Sky News ба ҳуҷҷатҳои ҷангҷӯёни ДИ дастрасӣ ёфт14-03-2016, 17:29
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
Телевизиони бритониёии "Sky News" мегӯяд, ҳуҷҷат ва иттилои 22 ҳазор ҷангҷӯи гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ"-ро дар ихтиёр дорад.
"Sky News" хабар медиҳад, ин ҳуҷҷатҳоро, ки дар онҳо ном, суроға, рақами телефон ва дигар иттилои хешовандони эҳтимолии ҷангҷӯён мавҷуд аст, аз узви пешини ДИ дарёфт кардааст. Узви пешини ДИ гуфтааст, ҳуҷҷатҳоро аз сардори пулиси дохилии ДИ ба даст овардааст. Sky News хабар медиҳад, дар ин ҳуҷҷатҳо маълумот дар бораи шаҳрвандони бештар аз 50 давлат маҳфуз аст. Ҳуҷҷатҳоро дар корти хотиравӣ марде, ки худро Абу Ҳомид, ҷангии пешини Артиши озоди Сурия меномад, ҳифз кардааст. Ин мард ба ДИ пайваста буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.