Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ АТЛАС ВА АДРАСБОФӢ

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ АТЛАС ВА АДРАСБОФӢ

18-12-2023, 10:43
Хабарро хонданд: 1352 нафар
Назарҳо: 0
НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ АТЛАС ВА АДРАСБОФӢТавре қаблан иттилоъ додем, аз 4 то 9 декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор шуд. 5 декабр зимни ҷаласа номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон— «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас» бо гирифтани кулли овозҳои ҳайати комиссия расман дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуд.

Истеҳсоли абрешим ва аз он бофтани навъҳои гуногуни матоъ таомул ва анъанаи неки аҷдодӣ ба шумор меравад. Хушбахтона, солҳои охир анъанаи атласбофӣ ва адрасбофӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба рушд ниҳодааст. Дар мақолаи мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобочон Ғафуров Исломҷон Раҳимов, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардид, роҷеъ ба таърихи атлас ва адрасбофӣ маълумот манзур гардидааст.

— Мардуми тоҷик дар таърих ҳамчун бофандагони моҳири матоъҳои нафис ном бароварда буданд. Маҳсулоти бофандагии деҳаи Занданеи Бухоро дар давраҳои тоисломӣ то ба Аврупо рафта буд ва порчаҳои боқимондаи онҳо то кунун дар осорхонаҳои ин давлатҳо боқӣ мондаанд. Матоъҳои занданегӣ, кимхо, дебо, атлас, карбос, суф, беқасаб, шоҳӣ ва амсоли инҳо дар осори таърихӣ хеле зиёд оварда шудаанд, ки маҳсули дастони аҷдоди мо мебошанд.

Таърихи атласу адрасбофии тоҷикон

Атласбофӣ дар байни тоҷикон ҳамчун бахши бофандагӣ таърихи дароз дорад. Ба рушду пешрафти абрешимбофӣ дар Хуҷанди бостонӣ Шоҳроҳи Абрешим таъсири зиёд расонидааст. Тоҷирон аз Чин ба шаҳрҳои Осиёи Миёна абрешим оварда, мефурӯхтанд.

Дар навбати худ косибону ҳунармандони суғдӣ ба Чин рафта, нозукиҳои ҳунарҳои кирмакпарварӣ, абрешимресӣ ва атласбофиро аз устоҳои чинӣ омӯхта, баргашта, дар сарзамини худ ба парвариши кирмаку истеҳсоли нахҳои абрешимин шуруъ намудаанд. Дар садаҳои IV-V соҳаи кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ дар байни суғдиёну бохтариён тараққӣ намудааст.

Ниёгони тоҷикон дар асрҳои баъдӣ дар истеҳсоли абрешим ва матоъҳои абрешимӣ, ки ба атласи ҳозира монандӣ дошт, шуҳрат пайдо намудаанд.

Дар таърихномаҳои куҳан доир ба пӯшидани либос ва ё қабои атлас аз ҷониби шоҳон ва ҳокимони олимартаба нақлҳои фаровон ҷой доранд.

Бино бар ахбори муаррихи замони Ғуриён (сулолаи шоҳони тоҷик дар Афғонистон баъди давлати Сомониён) – Қозӣ Минҳоҷ Сироҷи Ҷурҷонӣ дар асари «Табақоти носирӣ» Султон Алоуддини Ғурӣ ҳангоми ҷанг ва саф оростани лашкар бар муқобили душманон қабои атласи бо лаъл ороста пӯшида, ба ҳарб мебаромад. Тобеонаш аз вай пурсиданд, ки чаро ин корро анҷом медиҳад? Дар посух Алоуддин мегӯяд: «Аз барои он ки тир ё найза ё шамшер андоми маро маҷрӯҳ гардонад, лаълии (яъне сурхии) хуни ман ба воситаи қабои лаъл зоҳир набошад, то дили ҳашами ман нашканад».

Бино бар шаҳодати таърихномаҳои куҳан, матоъи атласро дар шаҳрҳои зиёди тоҷикнишин, ба монанди Самарқанду Бухоро, Ҳироту Хуҷанд, Истаравшан, Табрезу Нишопур ва чанде дигар мебофтаанд. Бино бар маълумоти Ибни Асир дар асараш «Таърихи комил», ҳокими муғул ба бофандагону хайётони шаҳри Табрез супориш дода будааст, ки барояш хаймаҳое аз атлас тайёр намоянд. Аҳли ҳунари Табрез бо истифодаи атлас ва пўсти ҷонварон хаймаҳои зиёдеро барои ҳокимони муғул омода намуда будаанд, ки дар зебоӣ беҳамто будаанд.

Истеҳсоли нахҳои абрешимӣ


Косибони тоҷик аз даврони қадим ба парвариши кирмак ва истеҳсоли нахҳои абрешимӣ машғул буданд. Пиллаҳоро аз водиҳо ба бозорҳои шаҳрҳои калон меоварданд ва ресидани нахҳои абрешимӣ, асосан, дар ду кону коргоҳҳои шаҳрҳо доир мешуд. Раванди коркарди калобаҳои абрешимӣ аз марҳилаҳои пиллакашӣ, найчакашӣ ва «аштобчигӣ», даврагарӣ ё танидан иборат буд. Ин амалҳо аз косибон донишу маҳорати махсус талаб менамуд. Барои истеҳсоли нахҳои абрешимӣ дар дегҳои калон об андохта, пиллаҳоро дар об меҷӯшониданд. Вақте ки пиллаҳо нӯг медоданд, онҳоро тавассути дастгоҳи чӯбии норбонак гузаронида, дар дуки чарха мепечониданд.

Бофтани ин ё он матоъ раванди дуру дароз ва душвор аст, ки аз нозукиҳо ва донишу таҷрибаҳои суннатӣ иборат мебошанд. Чунончи, пас аз ин ки ресмонҳо ё калобаҳоро ресида, барои матоъбофӣ омода менамоянд, пеш аз ҳама, бояд онҳоро ранг намуд ва тавассути ҳунари абрбандӣ гулпартоӣ намуд. Абрбандӣ як навъ санъати гулпартоӣ мебошад, ки бо танидани абрешим ва печонидани ресмон дар нахҳои тор амалӣ мешавад. Тавассути амали абрбандӣ матоъҳои атлас, адрас, шоҳӣ ва баъзан алоча нақшгузорӣ мешаванд.
НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ АТЛАС ВА АДРАСБОФӢ
Сабки ороиш ва навъҳои адрас


Адрас дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшу нигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо як хел буд. Матои адрас аз торҳои абрешимин ва нахҳои пахтагин бофта мешавад, ки тори он аз 15-20 пиллаи даҳбанда иборат мебошад. Торҳои адрасро абрбандӣ намуда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт.

Атлас матои абрешимӣ ва нимабрешимӣ буда, тарзи бофтан ва дукони он аз дукони адрасбофӣ андакетафовут дорад. Атласбофӣ дар Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маъмул буд.

Дар Хуҷанд атласи хушранг ва олисифаташро «хонатлас» меномиданд, ки дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии онро шоҳсабз, барги карам ва атласи сиёҳ меномиданд. Атласи абрешимиро барои либосҳои занона ва нимабрешимиашро барои абраи кӯрпаю кӯрпача ва ғайра истифода мебурданд.

Муҳаққиқони рус дар асри ХІХ дар чандин асарҳояшон доир ба рушд намудани кирмакпарварӣ дар ин шаҳру навоҳии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маълумот додаанд. Аз замонҳои қадим шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои маъруфи истеҳсолкунандаи абрешим буд. Дар ибтидои асри бист дар герби шаҳри Хуҷанд ҷой дода шудани тасвири барги тут ва кирмак нишонаи он буд, ки сокинонаш ба парвариши кирмак ва истеҳсоли абрешиму бофтани матоъҳои абрешимин мутахассис буданд.

Сайёҳ ва ховаршиноси рус А.Д. Гребенкин соли 1864 ба Осиёи Марказӣ рафта, хотироти худро дар бораи рӯзгор ва фаъолияти тоҷикон дар маҷмуаи «Туркистони Русӣ» дарҷ намудааст. Ӯ қайд кардааст, ки «дар Осиёи Миёна дар маҷмӯъ, фабрикаву заводҳо вуҷуд надоранд; ҳатто коргоҳе, ки ба сохтани бинои калон, харидани мошинҳо ва кироя кардани мудирон сармоя сарф кунад, дида намешавад. Дар ин ҷо ҳар гуна истеҳсолоти косибӣ ба ҳаҷми хурд маҳдуд мешавад, ба дасти мизоҷон тақсим шуда, дар як ҷой ҷамъ намешавад…Қисми калони ҳунармандии минтақа дар дасти тоҷикон мебошад: онҳо нисбат ба дигар халқҳо дар устохонаҳои худ шумораи бештари коргарон ва дастгоҳҳо доранд. Ба ҷуз ин, онҳо дар баъзе ҳунарҳо рақиб ва назир надоранд. Тоҷикон ҳамчун мардуми ҳунарманд дар кори худ устувор ва тавоно мебошанд, кори худро бо шавқу завқ ва бо олоту усулҳои беҳтарин иҷро менамоянд. Ба санъати баланди маҳсулоти онҳо ҳеҷ кас дар минтақа баробар шуда наметавонад».

Давоми солҳои 1930-юм дар Тоҷикистон соҳаи бофандагӣ рушд ёфт ва атласу адрас, беқасаб ва алочабофӣ низ ҳамчун бахшҳои он беш аз пеш тараққӣ намуданд. Дар фабрикаҳои абрешимбофии шаҳрҳои Душанбе ва Ленинобод (Хуҷанд) минбаъд ба таври васеъ истеҳсоли атласи абрешимӣ бо нақши абр ба роҳ монда шуд. Бо назардошти дар ин шаҳр ҷой доштани анъанаи чандинасраи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли матоъҳои абрешимин дар замони то соҳибистиқлолӣ Комбинати шоҳибофиро дар ҳамин шаҳр таъсис дода буданд. Фаъолияти устоҳои касбии атласбофро ба назар гирифта, дар он замон коргоҳи “Хуҷанд-атлас” кушоданд.

Дар шаҳраки Шаҳринав артели бофандагӣ ба кор оғоз намуд. Баъдтар як қисми кормандони он ба Душанбе омада, ба муассисаҳои абрешимбофӣ ба кор даромаданд. Қисми дигари коргарон дар Қаратоғ алочабофиро идома медоданд. Соли 1972 дар Қаратоғ коргоҳи бофандагии «Дилором» кушода шуд. Дар он ҷо алочаи пахтагин истеҳсол шуда, барои фурўш ба мағозаҳои кишвар интиқол дода мешуд. Дар корхонаҳои абрешимбофии Душанбе, Хуҷанд, Шаҳринав ва Қўрғонтеппа беш аз 20 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ»,«Туҳфа», «Тўёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд.

Рушди адрасу атласбофӣ дар замони соҳибистиқлолӣ


Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳунармандӣ ҳамчун бахши фарҳанги миллӣ ва як пояи иқтисодии мамлакат шинохта шуд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои давлатӣ, аҳли илму фарҳанг, воситаҳои ахбори омма ва дигарон ба рушди касбу ҳунарҳои суннатӣ беш аз пеш афзуд. Бо эълон шудани соли 2018 Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва идомаи он дар солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат таваҷҷуҳи аҳли илму фарҳанг, ҳунар ва масъулони соҳаҳои фарҳангу иқтисод, саноат, шуғли аҳолӣ ва ғайра ба касбу ҳунарҳои анъанавии мардумӣ афзуд. Имрӯз дар шаҳрҳо ва маркази навоҳӣ ва ҷамоати деҳоти мамлакат марказҳои гуногуни адрасу атласбофӣ фаъолият доранд.

Атласи тоҷик берун аз мамлакат низ обрую шуҳрат пайдо намудааст. Давоми солҳои охир дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегарданд, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: