МУШКИЛИҲОИ ДЕМОКРАТИЯИ ҶАҲОНӢ ВА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО22-06-2023, 10:23
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Муқаддимаи фикр Ҷангҳо, муноқишаҳо, куштори аз ҳад зиёди одамони бегуноҳ, амвоҷи ҷиноятҳои нашъамандӣ, тавсеаи бесобиқаи терроризм, экстремизм, одамдуздӣ, ташкили инқилобҳои ранга, афзоиши аз ҳад зиёди муҳоҷирони иҷборӣ ва ғайра, ки дар беш аз 20 соли садаи нави ҳазораи сеюм рух дода, бамаротиб аз қарнҳои гузашта ба инсоният азият ва хорӣ оварда истодаанд, санги маломатро ба тамаддун, фарҳанг ва намои муосири рушди давлатҳои демократӣ ва ҷомеадории халқҳои олам ҳавола менамояд. Бале, беҳтарин ва олитарин шакли идораи давлат, ки инсоният тайи беш аз 2,5 ҳазор сол тарғибаш менамояд, дар се садсолаи охир мавзун ба сари башар ду ҷанги ҷаҳониро, ки назирашро инсоният надида буд, ҳамчун омили ногузири рушди тамаддун «ба сони роҳи ҳалли масъалаҳои глобалӣ» оварда, инсониятро дар ибтидои ҳазораи нав ба домони Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ кашидааст. Қурбониҳо, ҷангҳо, бетартибиҳо, нооромиҳо ва ноадлиҳои сатҳи ҷаҳонӣ алорағми интизории ақлҳо ва зиёиёни олам дар се қарни охир зери ливои «тантанаи намои давлатҳои демократӣ» рух додаанд, бамаротиб вазнинтар ва нангинтар аз тамоми даврони таърихии қаблии башарият будааст. Ҷаҳонгирони хунхори таърихӣ (Искандар, Чингиз, Темур) ва низомҳои худкомаи ғуломдорию феодалӣ ба ин миқдор сари инсоният мушкилӣ наовардаанд, ки одамон тайи се садсолаи охир бо онҳо мувоҷеҳ шудаанд. Агар инсоният дар таърихи беш аз 5500-солаи тамаддуниаш ҳамагӣ 292 сол дар ҳолати ғайриҷангӣ қарор дошта, дар дигар мавридҳо ҳамеша ҷангидааст, пас дар қиёс бо ин ҳама нооромиҳои 20 соли охири ҳазораи наваш дар иртибот бо технологияю илмҳои пешрафтаи биологию рақамӣ ва техногениаш бонги хатари бештару вазнинтар мезанад. Ба назар чунин мерасад, ки ғояи олии тарбияи ғалабаи некӣ бар бадӣ, ки аз масири фарҳангу тамаддунҳо хотираи маънавии моро ором менамояд ва умеди башарро ба зиндагии саодатманд ва биҳишти дунёию охират дар ҳолати ҷунбиш ва рушд қарор медиҳад, дар асл ба ҷуз аз орзую омол ва хостаҳои бепояи мафкураи инсонӣ чизи дигаре нест. Зеро воқеияти рӯзгори давлату тамаддунҳо на ба ғояи созандаи асотиру динҳои ҷаҳонӣ, ки кӯшиши ғалабаи некиро бар неруи шайтонӣ ишора кардаанд, на дар мувофиқатӣ бо гуфтаю навиштаи оқилони инсонгарои башарӣ (Суқрот, Афлотун, Конфутсий, Лаотсзи, Форобӣ, Сино, ибни Халдун ва ғайра), балки таҳти ғояи «ҷанги ҳама бар зидди ҳама» (Т. Гоббс, Каутский, Гумплович) зиндагии худро доимо дар ҳолати ҷангӣ бо қавонини рамзӣ роҳандозӣ карда, ҷиҳати ҳимояташ низом ва дороияшро омода ва масраф мекунад ва бадбахтона, тарзи идора ва шакли ташкили қудраташ доимо барои ин кашишҳои ноодилонааш дар доираи манфиатҳо якҷониба хизмат мекардааст. Ин ҳолат санги маломати воқеиро мантиқӣ ба шаклу низом ва тартиби идораи давлату тамаддун хоҳад партофт. Зеро, маҳз шакл ва намои муосири идораи давлатҳои олам, ки демократист, ғолибан ба рушду нумӯи ин фасодҳои башарӣ мувофиқат дорад. Дигар ин ки ин таҳдид ва санги маломати холӣ ба ҳастии арзандаи инсон набуда, балки бештар аз он, саромади мушкилӣ, печидагии ҳолат ва намои вазъи арзандатарин арзиши башарӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Бале, демократия, ки бо ном ва мазмунаштавлидшудаи ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон аст, ба ҷойи хидмат ба волидаи худ даст ба куштору таҷовузи айнии ӯ задааст. Демократия ҳамчун фарзанди ҳуқуқи инсон модарашро дар ҳолати бардагӣ қарор дода, қадр ва манзалати ӯро бо пулу мол, манфиату кашишҳои биологияш иваз намудааст. Шубҳа ва назари дигар ба табиати демократия Ин ҳолат нухбагони ҷудогонаи аҳли илмро, ки машғули кашфи ҳақиқат дар кӯчаю тангкӯчаҳои илмӣ чун фидоию дарвешони воқеии роҳи ҳақ сарсонанд, ба ҳайратзадагӣ кашида, суолу шубҳаҳои эшонро аз самтҳои мухталиф ба табиати одилонаи демократия ҳамчун шакли муваффақи низоми идора афзун намудааст. Муҳаққиқони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ Жувенел Б.Д., Хайек Г., Фукуяма Ф., Хантингтон С. ва Азроянтс Э.аз самтҳои мухталиф оид ба таҳдидҳои олами нав назарҳои воқеӣ баён намуда, оид ба бохту нуқсҳои низоми идораи давлату тамаддунҳо дар шароити муосир хулосаҳои муфид гуфта, холигию норасоиҳои низоми идораи демократиро дар шароитҳои нав ошкорою ниҳон арза доштаанд.Таҳлили ҳолати нобоби шакли идораи демократӣ дар давлатҳои муосир муҳаққиқонро ба варақгардонии саҳифаҳои таърихӣ ва муқоисаи даврони рӯзгорҳои мустақили демократияи пешин ва муосир кашида, дар иддае аз мавридҳо ба хулосаҳои диққатҷалбкунанда водор кардааст. А.А.Генис кашфи ҳикмати ҳақиқати демократияро дар муқоисаи ҳодисаҳои параллелии таърихӣ, тимсоли ронда шудани Фемистокл ва Александр Невский, чунин баён намуда, намои фарзанди тарбияхӯрдаро дар остонаи тавлидаш ишора кардааст: «Демократия бо он вижагияш, ки пайи ҳам ва мақсаднок беҳтаринҳоро нест мекунад, ба тирания (бедодгарӣ, худкомагӣ) монандӣ дорад. Савқи табиии худмуҳофизатӣ ба издиҳом таълим медиҳад, ки ба қаҳрамонон ва нухбагон бовар нанамоянд. Бо бузургии давлатӣ демократияи Афина озодии шахсиро афзалият дод, ки воқеан дуруст кард. Муъҷизаи бузурги Юнон ҳосили диданашавандаи дастоварди олами бостон, мустақилият ва ё озодии шахсӣ буд. Демократияро юнониён ҳамчун ҳуқуқи ҳар кас дар машғул шудан ба кори худ, на ба кори дигарон фаҳм карданд. Тавре мебинем, на демократия ва на падидаҳои усулии он, балки ҷавҳар ва асоси ташкили зиндагии шахс дар шакли озодиҳои шахсӣ ва мустақилияти фардӣ ҳамчун арзиши меҳварӣ ҳамчун модари адолати дунёи бостон масъалагузорӣ мегардад. Демократия бо дурӯғ созиш менамояд Ҳанӯз дар миёнаи солҳои 50-уми асри гузашта ба тақдири тобишхӯрдаи демократия дар паҳнои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, файласуфи сиёсӣ ва иҷтимоӣ Карл Поппер баъд аз ҷустуҷӯйи адолати сиёсӣ аз васати идеологияҳои сиёсии коммунистӣ (то 17 солагӣ, яъне то соли 1919 коммунист будааст) ва фашизм (фашизмро ҳамчун идеологияи миллатгароии ниҳоӣ воқеан дар маҳдудиятҳои ҷоринамудаи он дар Австрия дидаю дар муносибат бо амалҳои фикриаш эҳсос карда) убури фикрӣ намуда, то ба зинаи дарк ва ногузирии эътирофи демократияи либералӣ ва андешаи ҳифзи ҷомеаи кушод мерасад.Ин шахсияти маъруфи Австрия ва Британия ҷиҳати ҷустуҷӯи адолати аслӣ ба қаъри хазинаи фикрии тамаддун ғутта зада, сараввал дидгоҳҳои падарони илми ғарбӣ - Афлотун, Арасту ва Гегелро ҳамчун илҳомбахши режимҳои худкома ва замонавии беадолатона нақд менамояд. Ӯ баъзе фикру дидгоҳҳои Афлотунро ҳамчун «афсунҳои афлотунӣ», ки ба итоат ба режим ва низоми идораро аз кунгураи сарнавишти инсонӣ ҳамчун намои нусрати идораи ҷомеа дониста, консепсияи «адолати тоталитарӣ»-ронатиҷаи қонуни табиӣ эътироф карда, ба усули «роҳбарии оқилон ба ғайри оқилон» фалсафаи сиёсиро дар роҳи «кашфи асрори низоми идора» бо пайраҳаи «фалсафаи ахлоқ» ба кӯчаи сарбаста ва бунбасти бесобиқаи таърихи илм кашидааст, сахт маҳкум менамояд. К. Поппер худ аз кӯчаи фалсафаи ахлоқ ба дидгоҳи Афлотун муносибат карда, ӯро дурӯғгӯ меҳисобад. Ӯ дар ин кор ба муколамаи Суқрот ва Афлотун муроҷиат карда менависад: «Чӣ касонеро ту файласуфони ҳақиқӣ мешуморӣ? “Онҳоеро, ки дӯстдори рост бошанд” мехонем дар «Давлат»-мегӯяд ӯ. Ба андешаи Поппер, ӯ, яъне Афлотун дар баёни ин матлаб комилан ростгӯ нест, (аниқтараш ба ростгӯӣ дар ҳама ҳолат эътимоди комил надорад – А.Ғ.) зеро ӯ дар ҷойи дигар дурӯғ гуфтанро аз ҳуқуқҳои хоса ва шеваи вижаи низоми идораи роҳбарон медонад: «Дурӯғ гуфтан ва фиреб додани душманони шаҳр ва шаҳрвандон ба фоидаи шаҳр амрест хоси ҳокимони шаҳр ва ҳеҷ кас набояд бо ин ҳақ вожаи корӣ дошта бошад». Ин равиши ноҷавонмардонаи тинати инсонҳои худхоҳро: «Воизон чун ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд» -иХоҷа Ҳофизро на танҳо саромадони демократияи юнонӣ хуб истифода карда, дар навиштаю роҳнамоиҳои илмиашон истифода бурдаанд, бештар аз он, меросбарони муваффақи эшон ин усулро ба сифати дастурамали кории ҳаррӯза сармашқи фаъолияти сиёсии худ то ба сатҳе қарор додаанд, ки хабари ростро аз дурӯғ дар васоити ахбори барқӣ ва ё расмӣ дигар тафовут намондааст. Онҳо барои пайравони худ илмҳои наверо бо номи «фейк», «утка» ва ҳоказо кашф кардаанд. Демократия танҳо бо адли дохилӣ не, балки ба адли башарӣ бозӣ мекунад К.Поппер дар ҳамин матлаб ва далелҳои ояндааш нақди мутафаккири бузург - Афлотунро атрофи консепсияи истифоданамудааш: «Ба фоидаи давлати хеш»истифода аз усули иштибоҳ ва дурӯғро дар кори идораи давлати худ ва манфиатҳои ватаниаш дар муқобил бо халқҳои дигарасоснок менамояд. Консепсияи хиради асл ва ахлоқи намунавӣ дурӯғ гуфтанро дар ҳеҷ сурат, на ба сифати ҳиллаи сиёсӣ ва на намои ҳиллаи «шаръӣ» эътироф намекунад. Аз ин хотир, нақду шубҳаи мо ба воқеияти демократия на ба муқобили асосҳои ахлоқӣ ва бартариҳои сиёсии демократия, ки воқеан дар чанд ҷанба нисбат ба дигар шаклҳои ташкили қудрат вуҷуд дорад, равона шудааст. Баръакс, дидгоҳи мо дар заминаи равиши усулӣ такя намуда, паҳно ва маҳдудиятҳои фаҳми демократияро дар қисмати маҳдуди одамони назарӣ ва амалӣ, ки онҳоро ба манфиатҳои худ нодуруст истифода мебаранд ва ё дар шакли озодпарастии қабилавӣ ва молӣ, ки аз ҷониби онҳо таърихан тарғиб шудааст, сурат мегирад. Зеро таърихи баъдӣ ҳамин афсунҳои сиёсӣ ва қабилагароии бузургони илмӣ ва «пайғомбарони дурӯғинро» (ибораи К. Поппер) ҳамчун ҳиллаи идораи давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва қудратӣ, чӣ дар муқобили халқи худ ва чӣ мардумони дигар, дар сатҳи байналмилал васеъ истифода ва тавсеа додааст.Дискурси фикрии ноқидони демократия ва воқеияти талхи кишварҳои олам дар шароити муосири демократикунонии ҷомеаҳо мафкураи моро ба марғзоре мекашад, ки дар он беадолатию нобаробариҳои зиёдро эҳсос менамоем. Мушоҳида мекунем, ки ҳокимону ғосибони ватанию байналмилалӣдар шакл худро “демократ” вонамудкунанда чӣ тавр атрофи аҳдофи ғаразноки худ, дар кунгураи волоияти принсипҳои «ба фоидаи давлати хеш», «ба манфиати сиёсати давлатӣ», «ба дигар манфиатҳои умумии миллати сиёсӣ» ҳосилкардаашон, тайи беш аз дуввуним ҳазор сол чӣ корҳоро карда истодаанд. К.Поппер такроран изҳори назар менамояд, ки дар ҷаҳонбинии Афлотун думболи пайравӣ ва эътирофи «қонуни табиии нобаробарии иҷтимоӣ ва адолатнокии он» асли манфиати иҷтимоӣ дар мақоми «болотарини меъёри ахлоқӣ» қарор мегирад. Яъне, дар раддабандии арзишии Афлотун, тарзе мебинем, «манфиат ва фоида» дар мақоми аввал қарор мегирад, ки ин аз назари адолати сирф ва арзишҳои дигари башарӣ - зебоӣ, виҷдон, адл, инсоф, баробарӣ ва ғайра устувор ва ҷиддӣ нест. Дар баробари ин, Афлотун имкони дурӯғ гуфтанро ба ҳокимон дода, итоаткоронро ба ростгӯӣ ҳукм мекунад, яъне ӯ дар консепсияи давластсозиаш ғояи дугонагии талаботи меъёрро дар ниҳоди давлат ҷорӣ менамояд: «Агар фармонраво дурӯғи ягон шаҳрвандро кашф кунад… ӯро ба ҷурм овардани суннати марге, ки шаҳрро монанди киштӣ чаппа мекунад», ба ҷазо хохад расонд».Тавре равшан аст, К. Поппер иллати нуқсҳои ҷаҳонбинии демократӣ ва шакли идораи халқиро назаран дар таълимоти “падарони” ин усули идора ошкор карда, гумону шубҳаи худро атрофи номуваффақии демократияи муосир ҳамчун ҳодисаи мусбати фарогир дар замони нав ба самти андешаи иллатовари ин мутафаккирон кашида, кӯшиши ислоҳ намудани вазъи демократияи ҷадидро дар асри ХХ бо усулҳои тоза менамояд. Мо, албатта, ба ин нияти неки муҳаққиқ содиқем, вале ислоҳи камбудии ӯ пас аз гузашти беш аз 70 сол натанҳо натиҷа надод, балки саҳифаҳои нави демократияи ғарбиро бо либоси “либерализми ғарбӣ” чунон ҳадафмандона вонамуд кард, ки ҳамон усули фиреби халқу миллатҳо ба фоидаи як гурӯҳи муайян, бавижа давлати муайян мавзун ва шинам ба пеш ҳаракат мекунад. Агар мо ҳамин дуруғгӯиро дар ду самти ишоранамудаи Афлотун ва Поппер ба инобат гирем, дурӯғгӯӣ ва фиреб намудани башарият дар самти муносибатҳои байнидавлатӣ тадриҷан бузургтару азимтар шуда, зери ливои ҳимояи манфиатҳои миллии давлатҳо рушд карда истодааст.Агар чунин нест, асрори одии муноқишаи бародарони славяни шарқӣ, ки дарвозаи Ҷанги сеюми ҷаҳониро боз намуданӣ ҳастанд, то ба ҳанӯз печидаю пӯшида ва тазодманд боқӣ намемонд. Давлатҳои рушдкарда кӯшиш менамоянд, ки манфиатҳои дохилии худро дар муносибат бо халқи таҳҷоияшон дар паллаи тарозуи нисбатан ростгӯӣ қарор дода, истифодаи дурӯғро камтар намоянду дар муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи шубҳа санъати дурӯғгӯиро бештар истифода намоянд.Бо вуҷуди ҳама баробарию бародариҳои демократӣ дар масъалаҳои муҳими сарвату дороиҳо, эҳсос мегардад, ки муҳаббату марҳаматҳо бақафорафта, манфиату фоида ба радҳои аввал гузашта, одамон таърихан бо дороию қудраташон қадрдонӣ мегарданд. Демократияи ҷаҳонӣ ҳокимияти халқҳои олам набуда, балки ҳокимияти як тӯда давлатҳои сарватманду қудратманди оламанд, ки захираҳои табиию қудрати ҳарбиро дар даст доранд.Агар чунин намебуд, ҳодисаҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ташкили инқилобҳои ранга, интиқоли арзишҳои иҷбории башарӣ, ҳодисаи муноқишаи бародарони славянӣ, афзоиши муҳоҷирони меҳнатӣ дар олам, фирориёни сиёсӣ ва ғайраву ҳоказо багумон аст, ки чунин шинаму зебо ва бо пайдарҳамӣ дар фазои тантанаи «арзишҳои демократӣ» ва «озодандешию озодбаёнӣ» бо далелҳои форами «ҷаҳонишавии арзишҳо» зери ҳадафи «ҷаҳонишавии манфиатҳо» таҳти роҳбарию ҳидояти абарқудратону созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо рангу ҷилои «ҳуқуқу озодиҳо» тайи қариб бештар аз сад соли охир мунтазам рушду нумуъ намекарданд. Аз ин дидгоҳ, мо бо баъзе аз мунаққидони муосири демократия, ки орзуи ислоҳи вазъиятро доранд, дар усули ҳалли қазия мухолифем. Зеро сухан дар бораи ислоҳ ва тарбияи ахлоқии низоми демократӣ не, балки дар табобати бемории сироятии ин навъи идора меравад, ки табиатан ба низоми сиёсии ҷаҳони мутамаддин ворид шудааст.То агар муносибати дурӯғонаи кишварҳои бузург ба давлатҳои дигар ба қолаби баробарӣ ва низоми адолати ягона ворид нагардад, ҳуқуқу озодиҳои инсон чун маҳаки асосии баҳогузории унсури демократӣ дар ҷаҳон баробар барои ҳама (барои шаҳрвандони Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Арабистони Саудӣ алоҳида не) эътироф нашавад, бозӣ бо унсурҳои дугона ва сегона мавқеи худро ба қонуни ягонаи башарии одилона надиҳад, ояндаи демократияи ҷаҳонӣ зери хатар боқӣ хоҳад монд. Зеро вазъият ногузир муносибатҳои байни давлатиро ба самти ҳарбикунонӣ, қудратафзоӣ ва омодаи ҷанг будан тела дода, зарфияти ҳифзи истиқлоли сиёсиро сари мавзуи қудрати ҳарбӣ кашида, мавқеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар давлатҳои намои демократидошта бо мурури замон беранг мегардонад.Ин ҳолат давлатҳоро аз иҷрои масъулияти адолати иҷтимоиашон дар дохил дур намуда, демократияро ба монанди демократияи ҳарбии ибтидоӣ дар шароити консепсияи Гоббс - «ҷанги ҳама бар зидди ҳама» қарор медиҳад. Аз ин ҳолат, қабл аз ҳама, тамоми кишварҳои рӯ ба рушд ва қафомонда зарар дида, даврони тиллоии мустамликадории кишварҳои бузург бо тобиши нав аз худ дарак медиҳад. Ин ҳолат то як муддат рушди равандҳои демократӣ, худшиносии миллӣ ва сиёсиро карахт намуда, чархи прогрессивии низоми идораро барои давлатҳои миллии ҷавон монеа мегардад. Ин, албатта, як тарафи масъала ва фишор ба самти далатҳои рӯ ба рушду қафомонда ба табиати озодиҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии илмии онҳо аст. Вале, акси ин нооромӣ инъикоси бамаротиби худро дар оинаи зиндагии сиёсӣ, ҳарбӣ ва иҷтимоии кишварҳои бузург дар фазои озодиҳо ва иттилооти тавсеаёфта пайдо намуда, оромии онҳоро аз дохил ва хориҷ на танҳо вайрон менамояд, балки консепсияи А.Тойнбиро дар масъалаи «фишори баробарият ба тамаддун, мисли обанбори азими ҷамъшудаистода афзоиш дода» ногузир ба шикасти азими обанбори режимҳои ғайриадолатноки бо ном “демократӣ” таҳдид менамояд, ки дар чунин сурат масъалаи таърихии низоми ғолиб зери суол кашида мешавад. Дар чунин сурат ё давлатҳои мутамаддини дар саргаҳи ноадолатии ҷаҳонӣ қароргирифта моҳирона ин вазъиятро боз ба муқобили кишварҳои марзии демократия ва давлатҳои миллӣ якҷониба истифода карда, ҳаёти онҳоро мисли низоми колониалӣ дар тобишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нигоҳ медоранд ва ё мисли салтанатҳои русӣ зарбаи ин ҳолатро бар тани худ қабул менамоянд.Аз ин хотир, барои он ки тақдири демократияи муосир ҳамчун арзиши баланди сиёсӣ чунин печида ҳамроҳ ба тақдири инсоният ба фанои бузург гирифтор нагардад, неруи азими мафкуравии ҷаҳонро зарур аст, ки нисбат ба масъалаи мазкур одилона бо фарогири манфиати кулли халқияту миллатҳо бо гуногунии фарҳангию эътиқодӣ ба ислоҳи вазъи мавҷуда кӯшиш намуда, як тамаддуни воқеан озоду демократиро дар муносибат бо халқи худу мардумони дигар таҳия созанд.Ҷиҳати ҳимояи режими демократӣ ва таъсиси ҷомеаи кушод К. Поппер дар қисмати дуюми китобаш муборизаро бо рақибони дар каминбудаи шакли идораи демократӣ - марксистон ва сарчашмаҳои илмию маънавии онҳо оғоз менамояд. Ӯ дарк мекард, ки дар сурати адами ҷараёни мусбати фарогири кори шакли идораи демократӣ ва густариши арзандаи принсипҳои ҷомеаҳои кушода, нақши ғояи марксистӣ бо доштани таҷрибаи дар он солҳо муваффақи Шуравӣ имкон дорад вазъи мафкуравии ҷаҳонро ба самти ғояҳои то ҳадде одилонаи иҷтимоӣ ва иқтисодии худ ташаккул диҳад. Маҳз ба ҳамин хотир К.Поппер думболи Афлотун, Арасту ва дар пайравӣбафалсафаионҳоГегелронақднамуда, дидгоҳиКарлМарксваҷонибдорониӯродардаврони муосир,«Замонипайғомбаронидурӯғини нав” номидааст. Назари кунҷӣ ба табиати масъалаи мусбат, вале бемор Ин навишта як кӯшиши ҷамъоварии баъзе аз дидгоҳи парокандаи муаллиф атрофи ғуноварии арзишҳои ҳувиятбахши ҳуқуқу озодиҳо ва арзишҳои демократӣ аст, бо мурури замон аз рӯзномаи давлатҳои ливодор дур афтоданд. Бо мақсади ислоҳи ҳамин вазъи ногувори демократияи ҷаҳонӣ ва ҳифозати таъсири манфии он ба Тоҷикистони азиз андешаҳои мо парвози васеъ гирифт. Умед аст, ки оянда як рисолаи комилтаре низ дар ин самт навишта шавад. Дуруст аст, ки муаллиф низ мисли як шаҳрванди давлати худ дар кори ҳимояи манфиатҳои миллиаш дар ин ҷаҳони ноором ва субъективона ташаккулёбанда баъзе аз дидгоҳҳои утилитарии худро дар самти манфиатҳои Ватан ва миллаташ баён менамояд, ки онҳо аз пайвастагӣ ва муҳаббат ба Ватан, зодгоҳ, ёру дӯстон ва пайвандону дӯстонаш гувоҳӣ медиҳанд. Вале ӯ дар ботини худ эътимод дорад, ки дар сурати ба даст омадани озодии тамом ва баробарии халқу миллатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамеша ҷонибдори реҷаи демократӣ ва адолати умум буда, имкон дошт ва ҳанӯз ҳам дорад, ки аз бисёр пайвастагиҳои субъективиаш ба хотири чунин манфиати одилонаи умум даст кашад.Маҳз ба ҳамин хотир мо ислоҳи вазъи баамаломада, ислоҳи норасоиҳои реҷаи умумии идораро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дӯст дошта, интихоб кардааст, ҳамчун яке аз пайравони ҳамин роҳ ва андеша масъалагузорӣ менамоем. Вале, дар муқоиса бо дигар аз пайравони фикрӣ, мафкураи мо роҳрави тақлидгари анъанавӣ набуда, балки роҳрави таҳлилгараст. Ин бешаи кунҷковию таҳлилгариро, агар аз як сӯ аз табиати ноороми ҷаҳони ботинии пуртазодамон зери таъсири асарҳои зиёди тамаддуну равияҳои хондаамон касб карда бошем, аз самти дигар, ин амвоҷи фаҳмиданҳоро аз симати рисолаи илмиамон ҳамчун олим бо виҷдону имон пайваста зери даъватҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатамон дарк менамоем. Ин аст, ки мо низ дар пайравӣ аз Роҳбари ғамхорамон, мисли як фарди ҷӯяндаи адлу инсоф дар ботини худ ва аз олами атроф, бо имкону захираҳои андӯхтаамон ба ҷаҳони ноором нигариста, бисёр аз нозукиҳои ноаёни ин оламро дар қиболи дигарон эҳсос карда, садо баланд мекунем, ки иллати асли ин мушкилиҳои олами инсонӣ на дар мақсадҳо, балки дар роҳҳо, тарзу усули муносибат бо он аст, ки таърихан решаҳои мабдавии худро дар шакли «де-факто» ва «де-юре» доро будааст.Яъне, ин иштибоҳоти мақсади интихобкарда не, балки иллатҳои усулии он як навъ бемориҳои сиёсӣ миёни дидгоҳ, амалия ва манфиатҳои замонию маконӣ аст, ки бо ҷурми норасоиҳои назарию илмӣ, амалкардҳои ноҷо ва қарордодҳои нодурусти мо, инсонҳо ташаккул ёфта, муддатҳо мавзун ва дар ҳамоҳангӣ бо сатҳҳои гуногуни утилитаризм дохили ин шоҳроҳ гардида, бо мурури замон худро ҳамчун ҷузъи он муаррифӣ кардаанд. Ин навъи иштибоҳот моро аз аз «ғояҳои асолати таърихӣ» (ибораи К. Поппер), ки бояд мутобиқ ба арзишҳои умда рушд мекард, дур карда, бо мурури замон равиши фикрии демократҳои муосирро дар хизмати андешаю равишҳои тоталитарӣ гузошта, мушкилӣ ва гирдгардонии мафкураи башарро бамаротиб печида намуда, худи шоҳроҳи таърихиро ба даврзаниии бемантиқ, регрессҳои доимӣ ва стагнатсияҳои даврӣ гирифтор карда, олитарин ва одитарин ҳикмати саодати инсон - ҳуқуқу озодиҳояшро дар ҳолати хорӣ қарор додааст. Масъала имрӯз аллакай ҷиддӣ аст. Фардо дер хоҳад шуд. Инсоният шакли беҳтарини идораи интихобкардааш - демократияро ё ислоҳ менамояд ва ё бо вай ногузир хайрбод мегӯяд. Зеро навъҳои дигари шаклҳои идора дар ҳолати оромии зоҳирӣ имкони мувофиқи тавсеаёбиро дороанд. Хулосаи мушаввашкунанда Муҳаққиқи фаронсавӣ Бертран де Жувенел Бертаран де Жувел роҷеъ ба вазъи нигароникунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пасназари Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ботаассуф назар намуда, гуфта буд: «Ҳеҷ имкон надорад, ки чунин ваҳшонияту вайронкорӣ бидуни тағйири ахлоқи башарӣ рух диҳад, ахлоқе, ки ба эҳсосоти вайронкунанда такя мекунад. Ин эҳсосоти ғализро танҳо чунин навъи таблиғоти ҷангӣ тавлид менамояд… Дар ин раванд, дар қатори неруи инсонӣ - артиш, фикру эҳсосоти мардум низ ба доми фиреб меафтад. Миллате, ки бояд зидди зулму тоталитаризм мубориза барад, худ шарики стратегии ин неруи бад мегардад… Ин амалро дар шакли намуна Адолф Гитлер иҷро кард». Шояд хуб он будааст, ки ин мунаққиди худтанқидкунанда ва ба сатҳи олии худшиносӣ расида, имрӯз дар қайди ҳаёт нест чунки бо ин ҳолати олами муосир ва пайомадҳои хунбору номувофиқи демократияи ҷаҳонӣ аҳволи мафкуравӣ ва назари илмиаш бамаротиб бадтару печида мешуд. Аҷиб ва аламовар барои илм ва ҷонибдорони низоми идораи декмократӣ он аст, ки афзоиши неруи ҳарбӣ ва қудрати ҷангӣ маҳз дар давраҳои шакли идораи бо ном «халқии демократӣ» ҳамеша мушоҳида мешудааст ва решаи табиати ин ҳолат бо ҳама беадолатию нобаробарию табақабандии расмию ғайрирасмиаш то тухмаи демократияҳои ҳарбии Юнону Рим рафта мерасад. Инак, тайи беш аз дуюним ҳазор сол аст, ки инсоният таҳти шиори “Бо номи халқ, барои халқ, барои саодати халқ” даст ба қурбониҳо мезанад. Наслҳои башарӣ низ табиати худро ба ҳамин шароити шиорпардозиҳою манфиатҷӯиҳо мусоид мекардааст.Агар хоҳем, ки вазъи маънавӣ ва равонии инсони муосирро бидуни парда дарк намоем, кифоя аст, ки ба талаботи вай дар чанд соли охир таваҷҷуҳ кунем. Бино ба иттилои муассисаҳои бонуфузи оморӣ ва бонкии Созмони Милали Муттаҳид, тайи чанд соли охир хароҷоти асосии инсоният дар доираи давлатҳо ба се соҳаи муайян нисбат ба дигар соҳаҳо бамаротиб бештар равона шудааст: хароҷоти аз ҳама зиёд якум: ба соҳаи ҳарбӣ триллионҳо доллари амрикоӣ, дуюм: тандурустӣ ин ҳам чанд триллион доллар ва ниҳоят сеюм: ин соҳаи туризм. Хароҷоту даромади ин соҳаҳо вобаста аз замону макон ва солҳои мушаххас дар ҳамбастагӣ бо дигар омилҳои айнию зеҳнӣ табдил ёфтаанд. Мисол, буҷети Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2023 дар соҳаи ҳарбӣ 813,3 миллиард доллари амрикоӣ, Чин дар соли 2023 - 1.45 триллион юан зиёдтар аз 250 миллиард доллари амрикоӣ, Ҳиндустон 72 миллиард доллари амрикоӣ, Россия зиёдтар аз 61 миллиард доллари амрикоӣ. Дар соли 2020 буҷети ҳарбии давлатҳои олам расман баробар ба 1,93 триллион доллари амрикоӣ буд. Ҳоло ин шумора дар қиболи муноқишаҳои охир ҷиддӣ афзоиш ёфтааст. Хулосаи ин далелу рақамҳо худ гӯяндаи ҳоли инсони муосир аст. Яъне, хулоса ин аст, ки инсони муосир ҷангара, бемор ва ниҳоят, дӯстдори роҳати муваққатӣ аст. Аз чунин махлуқи бошуури фитнаафкану ҷангара, бемору майли истироҳатдошта чиро интизор шудан мумкин аст? Ин аст, ки вай илм, дониш, қудрат, ҳатто дину оини ахлоқии таърихан ба маънавиёти ӯ хизматкардаашро низ сарфи ҳамин хостаҳо ва талаботаш кардааст.Мудҳиштар аз ҳама он аст, ки давлатҳои пешгоми демократия гӯё на танҳо равандҳои ҷаҳонишавиро, инчунин тамоюли рушду фурӯравии буҳрону ҷангҳои минтақавиро доимо зери назорат гирифта, вобаста ба манфиату хостаҳояшон, ки дар доираи ҳамон се талаботи асосиашон шакл гирифтаанд, ташаккул, равандҳо ва дурнамоҳои ин буҳрону муноқишаҳхоро идора мекунанд. Онҳо на танҳо бемориҳои иҷтимоию сиёсии оламро табобат намекунанд, балки онҳоро ҳадафмандона дар доираи манфиатҳояшон идора кардаистодаанд. Адами хиради азалӣ дар ҳамоиш бо донишинокифоя ва бепарвоии сиёсӣ нисбат ба Ватан ва тақдири фарзандонашон қисмате аз бошандагони сайёраро дар ҳолати мустамликавии иқтисодӣ, сиёсӣ, молӣ, илмӣ, технологӣ ва фарҳангӣ қарор додааст.Ин ҳама дар суратест, ки тухмаи назарияи худкомагии ҳокимият ва зиёдаравии қудратҳои сиёсӣ дар муносибат бо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар дохили кишварҳо ва дар муносибат бо манфиатҳои ҳудудию иқтисодии кишварҳои дигар, ба андешаи мутафаккирони муосир дар дидгоҳҳои олимони қадим низ ҳамчун роҳнамои зиндагии саодатманди салтанатҳо мушоҳида шудааст. Мисоли равшани ин тамоюл демократияи замони нави асрҳои ХVIII-ХIХ бо кушоиши шоҳроҳи ғорати ҷаҳони мустамликавӣ ва роҳзании оламии ошкорои халқҳои дурмонда аз хони таърих муосири асри ХХ бо ду ҷанги ҷаҳонӣ, зери иштиҳои абарқудратон рух дода вадар ибтидои асри ХХI бо ҳолати ҳангуфти алангаи муноқишаю муҳоҷиратҳои иҷборӣ ба танҳоӣ набуда, балки бештар аз он, идомаи хати таърихии ноодилонаи рушди башар аст, ки оғози худро аз ҳамон аҳди атиқии тамаддуни эллинӣ дар паҳнои давлатҳои демократию ҳарбии Спарта, Афина, Милет, Коринф, Олимпия ва Рим шуруъ карда буд. Ҳолати аз шаш як ҳиссаи озодӣ ва ҳуқуқҳои шахсию сиёсӣ мансуби онҳо буданашон дар модарзамини демократияи ҷаҳонӣ - Афина ва аз шаш панҷ ҳиссаи дигар дар ҳолати ғуломӣ қарор доштанашон таҳлили моҳияти масъаларо боз ҳам муташанниҷ мегардонад. Ба ҷойи хотима Ҳама ҳолатҳои мушаввашкунандаи беш аз бистсолаи асри ХХI, бо қиёси лапишҳои флуктуатсионии (П. Сорокин) тамаддун дар остонаҳои буҳронҳои ҷаҳонӣ (А. Тойнби),бо ваъдаҳои бо ақл даркнашавандаи назарияи пассионарии рушди фарҳангҳо (Л. Гумилев) дар майдони муборизаи манфиатҳои тамаддунҳо (С. Ҳантингтон), бо ҳолати бедоршавии дардҳои таърихӣ ва қасосгириҳои ҷуғрофӣ (Р. Каплан) намои низоми нави ҷаҳониро (Г. Киссинджер)дар фазои тантанаи демократияи ҷаҳонӣ чунон мушаввашу дилгиркунанда намудааст, ки бехирадони шарқиро ба дарки асрори он ки «чаро Ғарб ҳукмронӣ менамояд» моҳиятан наздик накарда, дар орзуи хаёлоти он, ки бо амри тақдир рӯзгори «Худкушии қудратҳои бузург» фаро мерасад, интизори адли тӯҳфашавандаи ғайриақлонӣ кардааст… Ин ҳама печидагию мушаввашиҳо ва нобасомонии дидгоҳҳои ғарбию шарқӣ на танҳо ба донандагони асрори рушд (ғарбиҳо), балки ба раҳгумзадагони ҳикмати рушд (шарқиён) аз ҷониби маънавӣ зарбаи ҷонкоҳи мадҳушкунанда зада, эҳсоси дарку эҳтироми одитарин ва олитарин неъмати тамаддун - ҳуқуқи инсонро ҳамчун манбаи саодати насли башар на танҳо аз рӯзномаи сиёсии абарқудратҳои демократӣ тадриҷан дур карда, ба моли шахсии бобои ғоратгаронашон табдил додааст, балки назаран дар рӯзномаи хиради инсонӣ ва илмҳои ҳуқуқшиносӣ мақоми онро камранг намуда, таваҷҷуҳи аҳли илм ва зиёиёни оламро ба ҳамон омили худшиносии бобоёни барбариашон - манфиат мубтало кардааст. Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.