Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИКИСТОН ВА 33 ҚАДАМИ УСТУВОР

ТОҶИКИСТОН ВА 33 ҚАДАМИ УСТУВОР

11-09-2024, 16:09
Хабарро хонданд: 105 нафар
Назарҳо: 0
 ТОҶИКИСТОН ВА 33 ҚАДАМИ УСТУВОР
Тоҷикистон - Ватани маҳбуби мо дар давоми 33 соли соҳибистиқлолии хеш таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нигини рӯйи замин табдил ёфт. Ҳарчанд ки аз нобасомониҳои аввали солҳои 90-уми қарни гузашта, ки тамоми рукни давлатдорӣ фалаҷ гардида буд, марҳала ба марҳала ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсию демократӣ пайгирона дар амал татбиқ гардид.
Таҳти роҳбарии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аз буҳрони иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ сарбаландона баромадем.
Мусаллам аст, ки дар ин давра Тоҷикистонро зиёда аз 193 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта, 160 давлати дунё бо мо робитаҳои дипломатӣ ва дӯстӣ доранд.
Боиси зикр аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро пайваста дар саросари олам меомӯзанд ва сиёсати хориҷии давлати мо сиёсати “дарҳои боз” буда, бо ҳар давлати хурду бузурги ҷаҳон бо ниятҳои неку созанда ҳамкории беғаразона дорем. Мо озодандеширо ҳамчун меъёри демократия қабул кардаем ва иттилооти озоду мустақилро соҳибем.
Таърихи инсоният собит кардааст, ки ҳамон халқ ё қавму миллате метавонад ба саодати воқеии зиндагиву давлатдорӣ даст ёбад ва сарафроз гардад, ки бо роҳи рушду нумуи иҷтимоиву иҷтисодӣ, бо дарёфти сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ пеш меравад.
Маҳз иттиҳод ва сулҳу оромӣ дар кишвар шарти аввали шукуфоии давлат, омили муваффақияту пешрафт, асоси осоиш ва ризоияти мардум гардид.
Як лаҳза набояд фаромӯш кард, ки озодӣ беҳтарин неъмат ва орзуи ҳазорсолаи аҷдодони мо буд.
Мо хушбахтем аз онем, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дар як кишвари ободу зебо зиндагӣ мекунем. Барои давлате, ки зери сиёсати Сарвари созандаву бунёдкораш қадам ба қадам пеш меравад ва барои мардумаш шароиту зиндагии шоиста муҳайё менамояд, то абад поянда аст.
Ҳанӯз солҳои аввали ба сари давлат омадани хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: “Мо вазифадорем, ки хатоҳои гузаштаро ба ислоҳ оварем, захмҳои дили мардумро шифо бахшем, кинаҳоро аз дили мардум берун намоем, миллатамонро сарҷамъ ва саришта кунем, Ватанамонро аз таънаву маломат роҳо сохта, онро ободу шукуфон гардонем, зиндагии шоистаеро барои мардумамон муҳайё созем”.
Хизматҳои бузургу таърихии Пешвои миллат, ки аз миёни мардум бархоста, чӣ тавр садду мушкилиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшида, ба сохтани давлати демократию ҳуқуқбунёду дунёвӣ, ки ба тамоми арзишҳои волои инсонӣ арҷ мегузорад, мушарраф гардидаанд, роҳи саҳлу осон набуд. Ин роҳ аз худ гузаштанҳову ҷонфишониҳоро тақозо дошт.
Аз ин рӯ, мо - ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муваззафем то ифтихор намоем, ки кишвари азизи мо - Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як давлати ташаббускор бо пешниҳодҳои беназири сарвараш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруф гардидааст ва аз ҷониби созмонҳои бонуфузи сайёра пайваста дастгириву ҳамовозӣ меёбад.
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон,
Шукри истиқлоли ту,
Ханда кард обу гил аз иқболи ту.
Шукри ҳар бешу каматро мекунам,
Шукри шодиву ғаматро мекунам.
Тоҷикистон,
Хоки мо,
Аз беҳтарин хоки Худост,
Тоҷикистон туҳфаи Яздони мост.
Чашмаҳояш ҷӯшиши дилҳои мост,
Сабзаҳояш сабз аз гилҳои мост.
Тоҷикистон,
Чашмаи фарҳанг ту,
Халқи олам бо ту дорад гуфтугӯ,
Рӯдакӣ аз хоки ту бархостаст,
Номи покатро ба арш афроштаст.
Тоҷикистон,
Эй диёри нурҳову сурҳо,
Омад истиқлоли ту аз дурҳо,
Кишвари ободи ман обод бош,
Аз ғаму дарди ҷаҳон озод бош.
Акмал Акрамов
хабарнигори “Минбари халқ”



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: