Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эмомалӣ Раҳмон: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон-сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз»

Эмомалӣ Раҳмон: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон-сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз»

20-01-2016, 12:40
Хабарро хонданд: 366 нафар
Назарҳо: 0
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон-сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз»
«Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад», — иброз дошт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар.

Сарвари давлат илова намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад. Дар ин росто, мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон, аз ҷумла Федератсияи Россия идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид.

«Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад. Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ, бартараф карда шаванд», — тазаккур дод Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: