Шанбе, 19 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Масъалаи ҷалби ширкатҳои эронӣ барои фаъолият дар нахустин IT-парки Душанбе баррасӣ шуд

Масъалаи ҷалби ширкатҳои эронӣ барои фаъолият дар нахустин IT-парки Душанбе баррасӣ шуд

11-04-2025, 16:47
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
Масъалаи ҷалби ширкатҳои эронӣ барои фаъолият дар нахустин IT-парки Душанбе баррасӣ шудМасъалаҳои марбут ба омӯзиш ва табодули таҷриба дар раванди фароҳамоварии фазои мусоид барои рушди инноватсия байни Тоҷикистон ва Эрон дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва Раиси созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фанноварии байналмилалӣ, Муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни назди Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Амир Ҳурмузинажод дар Душанбе баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо доир ба рушди ҳукумати электронӣ, татбиқи хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, савдои электронӣ, имзои электронӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҷалби ширкатҳои эронӣ барои фаъолият дар «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» ибрози назар намуданд.

Бо пешниҳоди роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ меҳмонон бо ҷараёни фаъолияти нахустин IT-парк дар Тоҷикистон, ки 7 апрел ифтитоҳ гардид, шинос шуданд.

Ҳар ду тараф зарурати истифодаи таҷрибаи ҳамдигарро дар самти бозомӯзии илмӣ-амалии ҷавонон муҳим шумориданд.

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории тарафайн вобаста ба муқаррароти Ёддошти тафоҳум байни Муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории илмӣ ва фанноварӣ, ки дар доираи сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Эрон 7-8 январи соли 2024 имзо шуда буд, ба мувофиқа расиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: