати ҷиддӣ доштани муаллиф пайдо мегардад.
Як хусусияти асарҳои Мирзо Турсунзода дар он аст, ки онҳо хеле сода ва дар айни замон хеле самимӣ офарида шуда, зуд ба дили хонанда ҷой мегиранд.
Аз ин лиҳоз, асарҳои устод санъати саҳли мумтанеъро ба хотир меоранд, ки достонҳои «Ҷони ширин» ва «Садои Осиё» аз ҳамин гуна маҳсули эҷоди шоир мебошанд.
Дар баробари ин, бо боигарии санъатҳои сухан, ибораороӣ, тарзи баёни ба ҳама фаҳмои фасеҳу вазндор ва ширину хотирмон саҳифаҳои адабиёти тоҷикро рангин сохтаанд.
Ҷанбаи лирикии ашъори шоир ҳам басо тобнок буда, кас пас аз хондани шеърҳои ӯ ба ваҷд омада, зебоиҳои диёрро пеши назар меорад, худро дар оламе мебинад, ки пур аз ишқу вафо, рафоқат, мардонагӣ ва одамгарию меҳрубонист.
Ашъори шоир хонандаро ба фидокорӣ, дӯстӣ, одамдӯстӣ мебарад. Воқеан ҳам, ин қадар ишқу муҳаббат доштан ба Ватани хеш, тараннуми зебоиҳои диёр, муқоисаи он бо шаҳрвандони мулки азиятдида худи шоирро байни халқаш руҳбаланд мегардонад. Тавре ки худи шоир фармудааст:
Шоиронро ишқ ҳотам мекунад,
Сарбаланди рӯйи олам мекунад.
Мирзо Турсунзода дар инъикоси мавзуъҳои ҷудогона ва ҳиссиёту ғалаёнҳои серпаҳлуи ботинии одамонро, ки натиҷаи муносибатҳои мураккаби ҷамъиятию шахсии байниҳамдигарии онҳост, бо рангу бори дилписанд мунаққаш гардондан ҳамто надорад.
Масалан, дар тасвири дилбари танноз ба маҳорати суханпардозии шоир аҳаммият надода намешавад:
Даме, ки дилбарам монанди гул хандида меояд,
Умеди тоза дар дил, нури нав бар дида меояд.
Танашро дода бо пироҳани абрешимин оро,
Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.

Дарвоқеъ, духтарони дилбари тоҷик, ки ба ҳусну латофати диёри зебоманзарамон ҳусни дигаре зам мекунанд, аз нигоҳи шоири ошиқу бедордил ба гул шабоҳат доранд, ки дорои ҳама гуна зебоию хуррамианд.
Танҳо шоири зебопарасту дилбохтаи сухани ноб метавонад аз ин гуна воситаҳои тасвир, ба мисли ташбеҳ, истиора ва ғайра онро васф намояд.
Аз ашъори пурғановати шоир бармеояд, ки худи ӯ ҳамчун як нафар қаламкаш зебоиро бо чашми дил медид. Диле, ки ба қавле, дар он садои Осиёву Африқо ғунҷоиш ёфта буд. Бахусус, ашъори дилангези ӯ дар ҳар давру замон мутантану дилнавози иҷтимоиаш ҳар гуна ҷангҷӯву саркашро саркӯб менамуд.
Имзои мардуми сулҳхоҳу сулҳпарвар дар ҳуҷҷатҳои давлатӣ чашми бадкинонро кӯр ва дасти дарозашонро кӯтоҳ месохт:
Сулҳ бо имзои моён мардумони фатҳёб,
Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро хароб.
Устоди назми оламгир, нахустин дорандаи унвони Шоири халқии Тоҷикистон (алҳол барандагони ин унвон бештар аз 40 нафар мебошанд), аввалину охирин Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ аз байни аҳли эҷод, Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад ва ба ҳама гуна ғамхорӣ арзанда буд ва дар ҳама ҳолат ҳамчун инсони хокии олӣ, ҳамчун эҷодкор, мисли як сиёсатмадор ва билохира, тимсоли ҳақиқии тоҷик дар вақташ қадрдонӣ ҳам ёфт.
Асарҳои дигари шоир ҳам бо забони халқҳои олам тарҷума ва нашр шудаанд. Болотар аз ҳама, ӯро халқ мешинохт ва эҳтиромашро низ ба ҷо меовард. Фикр мекунам, байти худи ӯ, пеш аз ҳама, ба худи устод Мирзо Турсунзода арзандаю зебанда аст:
Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Ҳотами ҲОМИД,
рӯзноманигор


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: