Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пироҳани миллӣ – рукни арзишманди худшиносии бонувон

Пироҳани миллӣ – рукни арзишманди худшиносии бонувон

24-05-2018, 10:32
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Пироҳани миллӣ – рукни арзишманди худшиносии бонувон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пироҳанро як пораи фарҳанги миллӣ муаррифӣ намуда, бар он ақидаанд, ки ҳар халқу миллати ҷаҳон на танҳо бо забон, урфу одат ва анъанаҳои худ балки бо либоси миллии худ, тарзи тайёр намудан ва одоби истифодаи он аз ҳам тафовут доранд.
Ба бар кардани либоси зебои миллӣ, шинаму озода аз фазилатҳои хуби инсонӣ маҳсуб меёбад. Пӯшидани либос таъби баланди эстетикиро аз инсон тақозо дорад. Муназзам, мувофиқи рангу тобиш ва қаду қомат, ҳусн, ранги пӯст ба бар намудани пироҳан ба ҳусни бонувони тоҷик боз ҳусн зам мекунад, ки арзишмандтарин рукни худшиносӣ ба шумор меояд.
Ин ва дигар нуқтаҳои ҷолибу судманд дар ҷамъомади фарҳангии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва дар он мӯдшиносон, таърихнигорон, олимону зиёиён ва донишҷӯён ширкат варзида, оид ба таърихи пираҳани тоҷикӣ, намудҳои он, тарзи ба бар кардани он мубоҳисаи доманадор карданд.
Хулосаи иштирокдорони маҳфил аз он иборат буд, ки маҳз либоси миллӣ ва ба бар кардани он арзишмандтарин рукни худшиносӣ ба шумор меояд.

Бо сухани хотимавӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева баромад намуда, дар мавриди асолати азалӣ ва рисолати ҳамешагии нигаҳдошт ва тарзу усули пӯшидани либосҳои миллии тоҷикона, ташаббусҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё,ва рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи он фарҳаги дӯхт ва ба бар намудани пироҳани либоси шинам ва зебои миллист, ибрози ақида намуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: