Иқдоми шаҳрдорӣ; фаровонии маҳсулоти ниёзи аввалия дар Соли нави мелодӣ24-12-2018, 11:45
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинон дар арафаи таҷлили Соли нави мелодии 2019 аз санаи 21 декабри соли ҷорӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мавриди амал қарор гирифтанд. Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал то ба санаи 31 декабри соли равон идома ёфта, мақсади аслии ташкили он нигоҳ доштани тавозуни қиммати маҳсулоти ниёзи аввалия дар нуқтаҳои фурӯш маънидод мегардад. Гуё ба расмият даромадааст, ки дар ҳама ҷашну маросимҳо қиммати маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои кишвар бахусус пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, ба маротиб рӯ ба афзоиш меоварад, ки чунин иқдоми накӯ метавонад ба нигоҳ доштани болоравии арзиши ин номгуй маҳсулот рақобат намояд. Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур, майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино, майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гашта истодаанд, ки тибқи мушоҳидаҳои мо дар ярмаркаҳо деҳқонони хоҷагиҳои деҳқонии хурду бузург аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷалб карда шудаанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки арзиши қисми беши маҳсулоти дар ярмаркаҳо ба фурӯшгузошта нисбат ба дигар нуқтаҳои фурӯш наздики 25, 30% паст мебошад. Ба иттилои назоратчиёни ярмаркаҳо ҳамарӯза вобаста ба талаботи харидорон маҳсулоти ниёзи аввалия ворид карда шуда, ҷиҳати роҳ надодан ба костагиҳо камисяи амалкунанда ташкил шудааст. Суғдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.