Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БИЁЕД, ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

БИЁЕД, ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

1-12-2023, 10:41
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
БИЁЕД, ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!
Таърих ёд дорад, ки халқи тоҷик аз давраҳои бостон то имрӯз фарҳанги қадимӣ ва урфу одатҳои некро дорост.
Мутаассифона, имрӯз тарғиби либосҳои бегона дар ҷомеаи мо аз тарафи ҷавонон зиёд ба чашм мерасад. Суоле пайдо мегардад, ки “мо мусулмон ҳастем” гуфта, бояд либоси мардуми араб ва ё дигар давлатҳои исломиро ба бар кунем? Нишони мусулмонӣ дар пӯшидани сатру ҳиҷоб ва ё танҳо дар риш мондан аст?
Мо худро мусулмон ҳисобида, фарзҳоро ба ҷо наоварда, думболи қоидаҳо ва урфу одатҳое ҳастем, ки умуман ба миллати мо хос нест. Пӯшидани сатри сиёҳ ва мондани риши дарози бемаънӣ дар ҷавонон барои мардуми мо куллан бегона аст.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз занону ҷавонони мо бешуурона майл ба либос ва урфу одатҳои бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд.
Вобаста ба чунин таҳдидҳо ба фарҳангу урфу одатҳо ва сару либоси миллӣ бояд аҳамияти ҷиддӣ дода, фарҳанги пурғановату арзишманди ниёгонамонро ҳифз намоем.
Сатр ва ҳиҷоб дар ягон давр ба либоси миллии мо робитае надошт ва надорад.
Модарон ва бибикалонҳои мо рӯймолҳои аз матои сафед ва аз дока омодакардаро ба сар мебастанд.
Ба бар намудани либоси сиёҳ ва бастани рӯймоли сиёҳ умуман хоси мардуми мо набуд ва нест.
Либоси миллии тоҷикона ёдгорӣ аз аҷдонамон аст. Мубориза алайҳи бегонапарастӣ ва занону духтарони сатрпӯш зарур ва саривақтӣ дар кишвар аст.
Мо бояд дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ тарбия кардани насли наврас аз пештара дида фаъол бошем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки занон бисёртар бо хоҳиши мардон чунин тарз либос ба бар мекунанд .
Нафароне, ки худ саводи кофии динӣ надорад ва исломро ба хурофот табдил додаанд, имрӯз таблиғгари фарҳанги дигар миллату дигар мазҳаб мебошанд.
Агар мо Ватамонро дӯст дорем, бояд барои бақои забону фарҳанг ва урфу одатҳоямон талош варзем.
Ягон миллат либоси моро ба бар намекунад, пас чаро мо бояд аз пӯшидани либоси дигарон ифтихор дошта бошем?
Дар дини мубини Ислом ҳам ба бар намудани либоси сиёҳ қобили қабул нест.
Пас, бо кадом мақсад занони мо либоси сиёҳро ба бар мекунанд? Занону модарони азиз! Мо бояд ба хотири пойдории сулҳи кишварамон, ба хотири оромии хонадонамон ва ҳифзи фарҳангу анъанаҳои суннатиамон тарбиятгар бошем, таблиғгари либоси миллии худамон бошем, ҳувияти миллиамонро аз либоспӯшиамон оғоз кунем. Новобаста дар кадом давлат зистан ва бо кадом миллатҳо ҳамнишин гаштан, бояд эҳтироми либоси миллӣ ва забони миллии худро ба ҷо орем.
Агар мо - занону бонувони кишвар пеши роҳи ин гуна тақлидкориҳоро нагирем, пас кӣ хоҳад гирифт?

Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: