Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАРГИ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ

БАРГИ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ

9-06-2021, 10:17
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
БАРГИ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ

Мусаллам аст, ки агар сарчашмаи хиради инсон тарбияи хонаводагӣ, тарбияи ҳаёт ва бархӯрду муносибатҳои тӯлонии одамон бошад, пас манбаи асилу асосӣ маърифату фазилат, ақлу заковат ва устуворию поки рӯҳи одамӣ китоб аст. Китоб – манбаи илму дониш, сарчашмаи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳонӣ, оинаи ҳаёт ва калиди ганҷ – сухан аст.
Дар дунё илмҳои гуногун, дину оин, хату алифбо, пешаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки асоси ҳамаи он китоб аст. Мо маҳз бо воситаи китоб аз дину оин, маданият, расму русум ва умуман, тамаддуни аҷдодони худ хабардор мегардем. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат, забон ва санъат зич вобаста аст. Баъди пайдоиши хат одамони қадим имкон пайдо намуданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, устухон, баргу пӯсти дарахтон, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду чизе сабт намоянд. Минбаъд бо пайдоиши қоѓаз, ба ҷои сангу чӯб, аз қоѓаз истифода мебурдагӣ шуданд.
Яке аз китобхонаҳои хеле қадим ва машҳур – китобхонаи Искандария ба шумор меравад, ки дар асри III то милод дар Мисри қадим бунёд шуда буд. Китобҳо дар муддати садсолаҳо аз тарафи хаттотон рӯйнавис карда мешуданд, ки ин кори душвор буда, вақти зиёдро талаб мекард. Дар китобхонаи Искандария 700 ҳазор ҷилд китоб мавҷуд мебошад.
Дар Хитой, ки яке аз кишварҳои қадимтарини Шарқ ба шумор меравад, дар асри VI бори нахуст ба чопи китоб шурӯъ намуданд. Халқи тоҷик яке аз ҳалқҳои қадиму китобдӯст, китобпарвари олам буда, аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад. То пайдоиши қоѓаз дар Осиёи Миёна китобҳоро дар рӯи пӯсти ҳайвонот менавиштанд. Китоби муқаддаси динии аҷдодони мо «Авасто» низ аввалин маротиба дар рӯи пӯсти ҳайвонот навишта шудааст.
Аз он давраҳо то замони мо ёдгориҳои хаттӣ, ба мисли «Авасто», «Ёдгори зарирон», «Дарахти асурик» боқӣ мондааст. Махсусан, замони салтанати Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаҳои китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Китоб асосан воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Китоб рафиқи наздики инсон мебошад, ки дар лаҳзаҳои вазнинӣ, бахусус, танҳоӣ, анис мегардад.
Китоб ҳаст, ки одам оламу одамро мешиносад ва тавассути ин гавҳари нодиру бебаҳо аз гузаштаву имрӯзи миллат, фарҳанг, тамаддун ва фарзона фарзандони нотакрор ошно мешавад. Китоб натанҳо сарчашмаи доноӣ, ҳамсуҳбати судманд, балки устоди бе музду миннат ва гуреҳкушонии ҳамаи мушкилоту печидагиҳост.
Оре, китоб дар ҳама давру замон барои баланд бардоштани маърифати инсонӣ нақшаи асосиро иҷро карда метавонад. Аз мардуми одӣ сар карда то пайѓамбарон аз китоб баҳра гирифтааст. Китоб рафиқи беминнат аст. Китоб ҳукми нонро дорост ва ганҷинаи бебаҳост.
Зеро таҷассуми маҳсули фикрии адибону донишмандро маҳз дар саҳифаи китобҳо мебинем. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба китоб, аъло ва муҳтарам донистани мақоми китобу андешаи китобӣ дар зиндагии ҳамарӯза ва пешрафти тамаддуни башарӣ берун аз ҳар гуна муҳаббат аст.
Ман туро чун модари худ мекунам ҳурмат мудом,
Аз сарат то охират садбаргҳо хонам китоб.
Дар ситоиши каломи нодир беҳтарин ва олитарин суханҳоро гуфтанду то имрӯз мегӯянд, вале ин ҳанӯз интиҳо надорад. Ситоиши китоб беохир аст.
Бузурге Фармудааст: «Ҳар ки бисёр китоб хонад, қиёфааш, симояш, нигоҳаш таѓйир меёбад, нуронӣ мешавад». Бале, агар хоҳем, ки зиндагиямон зебову нуронӣ шавад, бояд ба китоб рӯ биёварем, китобхон шавем.


Муҳайё Норматова,
мутахассиси пешбари бахши
кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: