Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе ярмаркаҳои доимии зимистона ташкил карда мешаванд

Дар Душанбе ярмаркаҳои доимии зимистона ташкил карда мешаванд

7-02-2018, 07:42
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе ярмаркаҳои доимии зимистона ташкил карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимии зимистона оид ба фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар давраи зимистон ташкил карда мешаванд. Дар робита ба ин аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур, Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» бояд дар даромадгоҳи асосии КВД «Бозори Деҳқон», даромадгоҳи асосии КВД «Бозори Саховат», майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва майдончаи назди бозори «Ховарон» ярмаркаҳои доимии фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил намояд.

Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе уҳдадор шудаанд, ки ҷиҳати иҷрои банди мазкур мусоидат намуда, барои фароҳам овардани шароити фурӯш дар ҷойҳои муайяншуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: