НАҚШИ КИТОБ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ2-05-2024, 12:27
Хабарро хонданд: 380 нафар
Назарҳо: 0
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳоимиллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Эмомалӣ Раҳмон Дар таърихи беш аз чандҳазорсолаи миллати тоҷик китоб нақш, мартаба ва ҷойгоҳи хосаеро дорост. Аз азал ин миллати тамаддунофар ба зери болини кӯдак маҳз китобро мегузоштанд ва онро муқаддасу гиромӣ медоштанд. Аз ин лиҳоз бо ифтихор метавон гуфт, ки беҳтарин ва нодиртарин дастоварди ин миллат маҳз китоб мебошад. Ҳамагон хуб медонанд, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём китобдору китобхон буд ва баҳри боло бурдани савияи донишу малакаи фарзандони хеш саъю кӯшишро дареғ намедорад. Маҳз ҳамин китобдӯстии тоҷикон дар арсаи таърих буд, ки фарзонафарзандони ин миллатро ҷаҳониён мешиносанду эҳтиромашонро ба ҷо меоранд. Бузургони мо дар баробари таълифи асарҳои безаволи хеш пайваста мардумро ба китобдӯстиву китобхонӣ талқин менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суҳбату вохӯриҳояшон мардум мамлакат бахусус, насли ҷаону наврасро ба китобдӯстиву китобдорӣ даъват менамоянд. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар сиёсати фарҳанпарварона ва адабпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоб нақши бориз дорад. Аҳли илму адаб ва дилбохтагони китоб бо ифтихор аз ибтикори сарвари хеш меболанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба нашру тарғиби китоб таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як қатор корҳои бемисл анҷом дода шудааст. Таърихи ҳар қавму миллат аз китоб сар мешавад, гувоҳи возеҳу равшани он аз бозёфтҳои бостоншиносон ҳувайдост, зеро аввалин нақшҳо дар деворҳо, ғорҳо, сангнигораҳо ва ашёҳои гиливу чӯбӣ ва пӯстҳои ҳайвонҳо инъикос ёфтаанд. Дар ин радиф аз ҷумла чиниҳо ва юнониҳо ва румиҳо ба оламиён аз бисёр навгониҳо армуғон доданд. Миллати мо низ аз азал соҳибкитоб буд ва дар ҳамаи шебу фарози таърих миллатро маҳз китоб зинда дошт ва онро оламиён эътироф намудаанд. Дар қатори чаҳор китоби осмонӣ Зардушт бо китоби Авасто зуҳур намуда буд. Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек то имрӯз побарҷост ва барои наҷоти башар хидмат менамояд. Мусаллам аст, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлоли ва бар сари давлат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишвар навгониҳои куллӣ ворид гардиданд. Хосатан ба вазъи китобу китобхонӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда, нусхаҳои нодир ва арзишманд бамаротиб ба нашр расиданд. Ташкилу баргузориҳои озмунҳои уиумиҷумҳуриявӣ дар байни ҳамаи қишри ҷомеа дар ҷаҳони муосир беназир ва қиёснашаванда аст. Бознашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва аз номи Сарвари давлат тақдим гардидани он ба ҳар як хонадони мамлакат дар таърихи башарият аз ҷониби роҳбари давлат нахустин иқдом мебошад. Рӯй овардани Президенти Тоҷикистон ба “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бе ҳикмат набуда, бе шак барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии насли ҷавон мусоидат менамояд. Қобили қайд аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар робита ба ин, соли 2009 бо иштироки олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имом Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Роҳбари давлат дар як баромади худ баён доштанд, ки вақте барои баргузории чунин чорабинӣ қарор қабул кардам, баъзе намояндагони аҳли зиёии мамлакат мухолиф буданд, ки мо ба кадом мақсад ин корро карданием? Онҳо як масъалаи муҳимро ба назар намегирифтанд, ки мардуми мо на мазҳаби худашонро медонанд, на пири мазҳаб мегӯянд, ҳатто бисёриҳо намедонистанд, ки мо дар кадом мазҳаб қарор дорем. Чунин иқдомоти наҷибу дурбинонаи Роҳбари давлат гувоҳи он аст, ки имрӯз мо бояд аз асли хеш бохабар бошму кӣ будану пайравӣ кадом мазҳаб будани хешро ба дурустӣ донем. Бинобар ин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ ба монанди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд. Ҳамчунин, бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – “Тарҷумаи тафсири Табарӣ”, “Ҳидоя”-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муқаддима”-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд. Роҳбари давлат қайд карданд, ки ин гуна иқдомот, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони кишвар мавҷуд бошад. Маврид ба ёдоварӣ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронҳояшон хеле хуб қайд карданд: «Дар баробари номҳои муқаддаси модар – ватан номи пуршарафи китоб ҷойгир карда шавад». Ин нишона аз он аст, ки Пешвои миллат худ нисбат ба китоб эҳтироми воло доранд. Инчунин, дар яке аз суханрониҳои дигарашон хуб гуфтаанд: «Эҳтиром ба ватан, ифтихор бо Тоҷикистони азиз ва дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва азбар намудани мазмуни он сарчашма мегирад». Инчунин, иброз намудаанд, ки “китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст”. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи китобдорӣ зиёдтар шуда истодааст. Махсусан, дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки дар ҷумҳурии азизамон, Тоҷикистон китобхонаҳои наву замонавӣ сохта, ба хонандагон, ба насли меросбари миллат тақдим мегарданд. Яке аз чунин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи китобдорӣ ин бун-ёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи мардуми китобдӯсту китобхони тоҷик нисбат ба китоб зиёд гашта, китобхонаҳои мамлакат барои тамоми хонандагонаш шароити мусоидро муҳайё менамоянд. Дар Муассисаи давлатиии Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирию маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кӯшиши роҳбарият ва кормандони муассиса вазъи китобхона тадриҷан беҳтар ва хазинаи он пур гардидааст. Ҳоло дар китобхона беш аз 700 ҳазор адад китоб нигоҳ дошта мешавад. Шумораи хонандагони китобхона низ сол ба сол меафзояд. Инчунин, дар Муассисаи давлатии Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ осори арзишманди Пешвои муаззами миллат гирд оварда шудааст, ки хонандагон метавонанд бо онҳо ошно шуда, бемамоният истифода кунанд. Ман ҳамчун як корманди ин даргоҳи илму маърифат аз ҷавонону наврасонро даъват мекунам, ки барои баланд бардоштани сатҳи худогоҳию хештаншиносӣ, ҳисси ватандӯстию меҳнатпарастӣ китобро сидқан дӯст доранду мутолиа намоянд, зеро китоб ягона дӯст ва ягона маслиҳатгаре т, ки дар зиндагӣ моро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Абдуллоева Гулбарг, корманди шуъбаи Муассисаи давлатии Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.