МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
25-уми апрели соли ҷорӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Қиёмиддин Миралиён, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, кормандону масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва васоити ахбори омма иштирок карданд.
Дар рафти маҷлис масъалаҳои рӯзнома “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда”, “Оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, “Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар рӯзи 9-уми марти соли 2024 баён доштанд” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда гузориш дода, зикр намуд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе давоми семоҳаи якуми соли 2024 фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расониданд.
Гуфта шуд, ки айни ҳол шумораи аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳри Душанбе 84499 нафар буда, дар 1007 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошта, дар ин давра 14 ташкилоти ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Дар ин замина, ташкилотҳои ҳизбӣ раванди корҳои таблиғотиву ташвиқотиро вусъат бахшида, дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 3217 мулоқоту вохӯриро миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва сокинону шаҳрвандони шаҳри Душанбе доир намуда, дар самти кор бо ҷавонон 287 чорабинӣ бо фарогирии 26 ҳазору 54 нафар ҷавонон, дар самти кор бо занон 179 чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маҳфилҳои маърифативу иттилоотиро бо фарогирии 13 ҳазору 728 нафар занону бонувон ташкил карданд.
Дар идома гуфта шуд, ки дар ин давра бо ҷалби аъзои фаъолу ҷонибдорони ҳизб, кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилону сокинон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 8393 ҳашару шанбегиҳои оммавӣ баргузор гардида, дар рафти онҳо 21 ҳазору 665 дарахту ниҳол ва 32 ҳазору 480 гулҳои ороишии мавсимӣ шинониданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш дод.
Дар ин раванд, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Қиёмиддин Миралиён оид ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳи баргузории чорабиниҳо, саривақт доир намудани маҷлисҳои ҳизбӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, фаъол намудани намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва доир намудани чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷашн гирифтани 30-солагии таъсисёбии ҳизб аз масъулини сохторҳои ҳизбӣ тақозо кард, ки дар ин самтҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
НИШОНДИҲАНДАҲО ҚОНЕЪКУНАНДА МЕБОШАНД
ВМКБ
Дар шаҳри Хоруғ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2024 доир гардид.
Дар ибтидои маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят Зунайда Раҷабова оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар семоҳаи аввали соли 2024 ба таври муфассал гузориш дод. Музокирачиён ва дигар аъзои раёсат дар тақвияти ҳисоботи Зунайда Раҷабова фаъолияти семоҳаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоятро қаноатбахш ҳисобиданд.
Мудири шуъбаи кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Чамангул Саидмусалламова зимни суханронӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ва вобаста ба рафти амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маълумот дод.
Мавсуф зикр дошт, ки ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланд ва ба таври шоиста таҷлил карда мешавад.
Баъдан, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Малика Ақдодова дар ҷараёни суханронӣ аз ҷумла баён дошт, ки сол то сол теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ҳизб дар вилоят зиёд мешавад ва дар ин самт Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ пешсаф буда, роҳбарони дигар кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои ин рисолат бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят Р.Броимшоева ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ ва нашри хабару мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мудири шуъбаи муҳосибот Н.Асанова оид ба харҷу дахли молиявӣ дар семоҳаи солӣ ҷорӣ гузориш доданд. Дар фарҷоми маҷлис барои фаъолияти пурсамар ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа Ансор Алибеков соҳиби ҷойи якум, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ Ато Ҳимматзода соҳиби ҷойи дуюм ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Париноз Азизова сазовори ҷойи сеюм гаштанд.
Дар самти таблиғу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон Холисамо Саидхонова барои дар сатҳи баланд анҷом додани даъвати баҳории наваскарон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон Гулнора Тайғунова барои сари вақт ва дар сатҳи олӣ иҷро кардани супоришҳои барқияҳои телефонӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим Гулшан Муллоева ҷойи якумро соҳиб гаштанд. Инчунин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз Расулҷон Рисқуллоев барои хизмати софдилона ва фаъолияти пурсамар дар корҳои ҳизбӣ бо сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардид.
ТОҶИКОБОД
Бо иштироки аъзои раёсати Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мудири шуъбаи омор ва махзани ягонаи электронӣ Розиқ Нурзод маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба натиҷагирии семоҳаи якуми соли 2024 доир гардид.
Дар ҳисоботи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия зикр шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 беш аз 66 чорабинии гуногуни сиёсиву фарҳангӣ, варзишӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо, нашри мақолаву вокунишҳо дар матбуоти даврӣ, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо фарогирии беш аз 5224 нафар сокинон ташкил карда шуда, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб, пешгирии терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарзи ҳаёти солим, тафсиру тарғиби қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳо баргузор шудааст. Мудири шуъбаи омор ва махзани ягонаи электрони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Розиқ Нурзод вобаста ба масъалаҳои мазкур ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, рафти қабули аъзои нав фикру мулоҳизаҳои судманд баён кард. Ҳамзамон, номбурда таъкид намуд, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳадафҳои барномавии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам ва созгор буда, ҳар як узви ҳизб бояд дар иҷрои вазифаҳои муҳим бетарафӣ зоҳир накарда, дар татбиқи ин ҳадафҳои муҳим, ки аз сиёсати созанда ва роҳнамунсози Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, саҳми муносиби хешро гузоранд.
Дар рафти музокира раисони ташкилотҳои ибтидоӣ Суҳроб Ваҳҳобниён, Муҳибулло Маҳмадшоев, Парвина Холова, Хайрулло Миршоев ва чанде дигарон ба сухан баромада, аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ маълумот доданд.
Дар маҷлиси ҳизбӣ муовини раиси ноҳия Қодирҷон Мансурзода вобаста ба муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз санаи 9-уми марти соли ҷорӣ андешаронӣ кард. Ҳамзамон, чанде аз ҷавонони фаъоли ноҳия ба сафи ҳизб шомил гардида, ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуданд.
Дар интиҳои маҷлис рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ аз тарафи ҳизбиён ҳамаҷониба баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои дарпешистода ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуданд.
ҲИСОР
Дар маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, ки бо иштироки намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Муқаддас Ахунова, муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҷараён гирифт, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи он - “Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар семоҳаи якуми соли 2024 раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия Изатуллои Ҳабибзод дар бораи фаъолияти ҳизбиён дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда гузориш дод.
Гуфта шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб, дастуру супоришҳои роҳбари олии ҳизб ва нақшаи корӣ ба роҳ монда шуда, як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, шуруъ аз аввали сол ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо сокинони касбу кори гуногун дар 12 ҷамоати шаҳраку деҳот, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ҷавонону занон, фарҳанг ва тандурустӣ мулоқотҳои судманд гузаронида шуд.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бо бурдани корҳои таблиғотӣ 528 нафар шахсони арзанда ба сафи ҲХДТ қабул ва 3 ташкилоти ибтидоии нав таъсис дода шудаанд.
Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 96 кумаки амалӣ-методӣ расониданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 16 конфронс, 14 мизи мудаввар, 44 маҷлис, 41 чорабинии фарҳангӣ, 18 мусобиқаи варзишӣ, 12 аксия ва озмунҳо доир карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба санаҳои касбию таърихӣ чорабиниҳои гуногун доир карда шуданд. Аз ҷумла, аз санаи 1-ум то 21-уми феврали соли 2024 озмуни "Ватанпарвар" таҳти унвони "Бо ту ифтихор дорам, Ватан!" ба муносибати 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, хонандагони синфҳои болоӣ, сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Ҳисор, нозирони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолтарин деҳа дар сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар гузориш зикр гардид, ки дар баробари пешравиҳо дар раванди фаъолият камбудиҳо низ ҷой доранд.
Дар семоҳаи якуми соли 2024, дар маҷмуъ, 19 ташкилоти ибтидоӣ дар пардохти саривақтии ҳаққи узвият саҳлангорӣ намуданд, ки ин ба фаъолияти мунтазами корҳои таблиғотӣ таъсир расонд.
Илова бар ин, ташкилотҳои зикргардида ҳисоботи оморӣ ва варақаи пардохти ҳаққи узвиятро ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ирсол намекунанд, ки дар ниҳоят, масъулон дар таҳияи саривақтии ҳисоботи омории Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ба танқисӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар кардани самти фаъолият дар назди сохторҳои ҳизб дар шаҳри Ҳисор вазифагузорӣ карда шуд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода суханронӣ карда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонид.
Аз фаъолони ҳизб даъват ба амал оварда шуд, ки бо эҳсоси масъулият баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар ҷойҳо корбарӣ намоянд.
Дар маҷлис оид ба ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор оид ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ зикр гардид, ки дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор аз 15-уми июни соли 2023 бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии тарғибу ташвиқи ҳадафу нақшаҳои оинномавию барномавии ҳизб, муаррифии шоистаи дастовардҳои он дар замони Истиқлолият ва иҷрои саривақтии қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25-уми майи соли 2023 Ситоди “Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор” ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ иборат аз 30 банд тасдиқ шудааст.
Дар ин давра аз 30 банди нақшаи чорабинии мазкур 14 банди он ё 46% иҷро гардида, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Аз ҳайати ситод ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур фаъолияти худро ҷоннок карда, чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намоянд.
Дар бораи риояи Низомнома “Оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ” дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор гузориши муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Бунафша Дӯстова шунида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод аз рӯйи масъалаҳои шашум ва ҳафтуми рӯзномаи маҷлис суханронӣ карда, номзадии Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзодаро барои интихоб шудан ба аъзои Кумитаи иҷроия ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор пешбарӣ намуд. Номзадии Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода аз ҷониби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия якдилона дастгирӣ ёфт.
Аз рӯйи масъалаҳои ҳаштум ва нуҳуми маҷлис бо муҳокимаи аъзои Раёсат қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Намояндаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Муқаддас Ахунова зимни суханронӣ оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти сохторҳои ҳизб дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизбро расонида, аз фаъолони ҳизб даъват ба амал овард, ки дар пешбурди корҳои ҳизбӣ фаъол бошанд.
Дар хотимаи маҷлис ба 10 нафар ҷавонони фаъол, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи узви ҲХДТ тақдим карда шуд.
АЁДАТИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ВА КАМБИЗОАТ
Дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои фаъолият ва ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан пайваста ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи мазкур дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аёдати ин қишри ниёзманди ҷомеаро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзозода ба аёдати якчанд нафар шахсони маъюб ва ниёзманд рафта, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ намуд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо аёдатшудагон миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
АКСИЯИ ҲИЗБӢ : “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аксияи "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" доир гардид.
Зикр бояд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ҳудуди шаҳр бо ҷалби аъзои ҳизб, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилоту идораҳо корҳои ободониву созандагиро ташкил ва роҳандозӣ намояд.
ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН
Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо сокинони кӯчаи ба номи Фарҳод Қаюмови Ҷамоати шаҳраки Москва ҷиҳати самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ мулоқот анҷом доданд. Сокинони Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ сармашқи кори худ қарор дода, заминҳои наздиҳавлигии худро мақсаднок истифода бурда, аз замин ҳосили хуб ба даст меоранд. Зимни суҳбат бо сокинон маълум гардид, ки имсол онҳо дар заминҳои наздиҳавлигии худ пиёз, картошка ва дигар полезиҳо кишт кардаанд.
КОНФРОНСИ ИЛМӢ-ОММАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҲХДТ
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба муносибати 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” конфронси илмӣ-оммавӣ оид ба тарғиби мазмун ва муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор шуд.
Конфронс бо иштироки раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Қиёмиддин Миралиён, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ходимони дин, намояндагони ҷомеа ва дигар аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат гирифт. Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр намуд, ки воқеан ҳам, имрӯз дар ҷомеаи мо нафароне зиндагӣ мекунанд, ки аз рушду пешрафти мамлакатҳои ҷаҳон бехабар мондаанд. Агар сокинони давлатҳои пешрафта ба дигар сайёраҳо роҳ кушода истода бошанд, бархе аз сокинони мо ҳанӯз ҳам аз бо ақидаҳои куҳна дар ҷаҳолату торикӣ умр ба сар мебаранд. Маҳз ҳамин мушкилиҳоро ба инобат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар вохӯрӣ анҷом диҳанд.
-Дар ҳақиқат, мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бисёр рамзӣ ва саривақтӣ буд. Пешвои миллат зимни суханрониашон баён доштанд, ки баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро баён намоем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем.
Сарвари давлат дар ҷараёни суханрониашон аз ҷумла оид ба хурофотпарастӣ, аз ҷониби занҳо пӯшидани либоси бегона, пешгирӣ кардани ҷавонон аз омилҳои номатлуб, сафарҳои зиёди шаҳрвандон ба ҳаҷи умра ва ба дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа дахл намуданд,- изҳор дошт раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар мавзуи “Мақсади дин падид овардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, мусоидат ба беҳбудии кори давлату давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум” суҳбат намуда, афзуд, ки суханронии Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баъд аз ироаи Паёми навбатӣ аз нигоҳи муҳиммият ва муҳтаво дар ҷойи дуюм қарор дорад. Зеро, дар суханронии Роҳбари давлат бисёр масъалаҳои муҳимме, ки дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо ҳалли ҳамаҷонибаи худро талаб доранд, ҷиҳати бартараф кардани онҳо барои ҷомеаи кишвар муайян сохтанд.
Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Қиёмиддин Миралиён дар навбати худ дар мавзуи “Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва рукнҳои татбиқи он” суханронӣ карда, аз ҷумла зикр кард, чун конфронси имрӯза ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бахшида шудааст, як нуктаро қайд кардан бамаврид аст, ки дар як сол рост омадани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ ба ҳам тавъаманд, зеро ҳадафи ҳарду як аст.
-Ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Маҳз ҳамин нукта дар банди 1-уми Оинноми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ҲХДТ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибихтиёр талош меварзад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз тавассути барномаҳои пешазинтихоботии худ, ки он ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешавад, ки ҳар панҷсола такмил меёбад, яъне дар умум, ба аксари қонуну қонунгузориҳое, ки таҳия мегарданд, асос ёфтаанд, аз барномаҳои ҲХДТ ва саҳми бевоситаи вакилони он ки дар парлумони мамлакат фаъолият кардаанду ва дар айни замон фаъолият доранд.
Бинобар ин, имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар миёни ҷомеа ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ эътироф гардидааст ва мардум ин ҳизбро чун ҳизби пешбар, созанда ва бунёдкор медонанд”,-афзуд Қиёмиддин Миралиён.
Дар идомаи кори конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Ҷамшед Муртазозода дар мавзуи “Давлати ҳуқуқбунёд - асоси тараққиёти давлати Тоҷикистон” суҳбат намуда, дар тақвияти суҳбати дигар маърузачиён чанд масъалаҳои ҳалталабро ёдовар шуд.
УСТУВОРИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ САРЧАШМА МЕГИРАД
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи корхонаю муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис мешаванд.
Дар асоси нақшаи корӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зоҳир Ҳабибзода дар заминаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Ҳоризон” бо ташаббуси ҳайати муассисон маҷлис доир гардид.
Бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳайати муассисон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, вобаста ба самти фаъолияти корхона ташкилоти ибтидоӣ “Махзани илм” номгузорӣ карда шуд.
Аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ номзадии директори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Ҳоризон” Акмал Мирзоев ба раисии ташкилоти ибтидоии “Махзани илм” пешниҳод карда шуда, якдилона интихоб карда шуд.
Дар фарҷом аз аъзои ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пос доштани истиқлоли давлатӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ҳувияти миллӣ, муқаддас донистани асолати миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни давлатҳои ҳамсоя, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон, тарбияи онҳо дар руҳияи баланди инсондӯстию ватанпарастӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таҳияи Ибодулло Тоҳиров