СИЁСАТИ МОДАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ9-03-2024, 09:30
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Қудрати беназири зан дар он аст, ки ӯ имкони интиқоли арзишҳои маънавӣ, суннатҳои бунёдӣ ва анъанаҳои калидиеро дорад, ки тавассути онҳо миллат ҳувияти худро нигоҳ доштааст. Тавассути аллаи модар тифл нахустин алфози модариро азхуд мекунад ва минбаъд тавассути он муошират менамояд. Чунин ибрози андеша намудааст узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода дар мақолае, ки бахшида ба Рӯзи Модар ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Матни пурраи мақола дар зер оварда мешавад.
— Зан-Модар нигоҳдорандаи гавҳораи тамаддуни инсонист, ки тавассути меъёрҳои он инсон ҳамчун мавҷуди олии иҷтимоӣ боқӣ мемонад. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар нигоҳи инсоният ба Зан-Модар дигаргуна аст. Ин самимият ва муҳаббати хосро мо занону модарони тоҷик махсус эҳсос менамоем. Он аз муҳаббату самимияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Зан-Модар маншаъ мегирад. Дар феҳристи рӯзҳои иди мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат 8 март – Рӯзи Модар дарҷ гардид, ки нишонаи арҷгузорӣ ва эҳтироми хосса ба Зан-Модар дар ҷомеаи тоҷик аст. Маҳз натиҷаи татбиқи самараноки ҳамин сиёсати модардӯстона аст, ки занону модарони сарбаланди тоҷик бо масъулияти баланди ватандорӣ дар роҳи таҳкими минбаъдаи давлати миллии худ гомҳои устувору қавӣ гузошта истодаанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар давлати мо оид ба шинохти мавқеъ ва мақоми занон сиёсати хоссе амалӣ шуда истодааст, ки ҷавҳари онро эътирофи нақши созандаи занону модарон ташкил медиҳад. Эҳтироми хосса, самимияти беандоза ва эътимоду боварӣ ба неруи офаридгорию созандагии зан-модар боиси шаклгирии сиёсати гендерии муваффақ дар Тоҷикистон гаштааст. Сиёсати мазкур принсипҳои муҳимми давлатдории моро дар масъалаи моҳияти демократию дунявӣ доштани давлат инъикос намуда, дар доираи он ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон, баробарҳуқуқии онҳо бо мардон диққати махсус дода мешавад. Таҳлилу омўзиши сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он хусусияти бисёрҷанба дошта, баробарҳуқуқии занону мардон қариб дар ҳама соҳаҳо ба инобат гирифта шудаанд. Конститутсия дар навбати худ ҳамчун кафили асосии ин баробарҳуқуқӣ баромад намуда, дар моддаи 17 баробарҳуқуқии мардону занон ҳамчун меъёри конститутсионӣ муқаррар карда шудааст. Масъалаи мазкур дар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ устувор гардонида шудааст. Дар ин раванд фармони таърихии Президенти мамлакат аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аҳаммияти хоси сиёсӣ дорад. Он такони ҷиддӣ дар роҳи фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа гардид. Дастгирии ташаббусҳои созандаи занон дар меҳвари сиёсати давлат қарор гирифтааст. Ин нукта доимо дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад. Самаранокии татбиқи сиёсати гендерӣ аз мавҷудияти иродаи сиёсӣ ва механизмҳои дақиқ интихобшуда дар ин роҳ вобастагии бевосита дорад. Василаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ниҳодӣ, ташкилӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият ба сифати механизмҳои муҳимми амалинамоии тадбирҳо дар самти густариши мавқеи занон дар ҷомеа баромад мекунанд. Ҳар кадоми онҳо дар ин самт аҳаммияти хоси худро дошта, имкон медиҳанд, ки ҳадафҳои сиёсати гендерӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда шаванд. Ба инобат бояд гирифт, ки таъмини баробарии гендерӣ ҳамчун унсури муҳимми таъсиррасон ба рушди сармояи инсонӣ хизмат мекунад. Бо назардошти аҳаммияти ин нукта силсилаи тадбирҳои амалинамудаи сарвари давлат дар масъалаи таҳсилу илмомўзии занону духтарон моҳияти махсусӣ маърифатӣ дошта, имкон медиҳад, ки ин қишри фаъоли ҷомеа маҳорату дониш ва малакаҳои худро такмил дода, онҳоро баҳри таъмини пешрафт дар ҳама соҳаҳо истифода барад. Истифодаи механизми квотаҷудокунонӣ дар ин роҳ амалест, ки тавассути он якчанд ҳадафҳои муҳим дар роҳи татбиқи сиёсати гендерӣ ба даст оварда шуданд: якум, ҷалби духтарон дар таҳсил боиси болоравии сатҳи маърифатнокии умумӣ дар ҷомеа гардид; дуюм, масъалаи таъмини маҳаллу ноҳияҳои дурдаст бо кадрҳои маҳаллӣ дар сатҳи муайян ҳалли худро ёфт; сеюм, раванди мазкур таъсири бевоситаи худро ба болоравии сатҳи зиндагии оилаҳо расонид; чорум, татбиқи механизми мазкур баҳри шикасти қолабҳои гендерӣ ва тасаввуротҳои шахшуда дар масъалаи таҳсили духтарон ва фаъолияти минбаъдаи ҷамъиятии онҳо мусоидат намуд, ки рақобатҳо дар роҳи ба даст овардани квотаҳо дар ин самт тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд. Ҷанбаи дигари муҳиммеро вобаста ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон метавон ёдовар шуд, ки он инъикоси накши хоссаи Сарвари давлат дар ин роҳ мебошад. Истилоҳҳои дар ҷомеа маъруфи «квотаҳои президентӣ», «стипендияҳои президентӣ» ва «грантҳои президентӣ» худ гувоҳи онанд, ки ин ташаббусҳо воқеан ҳам ташаббусҳои шахсии сарвари сиёсии мамлакат мебошанд, ки бо мақсади дастгирии занону духтарон амалӣ шуда истодаанд. Вобаста ба ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 иброз гардид, ки «танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд». Ин теъдод неруи бузурги ақлиест, ки ба ҷомеа сафарбар гашта, дар тарбияи насли ҷавону пешрафти кишвар саҳми худро гузошта истодааст. Аҳаммияти сиёсию таърихии ин иқдомҳо дар моҳияти ояндабинона доштани онҳо мебошад. Тадбирҳои дар ин роҳ амалишаванда натанҳо масъалаҳои мавҷудаи ҷомеаро имрӯз ҳал мекунанд, балки баҳри пешгирии пайдоиши онҳо дар даҳсолаҳои минбаъда мусоидат мекунанд. Боло бурдани сатҳи маърифатнокии занон яке аз масъалаҳои муҳиммест, ки он воқеан ҳам калиди кушоиши садҳо муаммоҳои иҷтимоии дигар аст. Он василаи муҳимми наҷоти ҷомеа аз хурофоту таассуб буда, равшангари роҳи наслҳои имрўзу минбаъда ба сўйи фардои дурахшон аст. Маҳз аз ҳамин сабаб тарбияи зани бомаърифату босавод дар сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мақоми хос дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаккули низоми маорифи миллӣ, рушди инфрасохтори соҳа, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ имкони бештари ба таҳсил фаро гирифтану маърифатнок гардонидани духтаронро дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фароҳам овард. Таҳлили пешниҳоднамудаи Президенти мамлакат вобаста ба сатҳи маълумоти олӣ дар байни занону духтарон дар замони пеш аз истиқлол ва дар замони соҳибистиқлолӣ инъикоси пешрафти бештар дар ин самт мебошад. Ба таъкиди Пешвои миллат: «умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд». Ин ҳама бозгўйи воқеият дар масъалаи болоравии сатҳи маърифати занону духтарон дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар самти таъмини баробарӣ ва дастрасии таҳсилот мукаммал намудани механизмҳо ба тавсеаи дастрасии духтарону занонро ба зинаҳои гуногуни таҳсилот ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф эълон доштааст. Дар ин раванд ба зинаи сеюми таҳсилот фаро гирифтани духтарон яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар соли равон воридгардида ин имкониятро боз ҳам бештар намуд. Амали мазкур имкони аз таҳсил дур мондани духтаронро аз байн бурда, шароитро баҳри камолоти шахсию касбии онҳо бештар намуд. Омўзишу таҳлили маводи зиёди иттилоотӣ ва илмӣ оид ба омилҳои беҳтар намудани сатҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои воқеии занону мардон нишон медиҳад, ки маҳз сатҳи саводнокӣ ва омодагии касбии занону духтарон имкони васеъро баҳри муваффақ шудани онҳо дар соҳаи иқтисодӣ таъмин намуда, омили муҳим дар роҳи пешгирии ҳамагуна зўроварӣ нисбати онҳо мегардад. Ҷанбаи дигари муҳимми масъала дар муҳайё гаштани имкони бештари худташаккулёбӣ ва рушди шахсияти занону духтарон мебошад. Саводу дониш ҷараёни иҷтимоишавии онҳоро самаранок гардонида, баҳри комёб гардидан дар шинохти арзишҳои иҷтимоӣ, муайян ва устувор гардонидани мавқеи худ дар ҷомеа, муайян намудани муносибат ба рӯйдоду зуҳуроти ҷамъиятӣ ва шинохти тамоюлҳои рушди ҷомеа мусоидат мекунад. Сатҳи баланди маърифатнокӣ дар замони муосир василаи таъмини пешравии касбии занону духтарон, беҳтар кардани сатҳи зиндагии оилавии онҳо, тарбияи дурусти фарзандон ва эътирофи онҳо ҳамчун шахсият дар ҷомеа мебошад. Таҳлил имкон медиҳад то дар бораи раванди муосири татбиқи сиёсати гендерӣ дар ҷумҳурӣ, хусусан дар масъалаи болоравии сатҳи маърифатнокии занон ва бо ҳамин роҳ тақвият бахшидани рушди сармояи инсонӣ маълумот дошта бошем. Шинохти воқеияти номбаршуда гувоҳи дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи маърифатнокии занон ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.