Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Маркази ҳунарҳои мардумӣ ва атласу адрасбофӣ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ифтитоҳи Маркази ҳунарҳои мардумӣ ва атласу адрасбофӣ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

7-10-2021, 13:02
Хабарро хонданд: 108 нафар
Назарҳо: 0
07.10.2021 11:48, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Маркази ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли атласу адрас ва сехи дӯзандагиро мавриди истифода қарор доданд.

Дар саҳни ҳавлии маркази ҳунарҳои мардумии ноҳия Бобоҷон Ғафуров намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хурокҳои миллӣ, нону маҳсулоти хамирӣ, намудҳои гуногуни асал, банду басти маҳсулоти марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳо, хушкмева ва нақшу нигораҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара Панҷакент, Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ба намоиш гузошта шуда буд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба сифати маҳсулот ва ҳунарҳои мардуми ин шаҳру ноҳияҳо баҳои баланд доданд.

Дар сехи дӯзандагии маркази ҳунарҳои мардумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 50 адад мошинаи муосири дарздӯзӣ ва 30 дастгоҳи бофандагӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардида, барои кор дар онҳо 100 нафар дар сехи дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ ва аврабандӣ, ки дар қисми дигари сехи дӯзандагӣ ҷойгир аст, ба кор ҷалб шудаанд.

Дар ин ҷо матоъҳои аз лиҳози сифатнокиашон баланд аз маҳсулоти ватанӣ, пахта ва риштаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба занону бонувони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам шудааст. Ҳамчунин илова гардид, ки дар ин коргоҳ ҳамарӯза аз ҳар як дастгоҳи атласу адрасбофӣ аз 10 то 15 метр матоъи аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мегардад ва он дар бозорҳои дохилӣ ва берун аз ҳудуди ноҳия талабгорони зиёд доранд.

Акнун дар ин марказ дилхоҳ нафароне, ки хоҳиши касбомӯзӣ доранд, тариқи ройгон ва дар асоси роҳхатҳои Агентии шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ва инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Дар ин давра дар вилоят марказҳои ҳунарҳои мардумӣ бо садҳо ҷойи корӣ бунёд гардид ва ҳунармандон тавонистанд муваффақият ба даст оранду маҳсули эҷоди худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Баъди шиносоӣ бо марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани ин тадбири хайр ба масъулин барору муваффақият орзу карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: