ДИПЛОМАТИЯ ВА ДУРНАМОИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ”-И ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН ДАР РУШДИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚА21-08-2024, 10:47
Хабарро хонданд: 451 нафар
Назарҳо: 0
Дар даврони ҷаҳонишавии кишварҳо ва шароити босуръати иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ, экологӣ, норасоии оби нӯшокӣ ва дигар масоили аҳли башар чораҳои амалӣ ва саривақтӣ бояд андешида шаванд. Дар ин зимн, сиёсати “энергияи сабз”-ро метавон чун усули муассир дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ ва безарар ба дигар сарватҳои инсонӣ амалӣ кард. Мояи ифтихор аст, ки дар ин самт кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол пешсаф буда, намунаи олӣ барои кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар тӯли беш аз 30 соли истиқлолият тавонист ҳамкориҳои худро бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хуб роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногун созишномаҳоро барқарор намояд. Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон”, ки дар шакли видеоӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карда, аз таҷрибаи пурсамари ҳамкориҳои бисёрҷониба ва созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ёдовар шуда, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро муҳимму зарур шумориданд. Ҳамин тариқ, муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7-уми январи соли 1993 барқарор шуда, ҳар ду кишвар аз ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ маҳсуб меёбанд. Мардумони ду кишварро муносибатҳои бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳо асос ёфтааст, ба ҳам наздик карда, сатҳи баланди эътимоди мутақобил, яксонӣ ё наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ муштарак мебошад. Зимнан муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6-уми июни соли 1992 барқарор шуда, ҳамкориҳо аз ибтидои соли 1991 шурӯъ гардиданд. Дар ин зимн, Тоҷикистону Ҳиндустон равобити дипломатиро санаи 28-уми августи соли 1992 барқарор намуда, созишномаҳои зиёдеро миёни ҳам ба имзо расониданд. Инҷо талош шудааст, то масоили амалишавии “энергияи сабз” дар минтақа, аз ҷумла кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ҳиндустону Покистон маълумоти таҳлилӣ бо диду назари коршиносони соҳа пешкаш гардад. Дар сиёсатшиносӣ мафҳуме истифода мешавад, ки дар ҷаҳони сиёсат он бо номи “сиёсати сабз” ё ба ибораи дигар “энергияи сабз” шинохта мешавад ва чун яке аз тамоюлҳои сиёсати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ такяи бештар карда, ҳамаи барномаҳоро тавассути рушди устувор таъкид карда, амалӣ менамояд. Дар ин робита лозим ба таъкид аст, ки роҳбарони минтақаи Осиёи Марказӣ бо дарёфти истиқлолият равобити худро бо Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монда, миёни ҳам созишномаҳову қарордодҳои гуногун ба имзо расониданд. Дар ин зимн, лоиҳаи интиқоли неруи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) яке аз лоиҳаҳои минтақавист, ки ба маблағи 1,2 миллиард доллари амрикоӣ барои расонидани манфиатҳои пайвастшавӣ миёни кишвари Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон амалӣ мешавад. Мавриди зикр аст, ки асоси муҳиммияти мафҳум ва коркарди сиёсати “энергияи сабз”-ро иқлимшиносӣ, зистшиносӣ ё экологизм ташкил дода, ҳадафи асосии он ба даст овардани қонунгузории нисбатан муфиду самарабахш бо дарназардошти барномаҳои назарияву амалӣ ва талошу муборизаҳо барои ҳифзи муҳити зист, ифлосшавии муҳиту нобудшавии ҷангалҳо ва ҳавасмандгардонии истифодаи такрорӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад. Сиёсати “энергияи сабз”-ро асосан ҳадафҳои устувор барои ба даст овардани инкишофи экологӣ ташкил медиҳад, ки ба манфиати тамоми сайёра мебошад. Бо вуҷуди пешрафтҳои технологии аср мушкилот дар самти муҳити атроф рӯз то рӯз зиёд шуда, он басо нигаронкунанда аст. Бинобар ин, сиёсати “сабз” ҳамчун роҳу равиши навин рӯйи кор омад, то нигарониҳоро коҳиш дода, муҳитро сабзу хуррам нигоҳ дорад. Бояд қайд кард, ки низоми иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо арзишҳои волои инсонӣ афзалияти аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, сиёсати “энергияи сабз” муҳити атрофро муҳофизат намуда, лоиҳаву барномаҳои махсусро барои зиндагии солими шаҳрвандон пешкаш мекунад. Ҳамин тариқ, ба андешаи коршиноси илмҳои сиёсатшиносии Коллеҷи Кинерди шаҳри Лоҳури Покистон Ҳамна Ғиёс Шайх, консепсияи сиёсати “сабз” асосан аз ҷониби ташкилоти Англия ва Уэлс бо ташаббуси равшанфикрон соли 1973 пешниҳод гардид. Теъдоди бештари ин равшанфирон аз таназзули ҷаҳонии муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон ба амал омадааст, нигарон буданд. Ба ҳамин тариқ, онҳо бо истифода аз форуму маъракаҳо масоил ва мубрамияти экологияро таблиғу ташвиқ намуда, бо эҷоди сенарияҳои сиёсӣ аз ҷониби онҳо дар солҳои 1980 кашфи воқеии сурохиҳои қабати озонии Замин сурат гирифт. Гузашта аз ин, ҷаласаву нишастҳои мухталиф барои ҳифзи муҳити зист дар шаҳрҳои Монреали Канада (1987) ва Киотои Ҷопон (1997) баргузор шуданд. Сиёсати воқеии муҳити зист аз он замоне оғоз шуд, ки мушкилоти гуногуни экологӣ ҷаҳонро фаро гирифта буд. Ҳадаф ва шиори асосии ҳизбҳои гуногуни сиёсиро тағйирёбии иқлим ташкил медод. Аз он замон то ба имрӯз мавзуи “экологизм” бахши муҳимми сиёсати байналмилалӣ пазируфта шуда, пайваста зери мубоҳиса қарор мегирад. Дар тӯли таърих ташаббусгарону тарафдорони аввали сиёсати “энергияи сабз”, ба монанди Маҳатма Ганди (1869-1948), Борух Спиноза (1632-1677) ва дигарон моҳияту мафҳуми онро бештар аз идеологияи сиёсӣ дониста, ғояҳои марбут ба ҳифзи захираҳои табиӣ, ҳаракатҳои сулҳомез ва демократияи саросариро бо он мубодила мекарданд. Дар он замон ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои барқарорнашавандаи табиӣ ҳадафи асосии сиёсати “сабз”-ро ташкил медод. Мутобиқи назари коршиносони соҳа, сиёсати “сабз” низ шомили решакан кардани сиёсату равишҳои нодуруст буда, ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки дар қабули қарорҳои давлат бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва муҳити зист фаъолона иштирок кунад. Он ҳамчунин аз Замин нест кардани силоҳи ҳастаиро, ки заминаи ҳалокати одамони сайёра мегардад, таъкид мекунад. Дар ин зимн, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти ҳифзи муҳити зист аз роҳу усулҳои гуногун кор мебаранд. Амалишавии “энергияи сабз” дар Олмон, Фаронса, Британия, Нидерланд ва Испания хуб роҳандозӣ гардида, рӯзномаи кории ҳифзи муҳити зистро дар маъракаҳои сиёсии худ ва сиёсати давлат ба таври созанда нишон медиҳанд. Дар робита бо ин, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон масоили экологиву ҳуқуқиро муҳим шуморида, бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар пойтахт “Соли маърифати экологӣ” эълон шуда, лоиҳаи “900 рӯзи ободонӣ” пайваста амалӣ карда мешавад. Бояд зикр кард, ки маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст. Мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад. Зеро, онҳо тозагию покизакориро воситаи ягона ё маърифати ҳуқуқии экологию гигиенӣ дониста, зери шиори “Тозагӣ-гарави саломатӣ” амал мекарданд, ки насли имрӯза ин корро то имрӯз идома медиҳад. Бояд зикр кард, ки вожаи “гигиена” аз калимаи юнонии “hugieinos” реша гирифта, илми беҳдошту беҳдории тандурустии одам ва вожаи экология решаи οικος (хона) юнонӣ буда, илми табиатшиносӣ аст, ки муносибатҳои байни организмҳои зинда, аз ҷумла одамон ва муҳити ҷисмонии онҳоро дар алоқамандӣ бо муҳити дарунию берунӣ меомӯзад. Зимнан дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид гардид, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати “сабз” ва пойтахти он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин табдил хоҳад ёфт. Шаҳри Душанбе бо Осиёи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯбаи ҷодаи “Шоҳроҳи бузурги абрешим” пайванди ногусастанӣ дошта, дӯстиву ҳамдилӣ, тиҷорату саёҳат ва сулҳу суботро пайваста тавсеа дода, таҳким мебахшад. Ҷумҳурии Қазоқистон ба монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарватҳои гуногуни маъданӣ бой буда, барои иқтисодиёти мамлакат нафту газ ва ангишт мухимтарин сарват ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, аз замони истиқлолият ҳукумати Қазоқистон ба рушди саноати сӯзишвории истихроҷшаванда бештар таваҷҷуҳ зоҳир кард. Кишвар бинобар сабаби мавқеи ҷойгиршавии худ барои рушди захираҳои барқароршавандаи энергияи худ низ имконоти бузург дорад. Бо вуҷуди ин, айни замон 75 дарсади неруи барқро неругоҳҳои ангиштсанг истеҳсол мекунанд, ки ин бештар ба ифлосшавии ҳаво, ки ба саломатӣ ва некуаҳволии одамон зараровар аст, инчунин, ба иқлим ва муҳити зист таъсир мерасонад. Чанде қабл дар кишвар таҳияи сиёсат оид ба рушди захираҳои барқароршавандаи энергия фаъолона оғоз гардид. Аз ин рӯ, зарурати коҳиш додани вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда ва таъсири муҳити зист сарони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳукумати Қазоқистонро водор кард, ки ба рушди захираҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Ҳамин тариқ, имрӯз рушди энергияи барқароршаванда аз мавзуъҳои муҳиммест, ки сиёсати давлатӣ, иқтисод, инноватсия ва илмро фаро мегирад. Ба андешаи зистшинос ва ходими илмии Пажуҳишгоҳи тадқиқоти Авруосиёи Донишгоҳи байналмилалии туркии Қазоқистон Сауле Аҳметқалиева, бо дастгирии ҳукумат ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ Қазоқистон дар самти рушди соҳаи энергияи барқароршаванда тадбирҳо меандешад. Бояд зикр кард, ки барномаҳо ва сиёсат оид ба энергияи барқароршаванда иқтидори кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати захираҳои барқароршавандаи энергияро дар Қазоқистон дастгирӣ мекунанд. Аммо, мутаассифона, сарфи назар аз қонунгузории сершумор барои расидан дар сатҳи кишварҳои пешрафта бояд роҳи тӯлониро тай кард. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, ки нисфи аҳолии кураи заминро фаро мегирад, ҳалли масъалаҳои ғизо, манзил, таваррум, тандурустӣ ва маорифро пеш гирифта, нигарониҳои марбут ба муҳити атрофро ҳадафи аслии худ қарор медиҳад. Кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ фаҳму дарки нодурусту заифро дар сиёсати муҳити зист тасвир мекунанд, зеро онҳо ҳадафҳои воқеии устувориеро, ки муҳити минтақаро тасдиқ карда метавонанд, ҳанӯз иҷро накардаанд. Ин минтақа ба ҳолати зуд тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ дучор гардидааст, ки ба аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро, сиёсати экологӣ дар баъзе кишварҳои минтақа дар шакли орзуҳои амалиношуданӣ ё “иллюзия” боқӣ монда, муҳиммияту арзиши он аз ҷониби аксарият афзалият дода намешавад. Ҳиндустон дуюмин давлати бузург дар ҷаҳон буда, дар он зиёда аз 1300 ташкилотҳои сиёсиву иҷтимоӣ мавҷуд мебошанд ва ҳар яки онҳо барномаи кории худро доранд. Хеле кам ба назар мерасад, ки ҳамаи онҳо ба муҳити зист ва некуаҳволии одамон кам ё ба қадри кофӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ба ғайр аз буҳронҳои иҷтимоию иқтисодӣ Ҳиндустон то ҳол бо масъалаҳои мухталифи экологӣ, аз қабили норасоии об барои аҳолӣ, мушкилоти ифлосшавии ҳаво, нобудшавии ҷангалҳо, биёбоншавӣ ва ғайра рӯ ба рӯ аст. Мувофиқи гузориши Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ, ки соли 2018 интишор шуд, ба феҳристи шаҳрҳои олудаи ҷаҳон Гвалиор, Аллоҳобод, Райпур, Деҳлӣ, Лудхиана, Ханна ва Лоҳуру Карочӣ шомил мешаванд, ки ба Ҳиндустону Покистон тааллуқ доранд. Гарчанде ки бисёре аз мухлисону муҳофизони муҳити зисту экология дар бешаву ҷангалҳои атроф фаъолият доранд, аммо ба қадри кофӣ дастгирӣ наёфтанд. Гузашта аз ин, мардуми Ҳиндустон ин ташкилоту созмонҳоро ҳамчун фаъоли иҷтимоӣ эътироф менамоянд, ки бидуни ягон барномаи сиёсӣ фаъолият мекунанд. Дар ин зимн, давлати Покистон, ки ба феҳрасти 7 кишвари осебпазиртарин аз тағйирёбии иқлим шомил буда, ҳоло дар қатори он кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ қарор гирифтааст, ки ҳам дар сатҳи расмӣ ва ҳам дар сатҳи ғайрирасмӣ бо фарогирии обу ҳаво ҷиддӣ мубориза мебарад. Ҳукумати ин кишвар ташаббус нишон дода, дар бораи тағйирёбии иқлим ҷиддӣ андеша мекунад. Ҳарчанд осебпазирии шадиди мамлакат аз тағйирёбии иқлим ба шароити ҷуғрофӣ, демографӣ ва гуногунии иқлимаш шинохта мешавад, аммо роҳбарияти ҳукумат барномаҳои кориашро бо доштани рӯзномаи махсуси экологӣ роҳандозӣ намуда, дар баъзе музофот ташаббуси бузургро барои мубориза бо тағйирёбии иқлим бо татбиқи лоиҳаи “энергияи сабз” бо мақсади ҳифз ва барқароркунии ҷангал садҳо ҳазор дарахт ва ниҳолу буттаҳо шинонданд. Маъракаи миллии ҳифзи муҳити зист дар натиҷаи амалисозии сиёсати “энергияи сабз” дар кишвар ба миён омад. Бояд зикр кард, ки барнома асосан ба масоили кишт, идоракунии партовҳои сахти маишӣ, идоракунии партовҳои моеъ-гигиена, беҳдошти умумӣ ва оби тозаи нӯшокӣ бахшида шудааст. Бо кумаки ин лоиҳа ҳукумат мехоҳад, ки давлат ва шаҳрвандони кишварро тавонманд созад то бо истифода аз ҳама роҳҳо Покистони сабзу покиза ба вуҷуд оваранд ва худро барои бунёди он ҳамчун масъул донанд. Иқдоми наҷибе, ки чанде қабл аз ҷониби ҳукумати кунунӣ андешида шуд, ташаббуси ниҳолшинонии саросарӣ қадами мусбатест ба сӯйи амалисозии “энергияи сабз”, ки барои наслҳои ояндаи кишвар муҳим ҳисобида мешавад. Рӯзҳои 24-26-уми апрели ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Осиёи Бузург (Grand Asia), воқеъ дар шаҳри Сиялкути вилояти Панҷоб, ки зодгоҳи файласуф ва шоири шаҳири Шарқ Муҳаммад Иқбол мебошад, Конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар асоси таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар дар масоили мубрами обу экология сурат гирифт. Дар кори конфронс роҳбарони институтҳои ҳавошиносӣ, пажуҳишгоҳҳои самти обу иқлим, намояндагон ва мутахассисони иқлим ва обу энергетика аз кишварҳои аврупоӣ, институтҳои масъалаҳои энергетика ва “энергияи сабз”, профессорон, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ иштирок намуда, андешаронӣ карданд. Бояд зикр кард, ки бо вуҷуди он ки дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баъзе аз масоили экологӣ ва амалишавии дурусти “энергияи сабз” ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст, роҳбарону сокинони онҳоро зарур аст, то барномаҳои марбут ба муҳити зисти худро ба таври дурусту муносиб ҳаллу фасл намоянд. Ҳамин тавр, ҳомиён ва ташкилоту фаъолони сиёсати “энергияи сабз” дар минтақа бештар ба кумаку пуштибониҳои пайвастаи давлату мардуми худ ниёз доранд. Дар ин робита, дар амалисозии сиёсати “энергияи сабз” бо модели сохтани ҷомеаи сабзу хуррам ташаббус нишон медиҳад, ки ин як қадами мусбат барои ҳифзи муҳити зист буда, восита барои беҳбудии ҳар як сокини кишвари худ мебошад. Дар ин зимн, “энергияи сабз” аз омилҳои калидии амалии “иқтисоди сабз” ба ҳисоб рафта он рушди иқтисодии кишварҳо маҳсуб гардида, заминаро дар ҳифзи муҳит аз харобиву заҳролудшавии табиат ба вуҷуд оварда, дар нигоҳ доштани зарфияти он мусоидат менамояд. Дар фарҷом бояд зикр кард, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳо, аз ҷумла экологикунонии рушди иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақа ба диверсификатсия ва афзоиши содироти маҳсулот бо ҳиссаи баланди коркарди захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои ҷумҳурӣ дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат хоҳанд кард. Зимнан, татбиқи сиёсати “энергияи сабз” ё ҳифзи муҳити зист замоне хубтару беҳтар амалӣ мешавад, ки роҳбарону масъулон ба он ба таври дуруст ва воқеӣ муносибат кунанд ва кишвару Ватани худро зери сояи озодӣ, оромӣ ва ободӣ ба пеш равона созанд. Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.