Қабули эътимоднома аз 10 сафири нав14-03-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 11-уми март, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нав эътимоднома қабул намуд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка хонум Элизабет Инга Миллард, Ҷумҳурии Белорус Олег Иванов, Туркманистон Чари Атаев, Шветсия хонум Ингрид Терсман, Ирландия Эдриан Макдейд, Юнон хонум Данаи - Магдалина Куманаку, Маҷористон Андраш Барани, Бразилия Клаудио Раҷа Габаглиа Линс, Бруней Доруссалом Ҳоҷӣ Маҳадӣ Маидин ва Того Оуро Сама Муҳаммад Сад эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати мутавозину сулҳхоҳона ва санҷидаву фарогирро пеша карда, муносибатҳои мукаммали байналмилалиро бо тамоми кишварҳои ба он дӯсту хайрхоҳи ҷаҳон ба роҳ монд. Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Амрико, Белорус, Туркманистон, Шветсия, Ирландия, Юнон, Маҷористон, Бразилия, Бруней Доруссалом ва Того андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд. “Ҳадаф аз ин ҳамдастии мо саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли проблемаҳои умдаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад” - таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки масъалаҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба самти нисбатан наву рушдёбандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. prezident.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.