Путин ба оғози хуруҷи нерӯҳо аз Сурия фармон дод15-03-2016, 14:18
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Владимир Путин, президенти Русия фармон дод, ки шуруъ аз 15 март берунории қисми асосии нерӯҳои Русия аз Сурия оғоз шавад. Путин гуфт, дахолати низомии Русия дар Сурия то ҳадди лозим ба ҳадаф расид.
Вай дар ин бора дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиаи кишвараш 14 март изҳори назар кард. Путин ҳамчунин дастур дод, то Русия дар музокироти сулҳи Сурия фаъолона ширкат варзад. Котиби матбуотии Кремл Дмитрий Песков гуфт, Путин ба президенти Сурия Башор Асад тамос гирифта, аз берунории нерӯҳои Русия хабар додааст. Дар ҳамин ҳол, Путин афзудааст, бахше аз нерӯҳои Русия дар Тартус ва пойгоҳи Хмеймими Сурия бояд боқӣ монанд. "Нерӯҳои обии мо дар Тартус ва пойгоҳи ҳавоӣ дар Хмеймим - тибқи режими қаблӣ фаъолият хоҳанд кард. Онҳо бояд аз хушкӣ, аз баҳр ва аз ҳаво муҳофизат шаванд", - гуфт Путин дар мулоқот бо вазири хориҷаву мудофиаи кишвараш. Путин мегӯяд, нерӯҳои боқимонда иҷрои оташбаси эълоншудаи Сурияро назорат мекунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.