Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » КИТОБ-АСЛИҲАИ ПУРЗЎРИ МАЪНАВИИ ИНСОНИЯТ маълумоте чанд перомуни китобхонаи ддстдт

КИТОБ-АСЛИҲАИ ПУРЗЎРИ МАЪНАВИИ ИНСОНИЯТ маълумоте чанд перомуни китобхонаи ддстдт

24-05-2022, 15:06
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
КИТОБ-АСЛИҲАИ ПУРЗЎРИ МАЪНАВИИ ИНСОНИЯТ маълумоте чанд перомуни китобхонаи ддстдт


Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба ҳисоб рафта, шахси китобхону китобдўстдор кабутареро мемонад, ки ҳамеша парвозҳои баландро сазовор аст. Мутолиаи китоб инсонро аз зулмоти зиндагӣ мераҳонад ва ўро ба роҳу равиши поку беолоиш сафарбар менамояд.
Боиси хушбахтист, ки имрўз дар ҷомеаи мо шахсони китобхону ба илм сарукордошта кам нестанд, ки ин ҳама аз кўшишу пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурўғи маърифат”, ки ҳамасола дар кишвар барузор мегарданд, далели ин гуфтаҳост. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёмашон ҷиҳати ташкил намудани китобхонаҳо дар тамоми муассисаву ташкилотҳои давлатӣ таъкид намуданд, ки ин низ яке аз роҳҳои беҳтарини қарин гардонидани мардум ба китоб буда, мувофиқи мушоҳидаҳо аллакай дар як муддати кўтоҳ анқариб муассисаеро бидуни китобхона дидан номумкин аст.
Тақсимоти ройгони китоби “Тоҷикон”-и устод Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба ҳар як хонадони тоҷик низ яке аз роҳҳои дигари муҳаббат пайдо кардани мардум ба китоб буда, ба ин тавассут мардуми мо бори дигар метавонанд, аз таърихи гузаштаи халқи худ бохабар шаванд.
Ин ҳама ғамхориҳои Президенти кишварро ҷиҳати китобу китобдорӣ боиси ифтихору дастгирии қишри аҳолиамон дониста, тасмим гирифтем, ки дар бораи китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мудири он Бика Ёғибекова суҳбате ороста, барои хонандагони нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” фишурдаи онро пешниҳод намоем.
- Лутфан, оид ба фаъолияти худ дар китобхонаи ин боргоҳи маърифат ҳарф мезадед?
- Ташаккур, ки бисёр як мавзўи муҳими рўзро мавриди пайгирии хеш қарор додед ва дар ин ришта аввалин шуда, аз китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дидан намудед. Шуруъ аз ба фаъолият оғоз намудани муассисаи мазкур, ки ба соли 2014 рост меояд, вазифаи мудири ин китобхонаро ба уҳда дорам ва ҳамчунин, аз “Таърихи санъат” ба донишҷўёни донишкада дарс мегўям. Ҳангоми таъсиси донишкада, шумори китобҳои китобхона хеле кам наздики 300 ададро ташкил мекард. Баъдан, бо роҳбариву кўшишҳои ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода ва раёсати донишкада ба китобхона аз китобхонаҳои ҳар гўшаву канори кишвар китобҳо ба ҳайси туҳфа тақдим гардиданд. Хусусан, дар асоси мактуби роҳбарияти донишкада аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 300 адад китоб ба китобхонаи мо ворид гардид. Ҳамчунин, ҳар як омўзгори донишкада низ дар ҷамъоварии китобҳои китобхонаи донишкада саҳми босазои худро гузоштаанд.
- Айни ҳол, китобхона дорои чӣ қадар китоб аст ва фаъолияти кории китобхонаи донишкада чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Имрўз, китобхонаи мо дорои 9426 адад китоб буда, бештараш китобҳои тахассусӣ мебошанд. Аммо дар ин радиф китобҳои бадеии хориҷиву тоҷикӣ ва сиёсӣ кам нестанд, аз ҷумла 1166 адад китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ, 74 адад сиёсӣ ва 36 адад номгўи адабиёти хориҷӣ мавҷуд аст. Боқимонда китобҳои тахассусӣ-рассомӣ, дизайн, наққошӣ мебошанд, ки бештар бо забони русианд ва дар ин риштаҳои номбаршуда омўзгорони донишкада низ бо забони тоҷикӣ аллакай китобҳои зиёд ба нашр расондаанд, ки оянда боз тасмими нашри бештарро дар нақша доранд. Ҳамчунин, дар китобхона 6 компютер ба интернети доимӣ ва ройгон бо 5768 китоби электронӣ мавриди истифодаи донишҷўёну омўзгорон қарор дода шудааст.
Китобхона дорои толори электронӣ, қироатхона ва бойгонӣ мебошад.
Тибқи низомномаи донишкада фаъолияти кории китобхона ҳамарўза ғайр аз рўзи якшанбе аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар назар гирифта шудааст. Аъзошавӣ дар китобхона ройгон ба роҳ монда шудааст. Истифодабарандагони китобҳои китобхонаи мо ҳам омўзгоронанд, ҳам донишҷўён ва ҳам аксар вақт шаҳрвандони берун аз донишкада низ ҳастанд, ки ба донишҷўёну омўзгорон имкон дода шудааст, ки китобҳоро ҳам дар китобхона ва ҳам дар хона истифода баранд, вале барои муроҷиаткунандагони берун аз донишкада ин гуна дастрасӣ маҳдуд карда шудааст. Танҳо метавонанд бо шиноснома муроҷиат карда, дар дохили китобхона аз китобҳои лозимаашон истифода кунанд.
Мувофиқи низомнома донишҷў ё омўзгор бештар аз се китобро барои истифода наметавонад бо худ бубарад. Ҳамчунин, китобҳои қимматбаҳоро низ имкони ба хона бурда истифода кардан нест.
- Дар ҳолати фарсуда, гум ва ё корношоям намудани китобҳо чӣ гуна ҷазо пешбинӣ мешавад?
- Беҳуда нагуфтаанд:
Дорад китоб иззу шараф,
Якҷоя гир бо ҳар ду каф.
Бар чашми худ мол, кун таваф,
Ўро нигаҳ дор чун садаф.
Тибқи низомномаи раёсати донишкада оид ба китобхона донишҷў ё истифодабарандаи китоб, ки нисбат ба китоб беэҳтиромӣ намуда, фарсуда, гум ё корношоям менамояд, бояд ҷубронпулӣ супорад. Ҷубронпулӣ вобаста ба арзишӣ китоб муайян мегардад, ки дар ҳолатҳои мазкур ду баробари арзиши як китоб ҷуброн карда мешавад. Вале дар аксар ҳолат мо аз ҷубронпулӣ гузар намуда, ба донишҷў нисбат ба амали кардааш ширеш, дарбеҳ, қайчӣ ва ё коғази сафед супориш медиҳем, ки дар оянда барои китобхона истифода бурда мешавад.
- Барои ҳавасманд гардонидани донишҷўён бо мақсади китобхонӣ чӣ чораҳо андешида мешаванд?
- Ҳамеша дар сатҳи донишкада ҳар гуна озмуну чорабиниҳо вобаста ба китобхон намудани донишҷўён ташкил карда мешавад, ки дар натиҷа ба ғолибон ва ҳавасмандон китобҳои беҳтарини илмиву бадеӣ ва тахассусӣ дар шакли туҳфа тақдим карда мешавад. Инчунин, дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурўғи маърифат”, ки ҳамасола дар кишвар барузор мегарданд, донишҷўён ҳангоми иштирок ҳамеша аз китобхона истифода мебаранд ва раёсати донишкада ба ғолибон ва иштироккунандагони ин озмунҳо барои ҳавасманд гардонидан, китобҳо туҳфа менамояд.
- Ташаккур барои суҳбат!
Суҳбаторо Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: