Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АЗ АНҶУМАН ТО АНҶУМАН

АЗ АНҶУМАН ТО АНҶУМАН

26-09-2024, 15:10
Хабарро хонданд: 740 нафар
Назарҳо: 0
 АЗ АНҶУМАН ТО АНҶУМАН
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ
НУРОБОД
Конференсияи XII Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, собиқадорон ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Рӯзномаи Конференсия аз масъалаҳои ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, дар бораи ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва интихоби вакилон ба Конференсияи XII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат буд.
Дар кори Конференсия нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод Саломатшо Саъдуллоев оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ баҳри беҳтар шудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоӣ дар марҳилаи куллан нави таърихӣ, давраи созандагию бунёдкорӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.
Гуфта шуд, ки дар кори ташкилотҳои ибтидоии ноҳия дар баробари муваффақиятҳо камбудиву норасоиҳо, аз қабили сари вақт насупоридани ҳаққи узвият ва ба талабот ҷавобгӯ набудани фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ дар мавзеъҳо ҷой доранд.
Музокирачиён дар суханронии хеш фаъолияти раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тӯли 30 соли фаъолияти худ баҳри рушди давлат, устувории пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум воқеан ҳам, корҳои бузург ва назаррасеро анҷом додааст.
Таъсисёбии ҳизбро низ ба сифати дастоварди бузурги сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ метавон арзёбӣ кард, зеро ҲХДТ бо мақсади таҳкими давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзои худ такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Абдуҷаббор Азизӣ дар идомаи суханронӣ ҷиҳати беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва оммавию-сиёсӣ дар доираи талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, татбиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳои судманд дод.
Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифадор карда шуданд, ки ба мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ, таблиғоти ғояҳои созандаи ҳизби бунёдкор ва қабули сифатноки аъзо ба сафи он боз ҳам корро тақвият бахшанд.
Раиси ноҳияи Нуробод, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Додарҷон Ҷобирзода дар суханронии худ аз ҷумла иброз намуд, ки ҲХДТ дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии кишвар, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон мунтазам талош дорад.
Дар Конференсияи XII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

ШАҲРИНАВ
Конференсияи XXIV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ваҳдат" доир шуд.
Дар кори Конференсия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” Юсуф Акрамзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Фраксияи ҲХДТ Файзулло Баротзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода, вакилон, фаъолони ҳизб, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва собиқадорони ҲХДТ иштирок карданд.
Дар ибтидо аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав Зафарҷон Музаффаров дар бораи фаъолият дар давраи аз моҳи июли соли 2022 то моҳи августи соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дод. Мавсуф зимни пешниҳоди ҳисобот, аз ҷумла зикр дошт, ки Кумитаи ноҳиявии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар доираи талаботи Конститутсияи мамлакат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба роҳ монда, дар ин давра корҳои зиёд ва назаррасро ба сомон расонд.
Дар идомаи кори Конференсия аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома аъзои Комиссияи тафтишотии молиявӣ Муҳибулло Боронов дар бораи вазъи молиявии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз моҳи июли соли 2022 то моҳи августи соли 2024 ҳисобот дод.
Баъдан, вакилони Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро иборат аз 29 нафар ва ҳайати Комиссияи тафтишотӣ иборат аз 3 нафарро интихоб карда, масъалаҳои дигари рӯзномаро баррасӣ ва муҳокима намуданд ва аз рӯйи натиҷаҳои он қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Пас аз анҷоми кори Конференсия маҷлиси нахустини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав дар ҳайати нав доир гардид, ки дар он Зафарҷон Музаффаров аз нав раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб интихоб гардид.
Дар маҷлис зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хосса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азиз пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра дар ҳоли густариш пайдо кардан мебошад.
Дар анҷоми маҷлис ба гурӯҳи ҷавонони фаъол, ки ба тозагӣ ба сафи ҳизб пайвастанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав тақдим карда шуданд.

ДӮСТӢ
Дар кори Конференсияи XXII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мутахассиси Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуқаҳҳор Қосимов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода иштирок карданд.
Қабл аз оғози Конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дидан карданд.
Дар Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ тибқи меъёри намояндагии муайяншуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия 280 нафар вакил даъват гардида, 260 нафар иштирок кард.
Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳафиз Ҳамидзода оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод.
Гуфта шуд, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ин давра дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои анҷуманҳои XIII ва XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, нақшаҳои кории Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва пеш аз ҳама, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба роҳ монда шуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Сипас, вакилон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Раҷаббек Абдуллоев, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Зубайда Маҳмадназарова, вакили Конференсия, узви Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Рақиб Саломов ва дигарон ба музокира баромада, дар маҷмуъ, фаъолияти раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдулҳафиз Ҳамидзодаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар идомаи кори Конференсия раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода зимни суханронӣ афзуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Таъкид гардид, ки маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саротосарист, ки ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб –Тоҷикистон дилпурона ҳарф мезананд. Дарвоқеъ, танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба ҳизбиён имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузоранд ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гарданд.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ҳамбастагӣ механизмҳои кориро дар ин давраи ҳассоси дунё, гуногунрафтории сиёсати давлатҳо, низоъҳои сарҳадӣ, асри технологияҳои муосир ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, фаъолиятро дар самтҳои зарурӣ дуруст ба роҳ мондаанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода дар суханронии хеш бурду бохти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро ба таври муфассал таҳлил карда, фаъолияти раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд ва баҳри боз ҳам густариш бахшидани фаъолияти ҳизбиёни ноҳияи Дӯстӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон зикр карда шуд, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби аъзокунӣ ба сафи ҳизб ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ яке аз фаъолиятҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад.
Дар идомаи кори Конференсия вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода суханронӣ карда, таъкид дошт, ки ҲХДТ ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд ва барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем. Ҳуснигул Одиназода дар идома таъкид дошт, ки имрӯз ҳар як аъзои ҳизбро мебояд ба муқобили хоинони миллату давлат бо азму иродаи қавӣ ва донишу зиракии сиёсӣ истодагарӣ намояд.
Мутахассиси Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуқаҳҳор Қосимов дар ҷараёни суханронӣ оид ба дастовардҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия андешаҳои хешро баён дошта, аз ҷумла гуфт, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвиятро тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.
Зимнан, аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ интихоб гардид.
Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Абдулҳафиз Ҳамидзода ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ пешниҳод гардида, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб карда шуд.
Доир ба масъалаҳои панҷум ва шашуми рӯзномаи Конференсия аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва вакилон ба Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешбарӣ ва интихоб гардиданд.
Дар қисмати ниҳоии Конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.

БАЛҶУВОН
Дар Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони ҲХДТ Амиралӣ Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, раиси ноҳия Бахтиёр Сафарзода иштирок доштанд.
Дар ибтидо ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони ноҳия дидан карда, бо маҳсули дастони эъҷозофарини ҳунармандон аз наздик шинос шуданд.
Конференсияи XV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон аз 7 масъала иборат буда, мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи он раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Маърифат Зоирзода оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар тӯли дуввуним соли охир ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар миқёси ноҳия ба 72 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 3 адад зиёд мебошад. Дар ин муддат шумораи аъзои ҳизб дар ноҳия ба 2799 нафар расонида шуд, ки нисбат ба давраи ҳисоботӣ 309 нафар зиёд мебошад.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2022 то моҳи июли соли 2024 шунида шуд.
Сипас, дар идомаи Конференсия вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойторӣ” Исуф Мирзозода, вакил, узви Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Зикруллои Саъдулло, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Мир Саид” Моҳираи Алимаҳмад ва вакил аз ташкилоти ибтидоии “Балҷувон 2” Бегимоҳ Раҷабова ба музокира баромаданд.
Баъдан, раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода ба сухан баромада, афзуд, ки ҲХДТ ҳизби пешоҳанги ҷомеа буда, шиори он “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум мебошад”. -“Имрӯз мо, ҳизбиён талошҳои ҳамаҷонибаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати бунёди як давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ягона ва инчунин, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум баръало эҳсос карда, дар атрофи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муттаҳид шудаем”,-қайд намуд раиси ноҳия.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода зимни андешаронӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва таъмини онҳо бо шиору овезаҳои ҳизбӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сокинон барои фаъолият дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасонро махсус таъкид намуд.
Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони ҲХДТ Амиралӣ Ташрифзода низ дар ҷараёни суханронӣ нақши ҳизбро дар ташвиқу тарғиби ғояҳои миллӣ назаррас арзёбӣ карда, вакилон ва ҳизбиёни ноҳияро баҳри ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ даъват намуд.
Дар идомаи кори Конференсия аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи он аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иборат аз 25 интихоб гардид.
Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз намуд, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Маърифат Зоирзода ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пешбарӣ мегардад. Ба ҳамин тариқ, Маърифат Зоирзода аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб гардид.
Доир ба масъалаи панҷуми рӯзномаи Конференсия ҳайати Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аз рӯйи масъалаи шашум вакилон ба Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Дар фарҷом якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб бо сипосномащои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, ба ҷавононе, ки нав ба сафи аъзои ҲХДТ пайвастанд, дар фазои тантанавӣ дафтарчаҳои ҳизбӣ супурда шуданд.

ЛЕВАКАНТ
Конференсияи XXI ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар толори фарҳангии Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант доир гардид. Дар кори Конференсия мутахассиси Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуқаҳҳор Қосимов, директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии ҷумҳуриявии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон, доктори илмҳои тиб Файзалӣ Назаров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода , узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода, вакилони шаҳрӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Қабл аз ворид шудан ба толор ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр дидан карданд.
Мувофиқи рӯзномаи Конференсия нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Низора Олимзода оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Баъдан, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” Ҳусейн Эмомов, вакил аз ташкилоти ибтидоии “СН”-и Вахш дар шаҳри Левакант Умеда Хайруллоева, вакили Конференсия, узви ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Орзу Ашӯров ва дигарон ба музокира баромада, фаъолияти раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода дар ҷараёни суханронӣ дар кори Конференсия изҳор дошт, ки маҳз аз баракати сулҳу оромӣ ва ваҳдати сартосарист, ки ҳизбиён ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузоранд ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гарданд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода зимни суханронӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакантро қаноатбахш ҳисобида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани корҳои ҳизбӣ ба Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дастуру супоришҳои судманд дод.
Мутахассиси Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуқаҳҳор Қосимов зимни суханронӣ дар мавриди ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвият ва тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ мондани фаъолият дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ибрози андеша кард.
Зимнан, аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант интихоб гардиданд.
Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода изҳор дошт, ки дар мувофиқа бо Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Низора Олимзода, ки ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант пешниҳод шуд, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб гардид.
Роҷеъ ба масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант интихоб гардиданд.
Ҳамчунин, аз рӯйи масъалаи шашуми рӯзнома вакилон ба Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Дар хотимаи кори Конференсия якчанд аъзои фаъоли ҳизб, ҷавонон ва раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Левакант бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.



















ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Санаи 20 сентябри сои 2024 дар толори Мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Намояндаи КИМ ҲХДТ, сармуҳарири нашрияи ҳибии “Минбари халқ”, Суҳроб Рауфзода, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Холиқзода Рустам Ҳикматулло, фаъолон ва собиқадорони ҳизбӣ Конференсияи 18- уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози Конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳоии соҳаи маориф, бахши ҷавонон ва вариш, занон ва ташкилотҳои ибтиоии ҳизбӣ дар ноҳия дидан намуданд. Кори Конференсияи 18- уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Ҷалолиддини Балхӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати корӣ реҷа ва рӯзнома ба баррасии масъалаҳо шуруъ намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Сулаймонзода Лола оид ба фаъолияти дуюнимсолаи Кумитаи иҷроия дар ноҳия ҳисобот дод. Дар баромад таъкид гардид, ки фаъолияти Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар асоси ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, қарорҳои Анҷуманҳои XIII ва XIV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлисҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нақшаҳои кории Кумитаи иҷроия ва пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин раванд корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагиро ба роҳ мондаанд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Сипас, музокирачиён узви ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Қурбонов Шариф, вакили Конференсия аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» Шукурова Шаҳло, вакили Конференсия аз ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ » Шодиева Нозанин, вакили Конференсия аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” Асоев Хуршед, Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ Абдулҳаев Маҳмасаид баромад намуданд.
Дар конференсия раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки боиси сарфарозист ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ, пешвои миллат, Раиси муазами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукӯфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон сухан карда истодаем. Дар воқеъ, танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем. Бояд кайд намоям, ки ҳамкории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ҳамбастагӣ механизмҳои кориро дар ин давраи ҳассосӣ дунё, гуногунрафтории сиёсати давлатҳо, низоъҳои сарҳадӣ, асри технологияхои муосир ба ин душвориҳо нигоҳ накарда фаъолиятро мутобиқгардонида дуруст ба роҳ мондаанд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни баромади хеш оид ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-ро қаноатбахш ҳисобида, баҳри боз ҳам гузтариш додани корҳои ҳизби дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ якчанд дастуру супоришҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамзамон зикр дошт, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби аъзокӯнӣ ба сафи ҳизб ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ яке аз фаъолиятҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад.
Ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Одиназода Ҳуснигул низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки имрӯз ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд дар муқобили хоинони ин миллату давлат бо устуворӣ қавӣ ва дониши мусаллаҳ истодагарӣ намояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки роҳбарии онро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем.
Намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Суҳроб Рауфзода низ доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвият тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.
Зимнан, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ интихоб гардиданд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи Конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро изҳор доштанд, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сулаймонзода Лола ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод намуда, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб карда шуд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ интихоб гардиданд.
Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзнома вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешбарӣ ва интихоб гардиданд.
Дар қисмати ниҳоии Конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми Конференсия ба 5-нафар ҷавонони ба сафи ҲХДТ қабул шуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
КОНИБОДОМ
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода, фаъолон, собиқадорон ва вакилон конференсияи XХV ҲХДТ дар шаҳри Конибодом баргузор гардид.
Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати корӣ реҷа ва рӯзнома ба баррасии масъалаҳо шуруъ намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова оид ба фаъолияти дуюнимсолаи кумитаи иҷроия ҳисобот дод. Дар баромад таъкид гардид, ки фаъолияти ҳизбӣ дар такя ба дастуру роҳнамоиҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои созандагиву бунёдкориро касб намуда, тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа ва тақвияти машғулияҳои мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ аз пешравиҳо дар давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбанд.
Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Ҷабборӣ Бурҳониддин, раиси ташкилоти ибтидоии "Тандурустӣ" - Самиев Ҳусейн, аъзои фаъоли ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии "Амонатбонк" - Юлдошева Наргиза, директори ҶДММ" Неруи Канд" Юсупов Наврӯз ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шокиров Муҳаммадҷон ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодомро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода дар баромади худ таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун нерӯи созанда ва раҳнамо эътимод дорад ва ба он такя мекунад. Ҳамзамон, даъват ба амал овард, ки дар амалӣ гардидани қарорҳои барномавии ҳизб ташаббускор ва пешрафт бошанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни таҳлили фаъолият зикр дошт, ки ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Конибодом аз лиҳози нуфуз ва теъдод аз ҷумлаи ташкилотҳои пешрафтаи вилоят маҳсуб меёбанд.
Мавсуф аз ҳизбиён даъват ба амал овард, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, беш аз ҳарвақта саҳмгузор бошанд, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро тарғибу ташвиқ намуда, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ роҳнамоӣ намоянд.
Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби фардосоз дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо саъю талошҳои пайвастаи Сарвари сиёсии худ дар роҳи бартарафсозии буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид. Аз ин рӯ, мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҳизб пуштибонӣ менамоянд ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари муаззами онро гиромӣ медоранд.
Мавсуф ба камбудиҳои ҷойдошта диққати вакилонро ҷалб намуда, барои боз ҳам хубтар фаъолият намудани ташкилоти ҳизбӣ тақвияти ҳамкорӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷалби бештари аъзо аз ҳисоби кормандони соҳаи кишоварзӣ, бештар намудани масъулияти роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, омодагӣ дидан ба маъракаи интихоботиро дастурҳои мушаххас дод.
Дар идома вакилон аъзои нави Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ, раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва вакилони конференсияи 16 - уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро интихоб намуданд. Бо дастгирии кулли вакилон, Шерматова Фирӯза бори дигар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом интихоб гардид.
Дар анҷоми конференсия чанде аз фаъолони ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд.

ИСТАРАВШАН
19-уми сентябр Конференсияи ХХVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан доир гардид, ки дар кори он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок карданд.
Пеш аз оғози кори Конференсия ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунармандони ташкилотҳои ибтидоии “Кохи ҳунар”, “Пайравони Пешво”, “Қосидони сулҳ”, “Мактаби варзишии №2” ва “Литсейи касбӣ-техникӣ” дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Инчунин, бо фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Пайравони Сино”, “Коллеҷи тиббӣ” ва ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба воситаи суратгузоришҳо аз наздик шинос шуданд.
Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзозода ҳисобот дода, аз ҷумла зикр кард, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, қарорҳои Анҷумани XIII ва XIV ҲХДТ, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва пеш аз ҳама, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, корҳои тарғиботиро бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагӣ роҳандозӣ кардаанд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ 630 вохӯрию мулоқотҳо доир карда шуда, ба тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ вусъат бахшида шуд, ки дар натиҷа сафи аъзои ҳизб дар ин давра 1871 нафар афзуд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан оид ба фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.
Сипас, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Раёсати маориф” Акмал Аҳроров, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Гулрухсор Эргашева, вакил аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сино” Шодмон Шодиев, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Нури маърифат”, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Низорамоҳ Абдуллоева ба музокира баромаданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суханронӣ зикр кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар амалӣ кардани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоиста дорад.
Гуфта шуд, ки маҳз ба шарофати сулҳу суботи кишвар, фазои осудаю ором ва татбиқи самараноки Барномаи ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизб имкон дорад, ки дар шукуфоии Ватан ҳиссагузор бошад.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ дар ҷараёнги музокира иброз дошт, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб яке аз кумитаҳои беҳтарин дар вилоят маҳсуб меёбад. Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба қабули босифати аъзо диққати махсус додааст ва бояд дар оянда низ ба ин раванд аҳаммияти махсус дода шавад.
Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода зимни суханронии хеш тазаккур дод, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд ва дастгирии ҳамаҷонибаи ин қишри пешбарандаи ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи ҳизбиён мебошад.
Қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ корҳои тарғиботиро доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таълими ғайрирасмии наврасон вусъат дода, баҳри тарбияи насли наврас ҳиссаи сазовор мегузорад ва дар оянда низ бояд ҷиҳати татбиқи Оинномаи ҳизб корҳои дохилиҳизбиро тақвият бахшад.
Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзнома аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан интихоб гардид. Вобаста ба масъалаҳои чорум ва панҷуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Комил Мирзозода ва Муаззама Абдуваҳҳобова сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” интихоб гардиданд.
Инчунин, Конференсия ҳайати Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшанро интихоб намуд.
Тибқи масъалаи дигари рӯзномаи Конференсияи ХХVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҳайати вакилон вакилон ба Конференсияи XVI ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуданд.
Дар қисмати охири Конференсия ба як қатор фаъолони ҲХДТ сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Истаравшан супорида шуданд. Ҳамчунин, ба чандин нафар ҷавонон, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ дохил гардиданд, ба таври тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардиданд.

КӮЛОБ
23-юми сентябр дар толори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Олимон”, Конференсияи 33-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар Конференсия роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорон, аъзои Кумитаи иҷроия ва раёсат, вакилон, раисон ва муовинони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи таҳририя, комиссияи ваколатдор, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори Конференсия ҳусни оғоз бахшиданд.
Тибқи меъёри намояндагии муайяншуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр 366 нафар вакил даъват гардида, дар кори Конференсия 336 вакил иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ҳисоботи 2,5-солаи Кумитаро ироа намуданд. Маълум гардид, ки аз моҳи июни соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб ба дастовардҳои назаррас ноил гардида аст. Аз ҷумла, дар охири соли 2023 Ҷоми сайёри ҲХДТ дар вилояти Хатлон насиби тими Кумитаи иҷроия дар шаҳри Кӯлоб гардид. Дар ин баробар дар давраи ҳисоботӣ Кумита мизбони конференсияи байналмилалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” буда, онро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намуд. Дар он олимону муҳақиқон мақолаву андешаҳои худро оиди дастовардҳои даврони истиқлолият, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шинохти манфиатҳои миллӣ пешниҳод намудаанд. Маводҳои конференсия дар ҳаҷми 500 саҳифа нашр ва дастраси хонандагон гардид. Дастоварди навбатии варзишгарони ғайрикасбии Кумита “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мебошад, ки маротибаи дуюм насиби тими футболбозони шаҳри Кӯлоб гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба зарардидагони садамаи нақлиётӣ хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, роҳбарияти Кумита пайваста талош менамоянд, ки сокинонро ба корҳои ободонии диёри хеш сафарбар намоянд. Айни замон корҳои ободонию созандагӣ дар аксарияти деҳа ва кӯчаҳои шаҳр бо маром идома дорад. Маълум гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб 2933 нафар зиёд гардид. Дар ин муддат 9 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Зимни музокира, вакилони конференсия Раҳмон Дилшод, Ҳотам Асозода, Латофат Одиназода, Шарофиддин Рустамов ва Ҳасан Шоинов ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро қаноатбахш ҳисобиданд. Барои дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ пешниҳодҳо намуданд.
Сипас, тибқи масъалаи дуюми рӯзнома Маъруф Ҷаъфарзода раиси комиссияи тафтишоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар бораи фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроия маълумот дод.
Зимни баррасии масъалаи сеюм ва чорум бо иштироки фаъолонаи вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иборат аз 45 нафар ва комиссияи тафтишотӣ иборат аз 5 нафар интихоб карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.
Сипас раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, меҳмонро хайрамақдам намуданд. Аз ҷумла изҳор доштанд, ки боиси сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлоли комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Моро лозим аст баҳри пойдории истиқлолу ваҳдат ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб саҳми худро гузорем.
Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар баромади хеш қайд намуд, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ-35 солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии қабули Конститутсия ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик ба маънои ҳақиқӣ маънии озодӣ, ваҳдати миллӣ ва имконияти ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократиро дорад. Ба воситаи истиқлолият мо тавонистем, ки арзишҳои миллиро эҳё кунем, фарҳанг ва забони миллии худро рушд диҳем ва як давлати муосир бунёд намоем. Дар охир барои беҳтару хубтар кардани фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки воқеан ҳам, мо аъзо ва фаъолони ҳизбро, ки вазифаи асосиамон рушди маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, лозим аст, дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҳизбамон бо ҷавонон бештар кор кунем ва дар айни замон таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, ба муд табдил ёфтани амалҳои ғайриахлоқӣ ва таъсиррасониҳои пушидаву кушодаи гурӯҳҳои ифротиро ба мафкураи ҷавонон саривақт безарар гардонем. Рӯйи кор омадани қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” ба ҳисси худшиносии мардум таъсири мусбат гузошта, ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат кард.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода зимни баромади хеш бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро қаноатбахш ҳисобида, барои бартараф кардани камбудиҳо, баҳри боз ҳам густариш додани корҳои ҳизбӣ якчанд дастуру супоришҳои муфид ба масъулин пешниҳод намуданд.
Роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода дар идома ба сухан баромада, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди фаъоли низоми сиёсии ҷомеа аз рӯзи нахустин таъсисёбӣ бо дарки масъулияти баланд ва мақсадҳои волои амалӣ намудани ормонҳои мардуми Тоҷикистон дар майдони сиёсат қадамҳои устувор ниҳод. Тӯли 30-соли фаъолияташ ҳизб зимни иштироки бевосита дар раванди инкишофи кулли соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ тавонист ҳадафҳои барномавиашро дар амал татбиқ намояд.
Дар охир фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро қаноатбахш арзёбӣ намуда, пешниҳодҳои аз ҷониби вакилон ироагардидаро ба инобат гирифтанд. Инчунин, барои хизматҳои арзанда дар рушди диёри азизамон, кордониву ташаббускорӣ, дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштанашон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб якқатор фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи тадорукот қадршиносӣ шуданд. Дар ин баробар як қатор занону ҷавонон ба сафи ҳизб пайваста, ки дар фазои тантанавӣ ба онҳо билетҳои ҳизбӣ супурда шуд.
Қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия баррасӣ карда шуданд, ба манфиат ва пешрафти ҷомеа равона шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ аз ҷониби Раёсат дастурҳои мушаххас дода шуданд.
ИСТИҚЛОЛ
19-уми сентябри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги шаҳр Конференсияи 27-уми ҳисоботӣ- интихоботии КИ ҲХДТ шаҳри Истиқлол баргузор гардид.
Конференсия бо садо додани суруди миллӣ ва интихоби Раёсати Конференсия дар ҳайати Қ.Маҳмудзода- раиси шаҳр, Ф.Салимов- муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Н. Маликисломӣ- мушовири Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Н. Разоқова - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол ва А. Мазамбекова- вакил аз ташкилоти ибтидоии«Дастгирии иҷтимоӣ» ва иҷро намудани талаботи дахлдор, ахбороти раиси комиссияи мандатӣ Н. Умарова, Конференсия ба кори худ оғоз намуд.
Раиси КИ ҲХДТ Н. Разоқова оид ба масъалаи якум дар назди иштирокчиён ҳисобот дод.
Баъдан раисон ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ В. Ғоибов, Н.Ниёзов, А. Аҳмадзода, М. Ҷарқинова ва М. Ҳасанзода ба музокира баромада, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияро қаноатбахш ҳисобиданд.
Ҳамзамон, раиси шаҳр Қ.Маҳмудзода, Ф.Салимов ва Н.Маликисломӣ дар суханронии худ оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол, роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, хизматҳои шоёни Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ибрози андеша намуданд.
Дар охир ба якчанд нафар фаъолон Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: