Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ ба имзо расид

Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ ба имзо расид

17-01-2025, 12:42
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ ба имзо расидМақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории гумрукиро таҳким мебахшанд. Далели ин Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, ки дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши кадрҳоро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдулносир Ҳимматӣ имзо гузоштанд. Ин санади ҳамкорӣ барои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда, дар таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории судманди ҷонибҳо нақши муҳим мебозад.

Маросими баимзорасонии санадҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо иқдоми расмӣ, балки бозгӯи эҳтиром ва дӯстии амиқи ду миллати бародар буда, қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон маҳсуб мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: