Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАҚОМИ ЗАН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

МАҚОМИ ЗАН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

29-04-2024, 16:05
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
     МАҚОМИ ЗАН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд. Зеро, зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қоил гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду тарбияи ӯро гирифтаанд.
Сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад.
Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза гирифта истодааст.
Бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зикргардида ва тақвияти бештари омилҳои мавҷуда таъкиди як иқтибоси таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин фурсати муносиб бамаврид мешуморем: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Мутафаккир ва ҳикматдони машҳур Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чунин гуфта буд, ки «зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст» ва Ҳеродот қайд карда буд, ки «зан паҳлавонест, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад».
Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону бонувон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳимми таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд.
Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Воқеан ҳам, дар ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва бар пояи ахлоқу маънавиёти баланд, қонун ва фармон бунёдёфта ба зан- модар эҳтирому арҷгузории шоиста вуҷуд дошта, яке аз дастовардҳои бузург маҳсуб меёбад.
Шарофати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, ҳамчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 зери унвони «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020" барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.
Занони Точикистон кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми шоистаи худро гузоранд.
Маълум аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам оварда шудааст.
Истиқлоли давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона иштирок намояд.
Ин аст, ки таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати зан, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, устувор сохтани институти оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак аз чониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ бештар аст.
Умуман, барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик ҳамеша омода мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар маҷмуъ, мо, занони кишвар дар ҳамаи Паёмҳо, суханрониҳо ва мулоқотҳо таваҷҷуҳи Пешвои миллатро нисбат ба масъалаи занону духтарон пайваста эҳсос менамоем.
Боварӣ дорем, ки чунин сиёсати Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли мо мусоидат хоҳад кард.
Умедворем, ки занони тоҷик бо нангу номуси баланди миллӣ дар таҳкиму тақвияти давлатдорӣ, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва тарбияи насли солиму ояндасози миллат саҳмгузор мешаванд.

Садоқат НИЁЗҚУЛОВА,
омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: