Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

4-02-2022, 08:03
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

АНДЕША. Дар шароити имрӯза нақши занон дар ҷомеа назаррас буда, боиси ифтихор аст, ки занони мо ҳамавақт пурсабру пуртоқат мебошанд ва саҳми онҳо дар рушду такомули тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими рӯзгор арзанда ҳисоб меёбад. Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми зан дар ҷомеа густурдатар гардида, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон фароҳам оварда шудааст.

Таъкиди Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ дар мавриди занон ба ҳамин маънист: “Ҳадафи ниҳоии мо аз тадбирҳое, ки то имрӯз дар доираи сиёсати давлатӣ оид ба масъалаи занон андешида шудаанд ва дар оянда андешида хоҳанд шуд, таъмини озодии воқеии зани тоҷик мутобиқи меъёрҳои тамаддуни бостонии миллиамон мебошад. Мо мехоҳем ки занони Тоҷикистон босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд, зеро дар баробари ин ки тарбиякунандаи миллат ҳастанд, онҳо ва зевари миллати барбаланди тоҷик ва ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи мо низ мебошанд”.

Дар бораи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа аз ҷумлаи санадҳои сарнавиштсоз дар инқилоби ҳаёту фаъолияти бонувон аст, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва нақши густурдаашон дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузург бахшид.

Имрӯз дар тамоми зинаҳои сохторҳои ҲХДТ комиссияҳои кор бо занон фаъолият менамоянд, ки баҳри ҳаллу фасли мушкилоти занон мусоидат ва баррасии саривақтии онҳо сафарбар гардидаанд.

Ҷомеаи муосир имрӯз поймол намудани ҳуқуқи иҷтимоии бонувонро маҳдуд ва тафриқаи онҳоро аз лиҳози ҷинсият дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар фаъолияти меҳнатӣ, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва оилавӣ мепазиранд. Зеро хушунату беэҳтиромӣ иллати паст шудани мақоми иҷтимоии зан гардида, яке аз шаклҳои зӯроварӣ ба шахсияти ӯ ва таҳдид ба амнияти бонувон мегардад.

Ғафорова Насимахон, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: