
Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз ҷумлаи дигар созмонҳои бонуфузе маҳсуб меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил аст ва бо дигар кишварҳои узви ин сохтори ҳамгироӣ муносибатҳои муштараки худро роҳандозӣ менамояд.
Узвият ба ин созмони ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои аъзои он барои Тоҷикистон дар шароити муосири рушди муносибатҳои иқтисодӣ судманд арзёбӣ мешавад.
Стратегияи Созмони ҳамкории Шанхай дар минтақаи Осиёи Марказӣ комилан рӯшан аст. Ҳамаи ин вазифаҳо дар ҳуҷҷатҳои бевоситаи мамлакатҳои узви ин иттиҳод мавҷуд мебошанд. Тоҷикистон фаъолияти худро дар доираи ин созмон муваффақона ба роҳ монда, онро идома медиҳад.
Зикр кардан зарур аст, ки миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви СҲШ гардиши мол афзуншаванда аст. Ин рақамҳо аз 65,6% дар соли 2017 то 72,3% дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Айни замон таҷрибаи созмоне бо номи СҲШ барои аксари кишварҳои минтақаи Осиё муҳим арзёбӣ гардида, муносибатҳои байни давлатҳои узвро аз сатҳи дуҷониба ба ҳамкориҳои аз ин бештар, баландтар ва дар сатҳи серпаҳлӯ мубаддал мегардонад. Бояд қайд кард, ки ин муносибатҳо дар оѓози асри 21 аз сатҳи ҳамкориҳои дутарафа ба як сохтори мустаҳакаму панҷгона табдил ёфт. Ин сохтори ҳамкориҳои иқтисодӣ дар навбати худ ба як иттиҳоди мукаммали амниятӣ дар минтақаи Осиёи Миёна мубаддал гардид.
Дар доираи ин созмон муносибатҳои ҳасана миёни кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Покистон ва давлатҳои дигар роҳандозӣ мегардад ва ҳадафҳои худро бе таъсири манфӣ ба ҳамдигар ва дар ҳамҷоягӣ ҳал намудани масоили баҳсталаб амалӣ мегардонанд. Дар ин муомилот ва ҳамкориҳо, албатта, тамоми кишварҳои узви ин созмон иштирок менамоянд, ки натиҷаҳои чунин муносибатҳоро дар гардиши молии байни аъзои он дидан мумкин аст.
Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, кишварҳои асосии воридкунандагони молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар сатҳи Созмони ҳамкории Шанхай Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбекистон ба ҳисоб мераванд ва нишондиҳандаҳои омории онҳо нисбат ба дигар узви ин созмон фарқкунанда буда, зиёда аз 90%-и ҳаҷми воридотро дар дохили ҳамин созмони ҳамгироӣ ташкил мекунанд.
Агар ҳаҷми умумии гардиши молии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар соли 2017 дар маҷмуъ, 3 972,9 миллион долларро ташкил диҳад, аз он 2 606,7 миллион доллар ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд, ки зиёда аз 65,6%-и ҳаҷми умумиро ташкил кардааст. Дар соли 2022 бошад, аз ҳаҷми умумии гардиши молии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7309,5 миллион долларро ташкил додааст, ба кишварҳои узви ин созмон 5288,7 миллион доллар (72,3%) рост меояд. Дар соли 2023 нишондиҳандаҳои омории гардиши молии кишвар бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 5360,2 миллион долларро ташкил додааст. Кишварҳое ба монанди Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбекистон аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ҳайати Созмони ҳамкории Шанхай боқӣ мемонанд.
Созмони ҳамкории Шанхай намунае аз созмони иқтисодии минтақавӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф мебошад. Иштироки Тоҷикистон дар ин созмон бевосита дараҷаи ҳамгироии онро ба иқтисоди ҷаҳонӣ муайян мекунад ва дар ниҳоят, ба рушди устувори иқтисодӣ таъсир мерасонад. Аъзои ин созмони байналмилалӣ тадриҷан аз ҳалли мушкилоти марзӣ ба баррасии муштараки доираи васеи масоили амниятӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ гузаштаанд. Айни замон Созмони ҳамкории Шанхай вазифаи асосии худро ҳамчун воситаи муассири ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ иҷро мекунад.
Созмони ҳамкории Шанхай иттиҳодияи ҳамгироии навъи нав аст. Яке аз муҳиммияти фаъолияти он ин аъзогии давлати қудратманде бо номи Чин аст, ки тавонистааст таваҷҷуҳи дигар кишварҳои Осиё ва ҷаҳонро ба худ ва ин созмон ҷалб намояд. Инчунин, ба дигар кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар минтақа, барои рушди ҳамгироии иқтисодӣ дар сатҳи ин созмон заминаҳои мусоид фароҳам омад.
Барои Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай барои таҳкими нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Бартарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо дар он аст, ки ҳам он ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муддати тӯлонӣ узви низоми ягонаи иқтисодӣ буданд ва ҳоло иқтисоди онҳо бештар ҳамдигарро мукаммал менамояд.
Кишварҳои узви ин созмон имкон доранд, ки таваҷҷуҳи худро дар кори худ ба бахши тиҷорату иқтисод равона намоянд. Ин маънои онро дорад, ки кишварҳои ширкаткунанда ба сатҳи муайяни ҳамкории сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва гузаштан ба фаъолияти бештар дар соҳаи ҳамкориҳо дар иқтисодиёт ва тиҷорат расидаанд.
Рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ вазифаи аввалиндараҷаи созмон номида мешавад. Маҳз фаъолсозии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бояд вазифаи асосии стратегии даҳсолаи ояндаи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай гардад.
Ҳамкории кишварҳо дар доираи созмон пайваста густариш меёбад. Ҳиндустон ва Покистон дар соли 2017 ба ҳайси узви доимӣ ҳамроҳ шуданд. Бо пайвастани Эрон ва Беларус аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба “Даҳнафараи Шанхай” табдил ёфтааст.
Соли 2021 Тоҷикистон раёсати Созмони ҳамкории Шанхайро бар уҳда дошт. Дар доираи ин нишаст ва раёсат дар сатҳи Созмони ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳакам намудан ва тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, молия, тиҷорат ва амнияти озуқаворӣ ва ҳамчунин, дар бахши тиҷорати хурду миёна таваҷҷуҳ зоҳир кард. Дар ин замина, дар Душанбе нишастҳои вазирони саноат, энергетика ва кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
Кор оид ба беҳтар намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои таѓйирёбии иқлим дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай муҳим боқӣ мемонад.
Дар ин ҳамоиш якчанд масъалаҳои муҳимми вобаста ба амният ва бехатарии минтақа, амалиёт ва фаъолияти дастаҷамъонаи зиддитеррористӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо давлатҳои нозир, қабул гардидани аъзои нав ба ҳайати созмон ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамин тариқ, дар нишасти Душанбе Президенти Федератсияи Русия пешниҳод кард, ки дар баробари баргузории нишастҳо чорабиниҳо дар сатҳи олӣ ё баланд дар формати Созмони ҳамкории Шанхай+ бо ҷалби кишварҳои нозир ва шарикони муколама баргузор шаванд. Дар Эъломияи 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе қабул шуд, ҳамчунин нақшаи роҳандозии механизмҳои нав ба мисли Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ, Маркази универсалии мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СҲШ, Маркази амнияти иттилоотӣ ва Маркази СҲШ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи байналмилалӣ эълом шуд.
Ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли 2022 дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо дар самти сохтмони мактабҳои русӣ дар манотиқи Осиё, бунёди роҳҳои оҳан ва пайвастшавӣ бо дигар минтақаҳо ва кишварҳои узви ин созмон, гузаронидани лӯлаҳои гази русӣ, сармоягузориҳои муштарак ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва амнияти минтақа ва ба узвият пазируфтани кишвари Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон 4-уми июли соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Роҳбарони давлатҳои аъзои созмон оид ба вазифаҳои аввалиндараҷа вобаста ба такмили минбаъдаи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади таҳким ва амиқсозии ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар шароити нав табодули назар карда, масъалаҳои рӯзмарраи байналмилаливу минтақавӣ ва вазъиятро дар минтақаи созмон муҳокима карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш нақш ва аҳаммияти Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳайси созмони байниминтақавии сернуфуз, дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ ва паҳнои калони ҷуѓрофӣ хотирнишон сохтанд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки созмон бояд мақоми худро ҳамчун иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ тақвият диҳад ва ба ҷаҳони таѓйирёбанда дар маҷрои тамоюлҳои кунунии рушди умумиҷаҳонӣ мутобиқ гардонад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои аъзо барои дастгирии ташаббуси кишвари мо оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе ба ҳайси ҷузъи таркибии созмони такмилёфта изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти пурмаҳсули ин сохтор шароити заруриро муҳайё месозад.
Бояд гуфт, ки дар суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон масъалаҳои амниятӣ мақоми махсусро ишѓол намуданд. Пешвои миллат бехатариро асоси татбиқи ҳамаи ташаббусҳои созанда номида, таваҷҷуҳро ба зарурати идомаи тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ ҷалб карданд.
Ҳолат ва вазъияти муосири иқтисодиёти Тоҷикистон, робитаҳои иқтисодии хориҷии кишвар ва мавқеи ҷойгиршавии он имкон фароҳам меорад, ки муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону иттиҳодияҳо мустаҳкам ва афзун карда шаванд.
Бояд қайд кард, ки васеъ гардидани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви сохторҳои ҳамгироӣ бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ва имконияту шароитҳои мавҷуда дар солҳои охир самаранок арзёбӣ мегардад. Албатта, дар баробари имкониятҳо, як қатор бартариҳое ҷой доранд, ки барои Тоҷикистон дар ҳамгироӣ бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои ҳамгироӣ зуҳур меёбанд:
- аз ҷиҳати захираҳои маъданӣ ва барқи обӣ дар иқтисоди ҷаҳон ишѓол намудани мавқеи муайян ва муҳим;
- аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иқтисодӣ мавҷуд будани вазъи муътадил;
- рушди иқтисоди муътадил;
- дар мамлакат афзоиш ёфтани захираҳои асъорию тиллоӣ.
Гуфтан мумкин аст, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дурнамои васеъ доранд. Барои Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар ин созмони ҳамгироӣ муҳим ва умедбахш аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод бомуваффақият ҳамкорӣ кунад, зеро кишвар аз канданиҳои фоиданок, захираҳои об ва заминҳои ҳосилхез бой аст.
Масъалаи амният ва бехатарӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, бахусус табодули афкор оид ба ҳолати имрӯзаи Афғонистон ва таъсири он дар минтақа аз масъалаҳои мубрами Ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай хоҳад буд. Дар ин замина мақсадҳои сиёсати беруна ва ё хориҷии Тоҷикистон дар оянда бояд ба фароҳам овардани шароити берунаи мусоидаткунандаи рушд, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, манфиатҳо ва шаъну шарафи шаҳрвандон берун аз кишвар, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда шаванд. Ҳамзамон, сиёсати дохилӣ бояд ба коҳишдиҳии осебпазирии иқтисодиёти кишвар ба таҳдидҳои эҳтимолии беруна, ҷустуҷӯ ва таҳияи механизмҳои самаранок ва сарчашмаҳои дохилии рушди устувори иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, шуѓли пурмаҳсул, дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ равона гардад.
Сулаймон ЗИЁЕВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон