Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Созмони ҳамкории Шанхай Соли экология оғоз гардид

Дар Созмони ҳамкории Шанхай Соли экология оғоз гардид

17-01-2024, 14:21
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
Дар Созмони ҳамкории Шанхай Соли экология оғоз гардид

Дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Қазоқистон Соли экология оғоз гардид. Дар ин хусус намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров рӯзи душанбе хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа».

«Давлатҳои аъзо моҳи июли соли гузашта ташаббуси Қазоқистонро дар бораи Соли экология эълон намудани соли 2024 дар Созмони ҳамкории Шанхай якдилона дастгирӣ намуданд. Моҳи октябри соли 2023 нақшаи чорабиниҳои дахлдор аз ҷониби шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳия ва тасдиқ гардид», — гуфт Айбек Смадияров дар брифинг.

Дар маҷмуъ дар доираи лоиҳа аз ҷониби ташкилоти экологӣ баргузории тақрибан 20 чорабинии муштарак, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист, Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҷангал ба нақша гирифта шудааст.

«Мо чорабиниҳоеро, ки бо ташаббуси раёсати Қазоқистон мегузаранд, ҳамчун саҳми назарраси созмон дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ баррасӣ менамоем. Қазоқистон минбаъд низ ба андешидани тадбирҳои амалии Созмони Шанхай дар ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд», — хулоса намуд Айбек Смадияров.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: