Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РИСОЛАТИ ҲЕҶ ЯК ДИН ДАР АСЛ БУНЁДИ ДАВЛАТ НЕСТ

РИСОЛАТИ ҲЕҶ ЯК ДИН ДАР АСЛ БУНЁДИ ДАВЛАТ НЕСТ

5-12-2023, 10:50
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
РИСОЛАТИ ҲЕҶ ЯК ДИН ДАР АСЛ  БУНЁДИ ДАВЛАТ НЕСТ
Замони ноором ва ҷаҳони пурталотум дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва тезутундшавии муборизаҳои геосиёсӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, дар баробари дигар арзишҳои инсонӣ - демократия, ҳуқуқу озодиҳо, соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ динро низ сӯиистифода менамояд.
Дар чунин фишороварии маҷмуӣ вазъи давлатҳои миллӣ аз ҷанбаҳои мухталиф осебпазир мегардад.
Дар ин таҳдиди марказонидашудаи харобиовар унсурҳои эътиқодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ то ҷойе ба ҳам иртибот пайдо менамоянд.
Рисолати истодагарӣ ба ин ҳуҷуми мафкуравии мураккаб танҳо кори мақомоти давлатӣ набуда, он ба вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд, ҳар низоми мафкуравӣ, ҳар ниҳоди илмӣ ва хосатан, зиёиён ва донишмандони миллат табдил меёбад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ як дин дар умқи пайдоишаш нахуст сиёсӣ набудааст. Баъдан, талаботи иҷтимоӣ, қонунияти зиндагии дастҷамъӣ ва манфиатҳо онҳоро сиёсӣ намудаанд. Зеро мақсади марказии ҳар дин дар баробари шинохти Офаридгор ҳидоят ба амалҳои шоиста ва ташаккули инсони солеҳ буда, паҳнои таъйиноти аслаш қалби инсонӣ мебошад. Аз ҷумла, дини мубини ислом низ. Аз ин хотир, динҳо аз рӯзи аввали бунёдашон ҳамчун объекти марказии тарғиб ба амалҳои шоистаи некукирдорӣ, адлу инсоф, раҳму шафқат ва озодиҳои ботинӣ такя намуда, ҳамеша ҳидоят ба ғалабаи некӣ бар бадиро ҳамчун хатти марказии таълимоти худ дар андешаи башарият ҷой мекарданд.
Маҳз ҳамин ғалаби некӣ бар бадӣ дар роҳи инсонсозӣ дар масири таърих нуктаи зиёд аз таъсирбахши эътиқодӣ буд, ки дар ибтидои ташаккули ҳар ҷаҳонбинии динӣ ба арзишҳои умдаи башарӣ такя намуда, бовари мардумро зиёда мекард.
Ин боварӣ тавассути эътирофу раҳнамоиҳое, чун озодии виҷдон - “дар дин маҷбуркунӣ нест”, таъмини адли умум (тарозуи адли холис), ҳимояи манфиати ҷисмонию маънавӣ ва ғайра дар оғоз роҳ ба қалби мардум меёфт. Вале, баъдан, бо ворид шудани манфиатҳои дигар ба паҳнои ҷаҳонбинии динӣ меросбарони ҳар дин ҷаҳонбинии диниро ба самти манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ тавсеа бахшиданд.
Дуруст аст, ки дар тангнои таърихӣ зери фишори заруратҳо ислом низ сиёсӣ шуд, вале ин симат асли таълимоти ибтидоии дини ислом набуд. Зеро рисолати ҳеҷ як дин дар асл бунёди давлат нест ва ҷаҳонбинии динӣ на ҳамчун сиёсати давлатӣ, балки ҳамчун таълимоти эътиқодӣ рӯйи кор омадааст.
Бинобар он, дар масири таърих афкори мусбати динӣ ва таҷрибаи зиндагии дастҷамъонаи мардуми мусулмон сиёсисозии динро ба баҳсҳо кашид ва роҳҳои наву мухталифи дигари рушдро интихоб намуд.
Замони нав афзалияти намои давлатҳои демократию миллӣ ва ҷудоии дин аз ҳокимияти давлатиро ба манфиати инсон ва эътиқоди вай собит намуд. Давлат динро таҳти ҳимояи худ қарор дода, онро ҳамчун навъи ҷаҳонбинӣ, шакли зуҳури ҳуқуқ ба озодии виҷдон кафолат дод. Дигар ба тобиши сиёсӣ додани дин ҳеҷ зарурат нест.
Ҳар нафаре, ки таърихи дин, қонунияти рушди таърихии падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро нағз медонад, таъсири замону макон ба ташаккул ва рушди ҳодисоти иҷтимоӣ ва диалектикаи табдилу такмили ҳодисоти иҷтимоиро ҳамчун қонуният фаҳм намудааст, барои ӯ равшан аст, ки сиёсисозони муосири ислом ҷонибдорони эътиқоди асл нестанд, онҳо манфиати давлату миллатро не, балки манфиатхоҳони ғаразноке ҳастанд, ки исломро восита, эътиқодро сӯиистифода менамоянд.
Замони нав боз сифатҳои дигари онҳоро ҳамчун хизматгорони хоҷагони чоплусу душманони дину давлат, ки мардуми содаро чун сипоҳиёни бепул истифода мебаранд, кашф намудааст.
Бадбахтии дигар он аст, ки ин тамоюлу равишҳои носолими эътиқодиро зери парчами озодиҳо ва ҳуқуқҳо давлатҳои бузурги олам бо ҳар роҳу воситаҳо дастгирӣ менамоянд. Зеро, аз нооромии кишварҳои олам манфиат ва фоидаи онҳо бештар мешудааст.
Манфиат на танҳо ба “забони гуфтугӯи давлатҳо” тарзе ҳақиқатнигорона муҳаққиқон иброз намудаанд, инчунин ба ҳадафи марказии амалкардҳо табдил ёфтааст.
Албатта, дар чунин шароит, тавре Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, шаҳрвандони мамлакат бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Калиди таъмини зиракии сиёсӣ дар шароити муосир худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва шинохти дурусти орзуву ормонҳои эътиқодӣ аст.
Бале, шинохти дурусти таҳаммулгароёнаю хирадмандонаи аркони динӣ, ки ба саодати миллату давлат мувофиқу созгор буда, ҷаҳони маънавии инсонро ба некӯӣ, риояи қонуният, таъмини амният, оромии ҷомеа, эҳтироми инсон, арҷгузории қудрати сиёсӣ ҳамчун сарчашмаи низом, хоксорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дигар амалҳои шоиста ҳамчун ғалабаи некӣ бар бадию фасод ҳидоят менамояд, дар шароити имрӯз воситаи муассири ҳимояи ҷаҳони ботинии шаҳрвандон, аз ҳуҷумҳои эътиқодии душманони миллат аст.
Беҳтарин усули ин тариқатро мазҳаби аҷдодии мо дар ҳамовозии мавзуни манфиатҳои миллӣ ва эътиқодӣ таҳия ва ҳидоят намудааст. Нухбагони ин мазҳаб низому тартиб, амнияти давлатӣ, итоаткорӣ аз қонун ва ҳимояи манфиати умумро дар шакли итоат ба амру фармонҳои Роҳбари давлат дар ҳама шароит афзалтар аз ҳар навъ бенизомӣ ва бетартибиҳо донистаанд.
Ҳамин нукта барои душманони мо гӯё аст, ки мазҳаби бобоии мо бо низоми идораи давлати миллӣ ва дунявии мо таърихан мушкилӣ надорад.
Ҳадафу мақсадҳои нопоки наҳзатиёну душманони давлату миллати тоҷик на дар мазҳаб ва ойини эътиқодии мо, балки дар пояи ғаразҳои шахсию гурӯҳии онҳо реша дорад.
Тавре болотар таъкид гардид, замони ноором ва ҷаҳони пурталотум дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва тезутундшавии муборизаҳои геосиёсӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, дар баробари дигар арзишҳои инсонӣ-демократия, ҳуқуқу озодиҳо, соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ динро низ сӯиистифода менамояд.
Дар чунин фишороварии маҷмуӣ вазъи давлатҳои миллӣ аз ҷанбаҳои мухталиф осебпазир мегардад. Дар ин таҳдиди марказонидашудаи харобиовар унсурҳои эътиқодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ то ҷойе ба ҳам иртибот пайдо менамоянд.
Рисолати истодагарӣ ба ин ҳуҷуми мафкуравии мураккаб танҳо кори мақомоти давлатӣ набуда, он ба вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд, ҳар низоми мафкуравӣ, ҳар ниҳоди илмӣ ва хосатан, зиёиён ва донишмандони миллат табдил меёбад.
Дар ин мубориза ҳар ниҳоду мақомот дар доираи рисолати оинномавиаш фаъолият менамояд, вале рисолати зиёиён ва донишмандони динӣ бамаротиб ҷиддитар мегардад. Онҳо дар ин раванди махлутсозии дин ба арзишҳои дигар дар ҳолати вазнини муборизаи мафкуравӣ қарор мегиранд. Нафароне, ки дониши казоӣ надоранд, ба илм ва таълимоти гирифтаашон бовар надоранд, худашон зуд ба ҳиллагарони динӣ табдил меёбанд ва ё дар дигар ҳолат хомӯширо ихтиёр мекунанд.
Ин ҳолат вазъи истодагарии мафкуравии миллатро осебпазир мегардонад.
Дар шароити ноороми фикрӣ маҳз донишмандони давру замон ба сохтору ниҳодҳои қудратию мафкуравӣ бояд ғизои маънавӣ ва эътиқодии солим дода тавонанд. Ин рисолати азимро Роҳбари хирадманди миллат бо дарки вазъияти ноороми ҷаҳон назди халқи мо назаран ва амалан гузошта, роҳҳои расидан ба онро низ ба мо маротибаҳои зиёд таъкид намудаанд.
Якум, қатъиян риоя намудани ҳидояте, ки Пешвои миллат пайваста дар ҳар баромадашон таъкид менамоянд, ки “Миллат бояд афзалият ба илм ва донишомӯзӣ диҳад”. Илме, ки аз назари таълимоти мазҳабии мо низ “афзалтар аз имон мақом дорад” (Ас саводу-л-аъзам).
Имрӯз шароити мавҷудаи мафкуравии ҷомеа, вазъи кашфиёту дастовардҳо ва мубрам будани рушди илмҳои дақиқ ҳамчун унсури ғизодиҳандаи истеҳсолоти ватанӣ ва ҷалби сармояи моддӣ ва маънавӣ далолат бар он дорад, ки миллат аз ҳар ҳуқуқҳои дигар бештару бузургтар ба ҳамин - ҳуқуқ ба таҳсил эҳтиёҷ дорад.
Комилан имкон дорад, ки дар шароити муосир ба хотири ин ҳуқуқ мо дар сатҳи муайян баъзе ҳуқуқу озодиҳоямонро маҳдуд созем, имтиёзҳои давлатиро ба устодону омӯзгорон бештару онҳоро аз ҳар ҷиҳат ҳамҷониба дастгирӣ намоем.
Имрӯз воқеан, устодон ва фазои илму маорифи мамлакат ба дастгирии бештари давлатӣ эҳтиёҷи қавӣ доранд, чунки миллат аз ҳарвақта дида бештар ба фарзандони донишманд зарурат пайдо намудааст.
Пӯшида нест, ки ин тадбирҳо ва умуман, мактабу маориф дар сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мақоми меҳварӣ доранд ва бо дастгирию роҳнамоиҳо ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ идома дода мешаванд.
Дар шароити муосири фасодшавии ҷомеаҳо давлатҳои миллиро на демократияи либералӣ, на тантанаи ҳуқуқҳои шахсӣ, на озодиҳои бесарҳад ва ҳатто на рушди бемайлони иқтисодии ҷомеаи сармоядорӣ, балки рушди маориф, илм, ахлоқ ва татбиқи қатъии ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил ва сатҳу сифати мутобиқ ба талаби замону макон дар ин раванд наҷот хоҳад дод.
Дуюм, бетараф набудан нисбат ба худ, нисбат ба оила ва нисбат ба Ватан, ки пайваста Пешвои миллат моро ҷиҳати тарбияи маънавии шахс, устувории оила ва ватандӯстӣ даъват менамоянд.
Ин маънои онро дорад, ки ин қишрҳои мухталифи ҷомеа бояд пайваста эҳсос намоянд, ки давлати ҷавони миллӣ, ки ба вай ҳамаи мо такя мекунем ва аз он саодати хешро ҷӯё мешавем, мисли ҳар як организми зиндаи иҷтимоӣ ба садоқату заҳмати софдилонаи мо зарурати таърихӣ дорад. Зеро аз садоқату муҳаббати мо ба Ватан амнияти фазои мафкуравӣ ва аз заҳмати софдилонаамон рушди фазои илмӣ ва иҷтимоию иқтисодии давлат ва ободии фардои Ватан вобаста аст. Ватандӯст будан дар шароити имрӯз барои ҳар фарди ҷомеа ниҳоят зарур мебошад. Ватанро бо забон не, бо зоҳири амалҳо не, чуноне ки бисёриҳо худнамоӣ менамоянд, балки Ватанро ба сони давлату миллат, падару модар, ҳамсару фарзандон, саодати оилавӣ ва амнияту оромии комили худу наздикон дарк намуда, ба қадри он расидан ва бо қалб дӯст доштану бо руҳамон ҳастии маънавии онро ҳамчун ҳақиқати бебаҳси ҳастии худ ва пайвандонамон эҳсос намудан зарур аст.
Руҳе, ақле, инсоне, ки дар шинохти ҳақиқат беҳосил аст, воқеияти ҳастӣ ва лаззати будан дар паҳнои Ватанро дарк намекунад, вай дар эҷоди накукирдорӣ мурдааст, қудрат ба ҳазми зебоиҳоро надорад, аз назари эътиқодӣ биёбоннамо ва аз диди ахлоқи сиёсӣ тамизи неку бад надошта, бо таҷрибаи дониш шинос нест.
Ин гуна инсон вуҷуд, пасманзар ва нидои қалбҳоро на танҳо намешунавад, инчунин, инкор менамояд, чунки пардаи ғараз биноии ақли ӯро пӯшидааст ва Ватанро ҳамчун ҷузъи марказии ҳастӣ барои худ ҳамчун неъмат намебинад, намешиносаду дарк намекунад.
Барои дӯст доштани Ватан, қабл аз ҳама, онро бояд бо қалбамон, руҳамон ва хирадамон эҳсос намоем.
Ватанро дарк намудан, дӯст доштан – ин, воқеан, дарки лаззати доштани ҳамин неъматҳо аст.
Ватандӯстӣ танҳо шаҳрвандию талаби ҳақҳо не, балки болотар аз он, риояи масъулият, қонунҳо, эҳтироми мардум, иҷрои содиқонаи вазифаҳо ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ аст.
Маҳз ҳамин сифатҳо ба Ватан ҳамчун объект неруи таъмини саодати зиндагии шаҳрвандро дар умум таъмин менамоянд.
Сеюм, ба қадри озодиҳои конститутсионӣ расидан, онҳоро дар сарҳади қонун пайравӣ намудан ва ба гунаи намуна мисли бузургони соҳибмаърифатамон ин озодиҳои шахсиро, аз ҷумла озодии виҷдонро аз сӯиистифодаи ғаразноки душманони дину миллат ҳифз намудан аст. Пешвои муаззами миллати мо борҳо таъкид доштанд, ки дин ва ойини моро касе ҳаққи маънавии ба муқобили ормонҳои мо гузоштан надорад, давлат ба иттиҳодияҳои динӣ шароит муҳайё мекунад, ҳуқуқ ба озодии виҷдонро таъмин ва дар як вақт назорати риояи қонунро аз ҷониби онҳо татбиқ менамояд.
Ин рисолатро дуруст дарк намудан, ба муқобили ифротгарону террористони динӣ ва сиёсисозони ислом баромад намуда, тозагии имону эътиқоди шахсиро аз олудагиҳои ғаразнок ва манфиатҳои молию сиёсии гурӯҳҳои муайян дифоъ кардан имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди асил ва ҳар Ватандӯст аст.
Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: