Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ ширкат мекунад

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ ширкат мекунад

22-04-2022, 07:32
Хабарро хонданд: 463 нафар
Назарҳо: 0
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ ширкат мекунад


Дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки аз 3 то 8 май дар Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар шаҳри Скопе дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо дастаҳои Македонияи Шимолӣ (3 май), Гондурас (5 май) ва Косово (8 май) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад.

Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегарданд ва дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11 то 21 май дар назар аст, иштирок мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

3 май (сешанбе)

19:00 – Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Косово – Гондурас

Даври 2

5 май (панҷшанбе)

19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

Даври 3

8 май (якшанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово

20:00 – Македония – Гондурас

Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

АКС: ФФТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: