Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

16-06-2023, 13:00
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
“Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем. Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст”. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.12.2022)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян ва мушаххас намуда, дар самти пешбурди сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳифзи байналмиллалии пиряхҳо, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дастуру вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.
Боиси хурсандии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки санаи 14-уми декабри соли 2022 ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории 153 кишвари узв аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба таври оро қабул гардид. Дар асоси ин қатънома, пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати эълон шудани санаи 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, соли 2025 - “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, таъсиси Фонди боэътимоди байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ, инчунин, дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.
Баъд аз қабули ин қатънома сарони чандин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба унвони Сарвари давлати мо барқияҳои шодбошӣ ирсол намуданд.
Ташаббусҳои хирадмандона, оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари ташаббускори масоили марбут ба ҳифзи обу иқлим муаррифӣ намуд, ки ин, албатта, боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.
Қабули қатъномаи мазкур имконият медиҳад, ки ҳадафҳои экологии матраҳнамудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди музокира қарор гирифта, роҳҳои ҳалли онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфуз қайд карданд, ки масъалаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ яке аз масъалаҳои мубрами сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Кишвари мо бо вуҷуди доштани кӯҳистони зиёд ва яке аз минтақаҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим низ будан аз таъсиру талафоти офатҳои табиӣ орӣ нест.
Ҳамасола ин омилҳо ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар таъсири манфӣ мерасонад ва ҳатто дар аксари маврид ба талафоти ҷонӣ оварда мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази қитъаи Авруосиё ҷойгир шуда, бо зиёд доштани захираҳои обӣ аз дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ тафовути бузург дорад.
Дар ҷумҳурӣ қариб 1000 адад дарёҳои хурду бузург мавҷуд аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи пиряхҳо, кӯлҳо ва обҳои зеризаминӣ низ бой мебошад. Аз ин ҷост, ки захираҳои обии Тоҷикистон дар шароити ҳозира на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад.
Бинобар ин, омӯхтани захираҳои обии кишварамон аҳамияти бағоят бузург дорад.
Захираҳои обии Тоҷикистон аз пирях, дарё, кӯл ва обҳои зеризаминӣ сарчашма мегиранд. Сарчашмаи онҳо намии атмосфера, пиряхҳои азими кӯҳӣ ва барфҳои доимӣ мебошанд.
Миқдори умумии пиряхҳо дар кишвари мо бо масоҳати умумии яхбастагӣ 11 146 км буда, қариб 6%-и тамоми масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо захираи бузурги оби ширин ба ҳисоб мераванд.
Солҳои охир бо дарназардошти гармшавии глобалии иқлим, зиёд гардидани аҳолии кураи Замин, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ ва афзудани таъсироти антропогенӣ ба табиат ва муҳити зист вазъи таъмин намудани аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ ба як мушкилоти ҷиддии ташвишовар мубаддал гаштааст.
Мувофиқи таҳлилҳои коршиносони соҳа, соли 2030 истифодаи оби нӯшокӣ ба ҳар як сари аҳолӣ бо нишондоди камтарин ба назар мерасад, ки ин 1,7 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ҳол он ки солҳои 1950-60-уми асри гузашта ин нишондод ба 6000 метри мукааб баробар буд.
Бо дарназардошти тадқиқотҳои илмӣ ва пешгӯии олимони соҳа дар Осиёи Марказӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим истифода ва эҳтиёҷ ба оби ошомиданӣ то 15-20% меафзояд.
Мутахассисон муайян карданд, ки бо зиёд шудани ҳарорати ҳаво ба миқдори 1⁰С дар соли 2050-ум ҳатто истифодаи об аз тарафи растаниҳо низ то 10-15% меафзояд.
Ҳамаи ин мушкилотҳо гувоҳи онанд, ки дар масъалаи ҳифз ва истифодаи захираҳои обӣ чораҷӯӣ намуда, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем ва сатҳи маърифати экологиамонро боло бардорем.
Қабули ташаббуси панҷуми Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бори дигар баланд бардошт.
Бояд як нуктаи муҳимро зикр кард, ки барои ҳар як давлат ва ҳар як миллат давраи муайяни рушд лозим аст, ки он тараққӣ намояд ва эътироф карда шавад.
Боиси ифтихор аст, ки дар як давраи тақдирсоз ва мушкили сиёсӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва зимоми давлатдориро ба даст гирифта, мардуми ҷангзадаро аз парокандагӣ эмин доштанд, сулҳу суботро дар кишварамон пойдор карданд ва давлатро аз заволёбӣ наҷот доданд.
Ба ғайр аз ба эътидол овардани вазъи иқтисодии кишвар, Сарвари давлат тавонистанд бо пешниҳодҳои наҷиб, хирадмандона ва башардӯстона обрӯ ва нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон баланд бардоранд.
Итминони комил дорем, ки Ҳукумати мамлакат дар оянда низ ҳамчун як масъули масоили соҳаи обу иқлим ва як кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд.
Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Воқеан ҳам, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Таъсисёбии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» низ яке аз дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.
Марказ дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» дар асоси иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №162 ва қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018 дар назди Академия таъсис дода шуд, ки дар ҳаёти стратегии кишвар, воқеан ҳам, рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят муфид маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ва масъалаҳои марбут ба обу иқлим буда, мутахассисони ҷавонро дар ин соҳа омода мекунад.
Убайдулло УБАЙДУЛЛОЕВ - ходими калони илмии Муассисаи давлатии
илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон”


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: