Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад

Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад

19-09-2024, 15:36
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардадСоли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

14 сентябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

Дар ҷаласаи шуро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки қаблан бо номи Шурои ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъруф буд, 26 майи соли 1995 таъсис ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таъсиси ин шуро аъзои он мебошад.

Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола дар давлатҳои гуногун доир мешаванд. Тоҷикистон соли 2019 мизбони ин шуро гардида буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: