Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ЗАНОН-НЕРУИ ТАВОНОИ ҲХДТ

ЗАНОН-НЕРУИ ТАВОНОИ ҲХДТ

8-08-2024, 09:55
Хабарро хонданд: 1127 нафар
Назарҳо: 44

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 28-уми декабри соли 2023 ба нақш ва мақоми занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”.
Мақоми занон дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша баланд буда, ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат нисбат ба занону духтарон ва боло бардоштани мавқеъ ва мартабаю манзалати онҳодар ҷомеа ҳамешаэҳсос мешавад.
Санадҳои зиёди меъёриву ҳуқуқӣва қабули барномаҳои зиёди давлатӣдоир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробари ҳуқуқи зану мард далели дар сатҳи давлатӣҳаллу фасл шудани чунин як масъалаи ҳаётан муҳим ва дорои стратегияи сиёсӣмебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби ХалқииДемократииТоҷикистонмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон шумораи занон дар тамоми зинаҳои идоракунии давлат, шохаҳои гуногуни ҳокимияти сиёсӣ- қонунгузор, иҷроия, суд ва ғайра бамаротиб афзуд.
Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки: “Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба баланд бардошани мақому манзалати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат шароиту имкониятҳои васеъро фароҳам овард ва занро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва тарбиятгар ба мақоми шоиставу арзанда расонид.
Имрӯзҳо сафи занони сиёсатмадор зиёд гашта истодааст. Сол то сол афзоиш ёфтани шумораи занон дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар низ натиҷаи кушишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон мебошад.
Аз таърих огоҳӣ дорем, ки санаи 18-уми декабри соли 1979 дар роҳи таъмини баробарҳуқуқии зану мард қадами бузург гузошта шуд. Дар ин рӯз Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои поймоли ҳуқуқи зан” паймон қабул кард.
Паймони мазкур аз 30 модда иборат буда, дар он усулҳо ва тадбирҳое, ки дар асоси меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар гардидаанд, барои таъмини баробарии ҳуқуқи ҳамаи занон равона карда шуда, қабули он натиҷаи машваратҳое мебошанд, ки тайи панҷ сол аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни корӣ, комиссияҳои оид ба мақоми зан ва ҳамчунин, аз тарафи Маҷмаи УмумииСозмони Милали Муттаҳид гузаронида шудаанд.
Боиси зикр аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт.
Маҳз дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ Сарвари тозаинтихобшудаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи занонро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои баланд бардоштани мақом ва нақши занонро таъкид сохт.
Ба шарофати дар амал татбиқ шудани қарорҳои Иҷлосия дар тақдири занони тоҷик марҳилаи нав оғоз гардид.
Бо кӯшиш ва талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии модару кӯдак, таъмини иштироки ҳарчӣбештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣва идоракунии давлат ба яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсати давлат табдил ёфт ва чораҳои мушаххас андешида шуданд.
Пеш аз ҳама, дар сохтори Ҳукумати ҷумҳурӣва ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шуд.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ҳануз 27-уми декабри соли 1993-юм “Созишнома оид ба барҳам додани ҳама гуна намудҳои маҳдудияти ҳуқуқи занон”-ро ба имзо расонд.
Қабул ва дар амал татбиқшудани даҳҳо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик, беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.
Дар тӯли 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ дар ин кишвари пурқудрат 4 нафар зан вазифаи вазириро ба уҳда доштанд.
Дар сатҳи баланди роҳбарии давлати Шуравӣ танҳо 0,5% занон буданду бас.
Дар Тоҷикистони Шуравӣ шумораи вазирон аз ҳисобизанон низ ангуштшумор буд. Чунончӣ, соли 1928-ум Уғулой Шамсиддинова- аввалин вазири маориф, солҳои 1950-1953 Мунаввара Қосимова- вазири саноати сабук, солҳои 1954-1957- вазири саноати хӯрокворӣ, солҳои 1960-1978 Анзурат Раҳимова- вазири таъминоти иҷтимоии РСС Тоҷикистон, солҳои 1954-1957 Ҳамро Тоирова - вазири сохтмони шаҳрӣ ва деҳот, солҳои 1957-1961 вазири сохтмон ва солҳои 1985-1990 Гулнора Пӯлодова- вазири тандурустӣ кор кардаанд.
Номи занони роҳбар, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, ба монанди Махфират Каримова, Низорамоҳ Зарипова, Ибодат Раҳимова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Биҳоҷал Раҳимова, баъдан, Валентина Абдусамадова, Тамара Абдушукурова барои насли мо шинос ва намунаи ибрат буданд. Аксарияти онҳо ҳамчун котиби идеологии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва узви бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буданд.
Биҳоҷал Раҳимова дар солҳои охирини даврони Шуравӣба вазифаи муовини Сарвазири СССР интихоб гардида буд, ки мақоми баландтарини занони ин минтақа эътироф гардидааст.
Агар шумораи занони роҳбарро дар замони соҳибистиқлолӣтартибдиҳем,дарякмақолаваёкитобғунҷониданионазимконберунаст.
Заминаи асосии рушди занон ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарон мебошад.Тавре ки Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ зикр кардаанд: “Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд”.
Яке аз омилҳои иштироки занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа узвияти онҳо ба ҳизбҳои сиёсӣмебошад.
Аз рӯйи маълумоти оморӣ,намояндагии занон дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи зиёда аз 52%, буда, боиси ифтихор аст, ки занони Тоҷикистони мо низ чун аъзоёни ҲХДТ баҳри амалӣшудани барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва дастури Раиси муаззами ҳизб тамоми истеъдоду маҳорати касбии худро истифода намуда, дар устувор гардидани пояҳои давлатдорӣчун симои ҳақиқии занони сиёсатмадори тоҷик азму талошҳо мекунанд.
Ба ибораи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.
Занон дар дилхоҳҷомеанеруи тавоно ва таъсиргузоранд. Мавқеисиёсиионҳоҳармасъаларометавонадбатавримусбатваёбаръаксионхулосасозад.
Итминон дорем, ки дар татбиқиғояҳоисозандаиҳизбимозанонҳамешасаҳмгузорхоҳандбуд.
Саодат МУРОДЗОДА,
мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (44)
Tamika 18 октября 2024 22:01
Hey! Someone in my Myspace group shared this website with us so I came to check
it out. I'm definitely enjoying the information. I'm bookmarking and will be tweeting
this to my followers! Outstanding blog and fantastic design and style.



Also visit my blog post :: __ __ ___ _______ ___ ______
Цитировать          31
Scotty 18 октября 2024 23:02
Right now it looks like BlogEngine is the preferred blogging platform available right now.
(from what I've read) Is that what you are using on your blog?


Also visit my website; __ __
___ _______ ___ ____
____ 100
Цитировать          32
Antwan 18 октября 2024 23:35
Hello, i think that i saw you visited my blog thus i came to “return the favor”.I
am attempting to find things to enhance my site!I
suppose its ok to use a few of your ideas!!

Feel free to surf to my webpage :: ________________________
Цитировать          33
Bertie 18 октября 2024 23:53
It's hard to come by educated people in this particular topic, however, you seem
like you know what you're talking about! Thanks

Feel free to surf to my page :: บาคาร่าเล่น
615;รีไม่ต้องฝา
;ก
Цитировать          34
Phyllis 19 октября 2024 00:56
Aw, this was an exceptionally good post. Taking the time and actual effort
to create a very good article… but what can I say… I put things off a whole lot and never manage to get nearly anything done.


Here is my site บาคาร่า ออนไลน์ ได้เงินจริง
Цитировать          35
Celsa 19 октября 2024 01:23
These are really fantastic ideas in regarding blogging.

You have touched some pleasant factors here.
Any way keep up wrinting.

Feel free to surf to my site ... ______________168
Цитировать          36
Charolette 19 октября 2024 02:43
WOW just what I was looking for. Came here by searching for บาคาร่าออนไ
621;น์

My site; กฎ บาคาร่า
Цитировать          37
Sherrill 28 октября 2024 17:37
Have you ever considered about adding a little bit more than just your articles?
I mean, what you say is valuable and everything. Nevertheless think of if you added some great photos
or videos to give your posts more, "pop"! Your content is excellent but with pics and video clips,
this website could certainly be one of the best in its niche.
Amazing blog!

Feel free to surf to my site :: สูตร บา คา ร่า
ออนไลน์
Цитировать          38
Lakesha 28 октября 2024 18:37
Peculiar article, totally what I was looking for.

Also visit my web site :: บา คา ร่า ถอน ขั้น ต่ํา1บาท
Цитировать          39
Boyce 29 октября 2024 01:40
When someone writes an post he/she keeps
the thought of a user in his/her brain that how a user can know it.
So that's why this article is amazing. Thanks!


Here is my blog post ... ______________ _________
Цитировать          40
Adela 29 октября 2024 16:58
Hey, I think your website might be having browser compatibility issues.
When I look at your blog in Ie, it looks fine but when opening in Internet Explorer,
it has some overlapping. I just wanted to give you a quick heads up!
Other then that, very good blog!

my web site :: บาคาร่าออนไ
621;น์ จ๋อดอกจิก
Цитировать          41
Billy 13 ноября 2024 01:50
Hiya very nice blog!! Guy .. Excellent ..
Superb .. I'll bookmark your site and take the feeds additionally?
I'm happy to seek out a lot of helpful info here within the submit, we want work out extra techniques in this regard, thank
you for sharing. . . . . .

Also visit my web page ... Unexpected origins
Цитировать          42
Caitlyn 13 ноября 2024 09:31
I'm gone to convey my little brother, that he should also go to see this blog on regular
basis to obtain updated from latest gossip.

Also visit my web site: สล็อตเครดิค
615;รี
Цитировать          43
Rosalyn 16 ноября 2024 13:19
Hey! This is kind of off topic but I need some guidance from an established blog.
Is it very difficult to set up your own blog? I'm not very techincal but I can figure things out pretty fast.
I'm thinking about setting up my own but I'm not
sure where to start. Do you have any tips or suggestions?

Thank you

my web page บาคาร่าออนไ
621;น์
Цитировать          44
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: