Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Дар Душанбе ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Дар Душанбе ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

19-09-2024, 15:57
Хабарро хонданд: 8 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил прокурори генералӣ ва директори Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия, прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини прокурори генералӣ ва директори Департаменти тафтишоти молиявии Ҷумҳурии Беларус, Директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия, Директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон, муовини котиби генералии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов оғоз намуд. Бо қарори марбута узви Шуро- директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода раиси ҷаласаи Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2024-2025 таъйин карда шуд.

Ҷаласаи 9-уми Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода идома ёфта, дар он роҳбарияти Агентӣ вобаста ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия сухан намуд.



Дар идомаи кори ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблии Шуро, чораҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия баррасӣ гардид. Ҳамчунин байни роҳбарони аввали мақомоти аъзои Шуро доир ба корҳои анҷомдода табодули афкор доир шуд.

Дар ҷаласа барои фаъолияти Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар соли 2025 қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои таъмини иҷро ба аъзои шуро ирсол гардид.

Дар маҷмуъ, ҷаласаи Шурои IХ байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сатҳи баланд ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид. Умед аст, ки қарорҳои дар он қабулшуда барои тақвияти ҳамкорӣ ва пурзӯр намудани муқовимат бар зидди коррупсия заминаи мусоид мегузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: