ЗАНОН-НЕРУИ ТАВОНОИ ҲХДТ8-08-2024, 09:55
Хабарро хонданд: 1126 нафар
Назарҳо: 44
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 28-уми декабри соли 2023 ба нақш ва мақоми занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”. Мақоми занон дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша баланд буда, ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат нисбат ба занону духтарон ва боло бардоштани мавқеъ ва мартабаю манзалати онҳодар ҷомеа ҳамешаэҳсос мешавад. Санадҳои зиёди меъёриву ҳуқуқӣва қабули барномаҳои зиёди давлатӣдоир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробари ҳуқуқи зану мард далели дар сатҳи давлатӣҳаллу фасл шудани чунин як масъалаи ҳаётан муҳим ва дорои стратегияи сиёсӣмебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби ХалқииДемократииТоҷикистонмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон шумораи занон дар тамоми зинаҳои идоракунии давлат, шохаҳои гуногуни ҳокимияти сиёсӣ- қонунгузор, иҷроия, суд ва ғайра бамаротиб афзуд. Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки: “Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”. Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба баланд бардошани мақому манзалати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат шароиту имкониятҳои васеъро фароҳам овард ва занро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва тарбиятгар ба мақоми шоиставу арзанда расонид. Имрӯзҳо сафи занони сиёсатмадор зиёд гашта истодааст. Сол то сол афзоиш ёфтани шумораи занон дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар низ натиҷаи кушишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон мебошад. Аз таърих огоҳӣ дорем, ки санаи 18-уми декабри соли 1979 дар роҳи таъмини баробарҳуқуқии зану мард қадами бузург гузошта шуд. Дар ин рӯз Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои поймоли ҳуқуқи зан” паймон қабул кард. Паймони мазкур аз 30 модда иборат буда, дар он усулҳо ва тадбирҳое, ки дар асоси меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар гардидаанд, барои таъмини баробарии ҳуқуқи ҳамаи занон равона карда шуда, қабули он натиҷаи машваратҳое мебошанд, ки тайи панҷ сол аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни корӣ, комиссияҳои оид ба мақоми зан ва ҳамчунин, аз тарафи Маҷмаи УмумииСозмони Милали Муттаҳид гузаронида шудаанд. Боиси зикр аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Маҳз дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ Сарвари тозаинтихобшудаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи занонро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои баланд бардоштани мақом ва нақши занонро таъкид сохт. Ба шарофати дар амал татбиқ шудани қарорҳои Иҷлосия дар тақдири занони тоҷик марҳилаи нав оғоз гардид. Бо кӯшиш ва талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии модару кӯдак, таъмини иштироки ҳарчӣбештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣва идоракунии давлат ба яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсати давлат табдил ёфт ва чораҳои мушаххас андешида шуданд. Пеш аз ҳама, дар сохтори Ҳукумати ҷумҳурӣва ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шуд. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ҳануз 27-уми декабри соли 1993-юм “Созишнома оид ба барҳам додани ҳама гуна намудҳои маҳдудияти ҳуқуқи занон”-ро ба имзо расонд. Қабул ва дар амал татбиқшудани даҳҳо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик, беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст. Дар тӯли 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ дар ин кишвари пурқудрат 4 нафар зан вазифаи вазириро ба уҳда доштанд. Дар сатҳи баланди роҳбарии давлати Шуравӣ танҳо 0,5% занон буданду бас. Дар Тоҷикистони Шуравӣ шумораи вазирон аз ҳисобизанон низ ангуштшумор буд. Чунончӣ, соли 1928-ум Уғулой Шамсиддинова- аввалин вазири маориф, солҳои 1950-1953 Мунаввара Қосимова- вазири саноати сабук, солҳои 1954-1957- вазири саноати хӯрокворӣ, солҳои 1960-1978 Анзурат Раҳимова- вазири таъминоти иҷтимоии РСС Тоҷикистон, солҳои 1954-1957 Ҳамро Тоирова - вазири сохтмони шаҳрӣ ва деҳот, солҳои 1957-1961 вазири сохтмон ва солҳои 1985-1990 Гулнора Пӯлодова- вазири тандурустӣ кор кардаанд. Номи занони роҳбар, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, ба монанди Махфират Каримова, Низорамоҳ Зарипова, Ибодат Раҳимова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Биҳоҷал Раҳимова, баъдан, Валентина Абдусамадова, Тамара Абдушукурова барои насли мо шинос ва намунаи ибрат буданд. Аксарияти онҳо ҳамчун котиби идеологии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва узви бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буданд. Биҳоҷал Раҳимова дар солҳои охирини даврони Шуравӣба вазифаи муовини Сарвазири СССР интихоб гардида буд, ки мақоми баландтарини занони ин минтақа эътироф гардидааст. Агар шумораи занони роҳбарро дар замони соҳибистиқлолӣтартибдиҳем,дарякмақолаваёкитобғунҷониданионазимконберунаст. Заминаи асосии рушди занон ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарон мебошад.Тавре ки Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ зикр кардаанд: “Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд”. Яке аз омилҳои иштироки занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа узвияти онҳо ба ҳизбҳои сиёсӣмебошад. Аз рӯйи маълумоти оморӣ,намояндагии занон дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи зиёда аз 52%, буда, боиси ифтихор аст, ки занони Тоҷикистони мо низ чун аъзоёни ҲХДТ баҳри амалӣшудани барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва дастури Раиси муаззами ҳизб тамоми истеъдоду маҳорати касбии худро истифода намуда, дар устувор гардидани пояҳои давлатдорӣчун симои ҳақиқии занони сиёсатмадори тоҷик азму талошҳо мекунанд. Ба ибораи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”. Занон дар дилхоҳҷомеанеруи тавоно ва таъсиргузоранд. Мавқеисиёсиионҳоҳармасъаларометавонадбатавримусбатваёбаръаксионхулосасозад. Итминон дорем, ки дар татбиқиғояҳоисозандаиҳизбимозанонҳамешасаҳмгузорхоҳандбуд. Саодат МУРОДЗОДА,
мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.