Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад

29-01-2024, 10:09
Хабарро хонданд: 1436 нафар
Назарҳо: 0
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад.

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид.

Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун рӯзи 2 феврал бозӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: