Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон факултети филология ва рӯзноманигорӣ бо ду ихтисоси равияи журналистӣ таъсис ёфт

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон факултети филология ва рӯзноманигорӣ бо ду ихтисоси равияи журналистӣ таъсис ёфт

8-02-2024, 13:00
Хабарро хонданд: 691 нафар
Назарҳо: 0
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон факултети филология ва рӯзноманигорӣ бо ду ихтисоси равияи журналистӣ таъсис ёфтСоли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз дастовардҳои назаррас таъсиси 21 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ ҷавобгӯ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура (PhD) ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар Донишгоҳ факултети филология ва рӯзноманигорӣ бо ташкили ду ихтисоси равияи журналистӣ- яке рӯзноманигории байналмилалӣ ва дуюм рӯзноманигорӣ (шореҳи масоили сиёсӣ) таъсис ёфт. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

«Ҳадаф аз ташкили ин ихтисосҳо омода намудани журналистони ҳирфаии донандаи забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад»,-илова намуд Ректори донишгоҳ.

Иброз гардид, ки дар факултетҳои Донишгоҳ мутобиқи нақшаи нави таълимӣ 24 кафедра аз рӯйи 40 ихтисос дар зинаи бакалавриат бо фарогирии 5231 донишҷӯ фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона 3303 нафар ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1928 нафар, дар зинаи магистратура 86 нафар, дар зинаи докторантура (PhD) 30 нафар таҳсил менамоянд.

Дар ин давра донишгоҳ дар таҳияи Стандарти давлатӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақоми байналмилалӣ саҳм мегузорад. Соли 2023 сатҳи донишазхудкунӣ 98,4%-ро дар ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта +1,1 фоиз баланд мебошад.

Дар соли таҳсили имсола аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда ба донишгоҳ аз 1186 ҷой 1096 довталаб тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд, ки ба 93 фоизи нақша баробар аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: