Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Надежда Савченко гуруснанишиниро қатъ кард

Надежда Савченко гуруснанишиниро қатъ кард

14-03-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Надежда Савченко гуруснанишиниро қатъ кард
10 март Надежда Савченко ба обнӯшӣ шурӯъ кард.Вай аз 3 март аз нӯшидани об худдорӣ мекард. Дар ин бора дар Твиттер вакили дифои вай Николай Полозов хабар дод.

Марк Фейгин, вакили дигари Савченко баъд аз дидори зерҳимояаш дар боздоштгоҳи шаҳри Новочеркасск гуфт, ки ба Надежда номаи президент Порошенкоро расонидааст, ки дар он раиси ҷумҳури Украина хоҳиш мекунад, ки худдорӣ аз нӯшидани обро қатъ кунад.

Надежда Савченко розӣ шуда, бо сипос аз ҳимояти украиниҳо гуфтааст, ки муборизаи худро то замони эълони ҳукм идома медиҳад. Интизор меравад, ҳукми Савченко 21 ё 22 март эълон шавад. Ба гуфтаи вакил, Савченко бар ин назар аст, ки обнӯшии дуборааш ақабнишинӣ нест. Вай ин амалро ҳамчун пирӯзӣ медонад ва умедвор аст, ки талошҳои мақомоти Украина барои озодии вай дар ниҳоят амалӣ мешавад.

Пештар президенти Украина Петр Порошенко изҳори омодагӣ кард, ки барои бозпас овардани Савченко ба хона, ӯро иваз кунад.

Ба эътиқоди вакил, масъалаи бозовардани Савченко ба Украина метавонад дар моҳи апрели соли ҷорӣ анҷом ёбад. Надежда Савченко 3 март худдорӣ аз обнӯширо оғоз кард. Он рӯз ба вай иҷоза надоданд, ки дар ҷаласаи додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростов паёми ниҳоии худро бигӯяд. Киев талош дошт, ки ба назди Савченко духтурҳои украинӣ дароянд, аммо мақомоти Русия чунин иҷозаро надода, гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири рафтори беадабонаи сарбози украинӣ дар додгоҳ гирифта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: