Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД

19-01-2024, 14:15
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0
НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД
Дар толори Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатии вилоят маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Бадахшон Зунайда Раҷабова, раисон ва кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо, раисони як қатор кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд.
Дар маҷлисмасъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб дар соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28-уми декабри соли 2023, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз санаи 8-уми декабри соли 2023 ва тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ барои нимсолаи якуми соли 2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сараввал, раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб дар соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда гузориш дод.
Ӯ зикр намуд, ки соли 2023 барои кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли иҷрои сарбаландонаи рисолат ва масъулият буд. Дар ин сол тамоми аъзо ва фаъолони ҳизб шуруъ аз аъзои раёсату кумита, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои мушаххасро ба сомон расонида, ба ин васила, саҳми худро дар боло бурдани обрӯвануфузи ҳизб дар ҷомеа ва ободу зебо гардонидани вилоят гузоштанд.
Зикр гардид, ки танҳо соли 2023 ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳриву ноҳиявӣ 442 нафар сокинони шаҳру ноҳияхои вилоят ба таври хаттиву шифоҳӣ муроҷиат карданд, ки аз ин теъдод талаботи 228 нафар шаҳрванд дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” қонеъ гардонида шуда, муроҷиати105 нафари он дар баррасии сохторҳо қарор дорад.Ҳамзамон, дар ин давра ҳизбиёни вилоят бо дастгирии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон ва шахсони эҳсонкору хайрхоҳ ба 408 нафар бепарастору ниёзманд, ятими кулл ва собиқадорони ҷангу меҳнат кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд, ки маблағи умумии он 28 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Анъанаи неки дигаре, ки аз дастгириҳои ҳамешагии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ба 26 нафар шахси ниёзманд ва маъюб додани “нафақаи ҳизбӣ”-и ҳармоҳа аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 12 нафар зиёд шудааст,-иттилоъ дод дар гузориши худ Зунайда Раҷабова.
Ҳамзамон, вобаста ба ташвиқу тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба Маҷлиси Олии мамлакат, рафти иҷроиқонунҳои миллӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ сохторҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб миёни сокинон 840 мулоқоту вохӯрӣ, хонишҳои сиёсӣ ва силсилаи чорабиниҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро баргузор карданд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 256 чорабинӣ зиёд мебошад.
Инчунин,Зунайда Раҷабова ба муҳимтарин масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳи баргузории чорабиниҳо, саривақт доир намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ, беҳтар намудани кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳтар намудани базаи моддиву техникии ҳизб, бартараф намудани мушкилиҳо дар самти вориднамоии аъзои ҳизб ба махзани электронӣ, иштироки ҳатмии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҷлисҳои ҳизбӣ, омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли оянда, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан бештар намудани сафи гирандагони нафақаи ҳизбӣ, сафарбар намудани кормандони касбу кори гуногун барои боздид аз ҷараёни корҳо дар Неругоҳибарқиобии“Роғун”, ташкили намояндагиҳои Ташкилоти ҷамъиятииҷавонон“Созандагони Ватан” дар назди кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногунҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣистиқболгирифтаниҷашни30-солагии таъсисёбии ҳизб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз аъзои ҳизб тақозо кард, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар охир аъзои кумита масъалаҳои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 8-уми декабри соли 2023 ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ-ро барои нимсолаи якуми соли 2024 баррасӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои далдор қабул намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: