Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хроматографи ионӣ супорида шуд

Ба «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хроматографи ионӣ супорида шуд

29-11-2023, 14:49
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Ба «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хроматографи ионӣ супорида шудДар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) TAD7004 — «Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбандаи иқлим» маросими расмии супоридани хроматографи ионӣ ба озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд.

Ҳадафи лоиҳаи TAD 7004 омӯзиш, арзёбӣ ва инчунин муайян намудани равандҳои гидрологии таназзули пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Лоиҳаи мазкур ба афзалиятҳои миллӣ оид ба самти пешбурди устувории экологӣ ва идоракунии бомароми захираҳои обӣ, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дарҷ шудаанд, ҳамаҷониба мувофиқат менамояд.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо ва истифодаи технологияҳои нави таҳлил ва мониторинги таназзули пиряхҳо барои чен намудани ҷараёни об дар дарёҳои пиряхҳои Тоҷикистон, инчунин барои моделсозӣ, пешгӯйӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири иқлим зарур аст.

Гуфта мешавад, ки дар солҳои оянда Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи TAD 7004 омодасозии кадрҳои Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»-ро низ идома дода, ба ин васила иқтидори миллии илмиро ба вуҷуд орад, ки онҳо омӯзиши пиряхҳо ва қабати барфро дар шароити тағйирёбии иқлим арзёбӣ намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: