Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН

ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН

18-12-2023, 10:46
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОНДар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» 20020,1 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе нақша тартиб дода шудааст, ки тибқи он захираи маводи хӯрокворӣ бояд то 25 декабри соли 2023 пурра иҷро гардида, то ин муддат маҳсулот дар ҳаҷми зарурӣ захира карда шавад.

Аз ҷумла, тибқи нақшаи тасдиқшуда, бояд то 25 декабр 5000 тонна картошка, 7000 тонна пиёз, 1000 тонна сабзӣ, 6000 тонна гандум, 2000 тонна шакар, 500 тонна равғани растанӣ, 3000 тонна орд, 100 тонна биринҷ захира шавад.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» Хайрулло Сафарзода иброз дошт, дар айни замон аз ҷониби корхона дар сардхонаҳои масуси нигоҳдории маҳсулот 3643 тонна картошка, 7005 тонна пиёз, 6500 тонна гандум, 1153 тонна шакар, 522,8 тонна равғани растанӣ, 1020 тонна орд, 176,3 тонна биринҷ захира шудааст.

«Маҳсулоти захирашуда дорои сифати хуб буда, дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон ва ширкатҳоии ватанӣ харидорӣ ва захира шудаанд»,-иброз дошт Хайрулло Сафарзода.

Иттилоъ дода шуд, ки ғайр аз ин дар нуқтаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе новобаста аз фасли сол, яъне ҳамарӯза ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудааст.

«Мақсад аз баргузории ин ярмаркаҳо- таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад»,-гуфт муовини директори КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе».


Ба гуфтаи мавсуф, дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд. Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҳамарӯза идома доранд.

Хайрулло Сафарзода иброз дошт, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш ёфтани нархи бисёре аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мусоидат намудааст. Аз ҷумла, дар айни замон дар ин ярмаркаҳо нархи маҳсулот чунин мебошад: 1 кг шакар 11 сомонӣ, 1 кг биринҷ 11 сомонӣ, 5 литр равған 70 сомонӣ, 1 кг гӯшт 65 сомонӣ, 1 кг пиёз 3 сомонӣ, 1 кг картошка аз 4 сомониву 80 дирам то 5 сомониву 20 дирам, 50 кг орди навъи якум 260 сомонӣ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: