Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шуд

Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шуд

17-01-2024, 14:01
Хабарро хонданд: 449 нафар
Назарҳо: 0
Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шудМаркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил аз рӯйи зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Ба он довталабоне, ки дорандаи сертификатҳои байналмилали TOEFL, IELTS, Duolingo, Goethe, TOPIK ва донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, ҳуҷҷат супорида метавонанд. Хароҷоти таҳсил пурра аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.

Дар баробари ин ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия ва дигар давлатҳои ҷаҳон аз рӯйи 9 ихтисос квотаҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар зинаҳои аспирантура ва докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ квотаҳо пешниҳод шудаанд.

Қабули ҳуҷҷатҳо то 1 марти соли 2024 идома меёбад.

Маблағи таҳсил, иқомат дар хобгоҳ, суғуртаи тиббӣ, стипендияи моҳона, роҳкирои донишҷӯён, мутобиқгардонӣ ба стандарти давлати дахлдор, барасмиятдарории раводид, нашри натиҷаҳои илмҳои таҳқиқоти илми довталабоне, ки аз санҷиши Комиссияи интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мегузаранд, пурра пардохт мегардад.

Довталабоне, ки мехоҳанд ба тариқи бурсия ба донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил шаванд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» супоранд.

Талаботи асосӣ барои довталабон донистани забонҳои хориҷӣ ва дониши васеъ дар соҳаи интихобнамуда мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: