Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чаҳор раҳбар вазъи Сурияро баррасӣ мекунанд

Чаҳор раҳбар вазъи Сурияро баррасӣ мекунанд

5-03-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Чаҳор раҳбар вазъи Сурияро баррасӣ мекунанд
Дар мавриди оташбаси Сурия имрӯз бояд конфронси байналмилалии телефонӣ баргузор шавад.

Интизор меравад, дар ин конфронс роҳбарони Бритониё, Русия, Фаронса ва Олмон ширкат варзанд.

Сухангӯи Дэвид Кэмерон бар ин назар аст, ки конфронс имкон медиҳад, то роҳбари Бритониё аз мавқеи президенти Фаронса Франсуа Олланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҷонибдорӣ кунад.

Намояндаи Кэмерон мегӯяд, Бритониё, Фаронса ва Олмон ба президенти Русия Владимир Путин ба таври дақиқ расонанд, ки оташбас дар Сурия бояд ба таҳаввули воқеии сиёсӣ дар Сурия мусоидат кунад.

Оташбаси ноустуворе, ки ҳафтаи гузашта ба иҷро даромад, дар панҷ соли ҷанги Сурия, ки бештар аз 270 ҳазор қурбонӣ дошт, нахустин оташбаси сартосарист.

Оташбас миёни нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад, ки аз ҷониби Русия пуштибонӣ мебинанд ва аз сӯи дигар нерӯҳои мухолифи Сурия баста шудааст. Гуруҳҳои террористии амсоли "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳаи Нусрат" шомили ин оташбас нестанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: