Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат ба ташаббус, масъулият, кордонӣ ва саҳми занон дар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳои баланд додаанд

Пешвои миллат ба ташаббус, масъулият, кордонӣ ва саҳми занон дар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳои баланд додаанд

27-12-2022, 09:25
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат ба ташаббус, масъулият, кордонӣ ва саҳми занон дар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳои баланд додаандЧораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мақом ва ҷойгоҳи зан дар раванди сиёсии мамлакат марҳила ба марҳила рушд ва густариш ёфта истодаанд.

«Тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занону бонувони ҷумҳурӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бамаротиб боло рафт», -иброз намуд омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Меҳрангез АБДУЛЛОЕВА дар мақолаи хеш.

Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат занону бонувон барои ободию шукуфоии кишвар бо кордонию маҳорати баланд ва маърифати сиёсӣ саҳми беандоза гузошта истодаанд.

Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо нисбат ба занону бонувон ва фаъолияти онҳо дар ҳамаи соҳаҳо ибрози назар намуда, ба ташаббус, масъулият, кордонӣ ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳои баланд додаанд.

Пешвои миллат бавижа дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми занону бонувонро пайваста таъкид месозанд.

Дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 дар радифи ҳамаи самтҳо ба нақшу мақоми занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зикр карданд, ки «солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд».

Натиҷаи чунин тадбирҳои судманд аст, ки занону бонувон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сафҳои Артиши миллӣ софдилонаю содиқона хизмат намуда истодаанд.

Мақоми занону бонувон дар идоракунии давлатӣ таҳким ёфта, «ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, имрӯз иштироки занону бонувон дар соҳаи маориф-73, тандурустӣ-71, фарҳанг-47, бонкдорӣ-39, алоқа-25 ва хизматрасонии иттилоотӣ-40 фоизро ташкил медиҳад. Омори мазкур баръало нишон медиҳад, ки бидуни ширкати фаъолонаи занон рушди бемайлони ин самтҳоро таъмин кардан номумкин аст.

Бо таваҷҷуҳ ба иштироки фаъолонаи занону бонувон дар соҳаи соҳибкорӣ Сарвари давлат тазаккур доданд, ки «таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд».

Вобаста ба ин дар Паёми навбатӣ таъкид шудааст, ки барои амалисозии лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонанд, соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Чунонки маълум аст, нақши занону бонувону модарон дар тарбияи кӯдакон ва насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург мебошад. Ҳамзамон барои он ки онҳо насли ояндаро ба таври самаранок тарбия карда тавонанд, қабл аз ҳама, худ бояд босаводу бомаърифат бошанд. Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат дар фарогирии занону бонувон ба таълим ва соҳибкасб намудани онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар иртибот ба ин дар Паёми навбатӣ тазаккур дода шуд, ки «дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд».

Пешвои муаззами миллат иброз намуданд, ки ҷалби занону бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва давлату ҷомеа дар навбати худ ба неруву ташаббусҳои занон ҳамеша эътимод дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ махсус таъкид сохтанд, ки «мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Ин қадрдонии баланд мояи ифтихору сарафрозии кулли занону бонувон буда, сармашқи кори онҳо маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ гардидаанд, кӯшишу ғайрат намуда, беш аз пеш заҳмат кашида, сазовори боварии Пешвои миллат бошем.

Меҳрангез АБДУЛЛОЕВА,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии
забони англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филологӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: