Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ

ҲАЁТИ ҲИЗБ

13-10-2024, 14:12
Хабарро хонданд: 780 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЁТИ ҲИЗБИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб бинои маъмурии навбунёди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мурғоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои мазкур бо ташаббуси аъзои ҳизб аз ҷониби пудратчии сохтмон - ҶДММ “Интергрупп” бунёд гардида, дар он тамоми шароитҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд. Ин омил имконият медиҳад, ки ҳадафҳои барномавии ҳизб зери шиори “Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” амалан татбиқи худро пайдо намояд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ барои ҳар як корманди ҳизб барои татбиқи ҳадафҳои созанда имкони фаъолияти мусоиди корӣ фароҳам меоварад, ки натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Масоҳати умумии иншоот 355,2 метри мураббаъро ташкил дода, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб имконияти васеъ пайдо мекунанд, ки дар чунин шароити муосир барои амалисозии ғояҳои созанда корҳои назаррасро ба сомон расонанд.
Сохтмони бинои мазкур аз моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо истифодаи маҳсулоти хушсифати ватанӣ бо тарҳу услуби муосир ба анҷом расонида шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 сокини ноҳия ба кор ҷалб карда шуданд.
Бинои сохтмон аз 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ва ошёнаи дуюм 7 ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи сеюм маҷлисгоҳ барои 50 нафар, меҳмонхона ва дигар ҳуҷраҳои таъиноти гуногун ҷойгир карда шудаанд. Иншоот бо камераи мушоҳидавӣ ва системаи ягонаи интернетӣ ва атрофи он ба чароғҳои равшаникунанда пайваст мебошад. Бо бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ дар маркази ноҳияи Мурғоб дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандони ҳизбӣ, ҳамзамон ба ҳусни зоҳирии ноҳия низ зебои ва ҷилои тоза зам гардид.


КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ - АСОСИ ҲИЗБ
ВАХШ
Конференсияи XVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, муовини раиси ноҳияи Вахш Муҳаммадӣ Шарифзода ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш баргузор шуд.
Дар ибтидо ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия дидан намуданд.
Конференсияи XVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Ватанзода оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод.
Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. “Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати сартосарист, ки мо, ҳизбиён дар чорабиниҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳарф мезанем”,-афзуд дар идома суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Баъдан, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Сироҷиддин Мирзоев, вакил аз Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Худойдод Ёров, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ”, собиқадори ҳизб Зебонисо Нодирова ба музокира баромада, фаъолияти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Муовини раиси ноҳияи Вахш Муҳаммадӣ Шарифзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки имрӯзҳо ғояҳои созандаи ҳизб дар ноҳияи Вахш нақши калидӣ дошта, дар тамоми чорабиниҳо ва ташаббусҳои хайрхоҳона аъзои ҳизб пешсаф мебошанд.
Гуфта шуд, ки бо сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои фаъоли ҳизб Тоҷикистони азизи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам мегузорад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ифтихор аст ва ин рисолат аз мо, аъзои ҳизб масъулияти баландро талаб мекунад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода Зимни зимни андешаронӣ баён дошт, ки зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ва таъмини онҳо бо шиору овезаҳои ҳизбӣ, иҷрои нақшаи обуна барои соли 2025 ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, роҳандозии суҳбату вохӯриҳо тариқи усули “хона ба хона” аз ҳизбиёни ноҳия масъулияти баландро тақозо мекунад.
Ҳамзамон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ дар суханронии хеш доир ба ташаббусҳои ҳизбӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аз санаи таъсис то ба имрӯз мавқеи ҳизб бо роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам гардида, то ба имрӯз дар таҳкими идеологияи мамлакат саҳми арзанда дорад. Ҳамчунин, муовини Раиси ҲХДТ илова намуд, ки дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ва вазъи пуртазоди ҷаҳони муосир ҷавонони тоҷик бояд ҳушманд бошанд, арзишҳои миллии худро шиносанд ва ба он арҷ гузоранд. Инчунин, аз таърихи худ огоҳ бошанду созандаи ояндаи дурахшон бошанд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш интихоб гардиданд.
Тибқи масъалаи чорум аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш низ аз нав интихоб шуданд.
Дар иртибот ба масъалаи панҷуми рӯзномаи Конференсия вакилон ба Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Бояд зикр кард, ки баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи Конференсия маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба кори худ оғоз кард.
Рӯзномаи маҷлис масъалаҳои интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахшро фарогир буд.
Аз рӯйи масъалаи якум аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш интихоб гардид.
Дар интиҳо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Ватанзода пешбарӣ гардид.
Ҳамзамон, дар фарҷом якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд.

ВОСЕЪ
Дар кори Конференсияи XXI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ ва дигар аъзои ҳизб иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи таҳририя, комиссияи ваколатдор, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори Конференсия оғоз карданд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия - “Дар бораи ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ” раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Ҳафиза Сафар гузориш дод.
Зикр шуд, ки аз моҳи июни соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ фаъолиятро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Гуфта шуд, ки роҳбарияти Кумитаи ноҳиявии ҳизб пайваста талош мекунад, ки сокинонро ба корҳои ободонии диёри хеш сафарбар намояд. Айни замон корҳои ободонию созандагӣ дар аксарияти деҳа ва кӯчаҳои ноҳия бомаром идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб ва теъдоди ташкилотҳои ҳизбӣ зиёд гардид.
Зимни суханронӣ иброз гардид, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон собит менамояд, ки он ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ соҳиби обрӯю эътибори бузург дар мамлакат ва дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ баҳри амалӣ намудани ормонҳои миллӣ мебошад. Татбиқи нақшаву стратегияҳои минбаъда дар марҳилаи нави рушди мамлакат аз ҳар узви ҳизб масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносиро тақозо менамояд.
Зимни музокира вакилони Конференсия, аз ҷумла собиқадорони ҳизб ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъро қаноатбахш арзёбӣ карда, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ аз ҷониби иштирокчиёни Конференсия пешниҳодҳо ироа гардиданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода низ ҳангоми андешаронӣ доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвиятро тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.
Ҳамин тавр, масъалаҳои дигари рӯзнома бо тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ба як қатор фаъолони ҳизб ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб байни ҷомеа ва ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Конференсияи XVI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.
Дар кори Конференсия раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Комил Мирзозода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррухҷон Зоҳидов, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ноҳия, аъзои фаъоли ҳизб, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва собиқадорони ҳизб иштирок карданд.
Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Имоммаҳмад Наврӯззода ифтитоҳ карда, пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот ва комиссияҳои корӣ рӯзномаи ҷаласаро ба иштирокчиён манзур намуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Имоммаҳмад Наврӯззода дар тӯли дуюним сол шунида шуд. Таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолияти худро дар асоси Оинномаи ҳизб ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба роҳ монда, пайваста барои пеш бурдани корҳои дохилиҳизбӣ чораҳои мушаххас меандешанд.
Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ дар баробари корҳои дохилиҳизбӣ дар баргузории як қатор чорабиниҳоии аҳаммияти сиёсидошта, озмуну мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар байни наврасону ҷавонон, ташкили озмунҳои зеҳнӣ дар байни наврасон ва қишрҳои осебпазири ҷомеа, дастгирии ниёзмандону ятимон дар маросими иду ҷашнҳо, ҳашарҳои дастаҷамъона бо ҷалби аъзои ҳизб дар ҳудуди ҷамоату деҳот ва ноҳия саҳми назаррас дорад.
Тибқи банди 2-юми рӯзномаи Конференсия дар бораи ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитӣаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ раиси комиссия, сардори Раёсати молияи ноҳия Ғафур Сабуров суханронӣ кард.
Баъдан, Сафар Салимов аз ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён", Дилшодбек Муродов аз ташкилоти ибтидои "Амонатбонк", Низомат Шарифова аз ташкилоти ибтидоии "Мадрушкат" ба музокира баромада, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Имоммаҳмад Наврӯззодаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти Кумитаи иҷроия баъзе таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд.
Гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамкории пайваста бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҳизб саҳми арзанда гузоштааст.
Сипас, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроиия ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррухҷон Зоҳидов дар хусуси пешрафту фаъолияти назарраси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб андешаҳояшро баён намуда, оид ба рафъи баъзе камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод.
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода зимни суханронӣ оид ба саҳми назарраси ҳизбиён дар пешрафту ободонии ноҳия ва нақши ҲХДТ ҳамчун ҳизби ормонҳои миллӣ, ки роҳбарии онро Пешвои миллат ба уҳда доранд, ибрози андеша кард.
Дар анҷоми кори Конференсия дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон ба 8 нафар аъзои навинтихобгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

ГУЛИСТОН
Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар толори Кохи “Истиқлол”-и шаҳр бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Бахтиёр Маҷидӣ доир шуд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, баъдан, ҳайати раёсати кори Конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририя барои тасдиқ пешниҳод ва аз ҷониби вакилон қабул гардид.
Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва интихоби вакилон ба Конференсияи XVI ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Пас аз шунидани ҳисобот вакилони Конференсия - Тӯра Атамов - раиси ташкилоти ибтидоии “Неругоҳи Қайроққум” Абдумуталиб Абдуллоев - раиси ташкилоти ибтидоии ҶСК ”Қолинҳои Қайроққум”, Дилрабо Каримова - раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” ва Сарҳад Баротзода - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҲХДТ ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистонро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода дар ҷараёни суханронӣ зикр намуд: “Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Маҳз аз баракати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ мо, ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳо оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ҳарф мезанем. Дарвоқеъ, танҳо чунин шароити созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи ҲХДТ маҳсуб меёбад, ба мо, аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем”,-афзуд дар идомаи суханронӣ Даврон Зоҳидзода.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни суханронӣ гуфт: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа буда, дар тӯли 30 соли фаъолият баҳри рушди давлат ва мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми боризе гузоштааст. Мақсаду маром, ҷавҳари аслии фаъолияти ҳизби мазкур аз хизмат кардан ба нафъи халқу Ватан иборат мебошад ва ба ин маънӣ ҲХДТ воқеан ва табиатан ҳам ҳизби мардумӣ, демократӣ аст ва ғояҳои он маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва тамаддунсози мо мебошад”.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар суханронии хеш фаъолияти ҳизбро дар шаҳри Гулистон қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як неруи пурқуввати сиёсӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид кард ва ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.
Дар идомаи кори Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иборат аз 25 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотӣ иборат аз 5 нафар ва вакилон ба Конференсияи вилоятӣ иборат аз 17 нафар интихоб шуданд.
Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзномаи Конференсия - интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода изҳор дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи боби 4.19 Оинномаи ҲХДТ ва банди 19-и Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” Муслимахон Ҷамолиён аз нав ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон пешниҳод шуд. Сипас, бо овоздиҳии вакилон Муслимахон Ҷамолиён аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон интихоб гардид.
Дар анҷоми Конференсия фаъолони ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон қадршиносӣ гардида, ба 15 нафар аъзои тозаинтихоби ҳизб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуданд.






















ШАҲРИТУС
Конференсияи XVI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, раиси ноҳияи Шаҳритус Тағой Абдуллозода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус, вакилони Конференсияи XVI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор шуд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи таҳририя, комиссияи ваколатдор, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори Конференсия ҳусни оғоз бахшиданд.
Баъд аз тасдиқи рӯзномаи Конференсия доир ба масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Ҳомидҷон Шарофзода оид ба фаъолияти ташкилотҳо ва сохторҳои ҳизбӣ дар тӯли дуюним сол ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки аз моҳи июни соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Гуфта шуд, ки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ пайваста талош менамояд, ки сокинонро ба корҳои ободонии диёри хеш сафарбар намоянд.
Зимни музокираронӣ вакилони Конференсия, аз ҷумла собиқадорони ҳизб ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритусро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Ҳамин тавр, масъалаҳои рӯзнома бо тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус - раиси ноҳияи Шаҳритус Тағой Абдуллозода ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода андешаронӣ карда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, ба як қатор фаъолони ҳизб ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ дар байни ҷомеа ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.
ПАНҶ
Конференсияи XVIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, вакилон, аъзо ва собиқадорони ҳизб доир гардид.
Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Каримҷон Файзизода ифтитоҳ намуда, ҳайати раёсати кории он, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод кард, ки он аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид. Дар кори конференсия 6 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сараввал, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Каримҷон Файзизода дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳисобот дод. Дар суханронии мавсуф зикр гардид, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар асоси ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, қарорҳои анҷуманҳои XIII ва XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҷалби васеи аҳолӣ корҳои бунёдкориву созандагиро ба роҳ мондааст.
Сипас, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Парвина Гулова, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Диловар Холов ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Дилноза Шоҳиён ба музокира баромада, фаъолияти раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ҷумъа Исоев оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Сипас, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки ҲХДТ ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд.
Музокирачиён дар суханронии хеш оид ба татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон, ҳадафҳои бунёдкоронаи ҳизб, зиёд намудани сафи ҳизбиён, корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сазовор гардидан ба боварию эътимоди мардум андешаронӣ карданд.
Ҳамзамон, аъзои Раёсат барои боз ҳам густариш бахшидани корҳои ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ якчанд дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд.
Масъалаҳои дигари рӯзномаи Конференсия аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфта, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар анҷоми кори Конференсия ба якчанд ҷавонони ватандӯст, ки ба сафи ҳизб пайвастанд, аз ҷониби аъзои раёсати корӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, фаъолону ташаббускорон баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ қадршиносӣ карда шуданд.


РАШТ
Дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт аз 26 августи соли 2024 конференсияи ХХ ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Пеш аз оғози конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандон ва дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Дар кори конференсия раиси ноҳияи Рашт, узви КИМ ҲХДТ Идизода Зарина, раиси Федератсияи иттифоқи касабаи Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим, директори Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ ширкат варзиданд.
Дар конференсия ҳамчунин аъзои Раёсати кумитаи иҷроия, раисони, ташкилотҳои ибтидои, собиқадорони ҳизб, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан", вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Саидзода Мубориз конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва вакилони конференсияро хайрамақдам гуфта, бо садо додани Суруди миллӣ кори конференсия оғоз гардид.
Дар кори конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ.
2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ.
3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт.
4. Интихоби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт.
5.Интихоби аъзои комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт.
6. Интихоби вакилон ба Анҷумани 15 - уми ҲХДТ.
7. масъалаҳои ҷорӣ.
Тибқи талабот ҳисоботи комиссияи мандатӣ шунида шуда, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Саидзода Мубориз баромад намуда, иброз доштанд, ки конференсияи 20 - уми ҳисоботӣ - интихоботии кумитаи иҷроия дар арафаи таҷлили 30 - юмин солгарди қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ багузор мегардад.
Инчунин, роҳбарияти кумита пайваста талош менамоянд, ки сокинонро ба корҳои ободонии диёри хеш сафарбар намоянд. Айни замон корҳои ободонию созандагӣ дар аксарияти деҳа ва кӯчаҳои ноҳия бо маром идома дорад. Маълум гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб ва теъдоди ташкилотҳо зиёд гардида истодааст.
Зимни баромад иброз гардид, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон собит менамояд, ки он ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ соҳиби обрӯю эътибори бузург дар мамлакат ва дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ баҳри амалӣ намудани ормонҳои миллӣ мебошад. Татбиқи нақшаву стратегияҳои минбаъда дар марҳилаи нави рушди мамлакат аз ҳар узви ҳизб масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ тақозо менамояд.
Ба таъкиди Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар аъзои ҳизб бояд моҳият ва аҳамияти Истиқлоли давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ба таври воқеӣ дарк намояд ва баҳри ҳифзу таъмини он аз тамоми зарфият истифода барад.
Зимни музокира, вакилони конференсия аз ҷумла собиқадорони ҳизб ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Раштро қаноатбахш ҳисобиданд. Барои дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии ҲХДТ пешниҳод намуданд.
Иштирокчиён низ доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки асоси ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвиятро тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.
Ҳамин тавр масъалаҳои дигари рӯзнома бо тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин ба як қатор фаъолони ҳизб ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар ва саҳмгузорӣ дар таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни ҷомеа, ба ифтихори 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва ҳамзамон ба 10 нафар ҷавонон шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

МУСОБИҚАИ КУШОДИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ҶУДО ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!"
Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии "Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш" бо ташаббус ва сарпарастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба ҷудо баргузор гардид, ки дар он аз рӯи 15 вазн зиёда аз 100 нафар варзишгарони наврас аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат карданд. Мусобиқаи мазкур аз ҷумлаи силсилачорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи 30 - солагии ҲХДТ мебошад.
Бо садо додани Суруди миллӣ қисмати расмии мусобиқа ифтитоҳ гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода дар оғози чорабинӣ ба Рӯзи забони давлатӣ мутобиқ омадани чунин мусобиқаи пуршукӯҳро рамзи муҳаббату садоқати сокинони ноҳия, махсусан варзишгарон ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, таъкид кард, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат кулли навъҳои варзиш, аз ҷумла ҷудо рушд намуда, ҷавонони мо дар мусобиқоти гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ, вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Аъзам Ализода низ аз самимияту дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат нисбат ба варзишу варзишгарон ёдоварӣ намуда, варзишгарони наврасро ба дӯст доштани Ватан, садоқату ҷасорати ҷавонмардӣ ва баланд бардоштани парчами давлатӣ даъват кард. Таъкид гардид, ки чунин иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ барои рушди варзиш, таблиғи ҷудо, муаррифӣ ва тарбияи варзишгарони наврас ниҳоят муҳим мебошад.
Дар идома ба як гурӯҳ устодони варзиш ва шогирдони онҳо, ки дастовардҳои шоиста доранд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ тақдим карда шуд.
Сипас паҳлавонони наврас аз рӯи вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки хеле шавқовар ва ҳаяҷонангез буд. Зеро ҳар яки онҳо бо боварии том ба ҳунари худ мехост, ки рақибашро мағлуб намуда, аз шаҳди ғолибият баҳравар шавад.
Дар охири мусобиқа ба ғолибон медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ тақдим карда шуд.


БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Конференсияи XXXV ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ - “Минбари халқ” Суҳроб Рауфзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода баргузор гардид.
Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амир Анварзода ифтитоҳ намуда, ҳайати раёсати кории Конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод кард, ки он аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид.
Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи июли соли 2022 то моҳи октябри соли 2024, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва интихоби вакилон ба Конференсияи XVI ҳисоботӣ- интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амир Анварзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда дар назди ҳозирин гузориш дод.
Баъд аз шунидани ҳисобот вакилони Конференсия - раиси ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” Меҳрдод Қаҳҳорзода, раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Чинор” Дилором Ҷалолова ва вакил аз ташкилоти ибтидоии минтақаи Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов Муқаддас Шодибоева ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан - Модар, ҳимояи марзу буми кишвар, дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва меҳанпарастӣ ҳидоят намудани ҷавонон ва насли наврас ҳиссаи арзандаи хешро доранд.
Намояндани Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, сармуҳаррири нашрияи марказии ҲХДТ - “Минбари халқ” Суҳроб Рауфзода зимни суханронӣ пешниҳод намуд, ки аъзои ҳизб ва кормандони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявӣ бештар бо нашрияҳои ҳизбӣ ҳамкорӣ намуда, мунтазам мақолаҳоро доир ба мавзуъҳои мубрами рӯз дарҷ намоянд.
Инчунин, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода бобати саҳми аъзои ҳизб дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тарғиби сиёсати дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, саҳми ҳизбиёнро дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия назаррас арзёбӣ карданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни суханронӣ баён дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ аз таъсисёбии он 30 сол пур мешавад, ҳамчун ҳизби таҷассумгар ва ҳомии манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар давраи муборизаҳои сиёсӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, ғоявӣ ва маънавӣ ба арсаи сиёсат арзи ҳастӣ намуд. Яке аз омилҳои маҳбубияти ҲХДТ дар он аст, ки манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро дар мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода инчунин, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аҳли ҳизбиёни ноҳия баён карда, зикр дошт, ки бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам дар ноҳия ҷанбаҳои зиёдкунии аъзо хеле зиёд аст. Чун ба таркиби сифатии аъзои ҳизб таваҷҷуҳ мекунем, ҳанӯз аз ҳисоби соҳаҳои сохтмон, саноат, бонк, савдо, манзилию рифоҳӣ аъзоро зиёд кардан мумкин аст. Махсусан фаъолияти ҳизбӣ дар самти корхонаҳои хусусии хурду миёна беҳбудӣ мехоҳад. Зеро аксари аҳолӣ маҳз бо ин қишри ҷомеа бештар сару кор мегиранд. Агар мо аъзоро аз ҳисоби чунин нафарон, хосса ҷавонон зиёд намоем, ғояҳои ҳизб, дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, бандҳои оинномавию барномавии ҳизб ва фаъолияти вакилон бештар дар байни ҷомеа муаррифӣ мешаванд.
Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода дар суханронии хеш зикр намуд, ки воқеан ҳам, мо аъзо ва фаъолони ҳизбро, ки вазифаи асосии онҳо рушди маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, лозим аст, ки дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон бештар кор кунем ва таъсиррасониҳои пӯшидаву кушодаи гурӯҳҳои ифротиро ба мафкураи ҷавонон саривақт безарар гардонем. Ҷиҳати риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар байни мардум бештар корбарӣ намуда, дар ин замина барои таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошем.
Сипас, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Дар идомаи кори Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иборат аз 41 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотӣ иборат аз 5 нафар ва вакилон ба Конференсияи вилоятӣ иборат аз 60 нафар интихоб шуданд.
Мутобиқи боби 4,19 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва банди 19 - и Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” Амир Анварзода аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб гардид.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадршиносӣ гардида, якчанд нафар ҷавонон ба сафи ҲХДТ қабул гардиданд.


ЁВОН
Дар Конференсияи XXII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ иштирок доштанд.
Дар ибтидо ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои варзишгарон ва ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳияи Ёвон дидан намуданд.
Дар Конференсияи XXII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Мақсуд Амирзода оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод.
Вобаста ба масъалаи дуюм ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Дар идома вакил аз ташкилоти ибтидоии “Обшорон” Хайриниссо Шарифова, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Файзалии Бектош, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Дилафрӯз Бобоҷониён ба музокира баромада, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро қаноатбахш ҳисобиданд.
Дар идомаи кори Конференсия узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ карда, аз ҷумла иброз иброз дошт: “Ҳизбе, ки мову Шуморо ба ҳам овардааст, имрӯз дар ҷомеаи навини Тоҷикистон обрӯву нуфузи баланд дорад ва ҷаҳду талошҳои доимии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ободонии Тоҷикистони азиз мақсаду маромашон аст, ҳизби моро неруи нав мебахшад. Ҷойи пӯшида нест, ки сафи мо пайваста афзоиш меёбад”.
Ҳамзамон, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ дар кишвар нақш ва мавқеи хосса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, роҳнамоии шаҳрвандон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат пайваста талош меварзад. Зеро мақсаду мароми ҳизб бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг мебошад ва дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи халқ такя менамояд.
Дар идомаи кори Конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода аснои суханронӣ афзуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон интихоб гардиданд. Мувофиқи масъалаи чорум аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон низ аз нав интихоб гардиданд ва аз рӯйи масъалаи панҷум вакилон ба Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи Конференсия маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба кори худ оғоз кард. Маҷлиси мазкур аз масъалаҳои интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон иборат буд.
Аз рӯйи масъалаи якум аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон интихоб гардиданд. Вобаста ба масъалаи дуюм муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Мақсуд Амирзода пешбарӣ мегардад. Мавсуф аз нав ба ин вазифа интихоб гардид.
Дар охир чанд нафар аъзои фаъоли ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ қадрдонӣ гардиданд.








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: