Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон23-12-2022, 08:30
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ, Мехоҳам Шуморо ба муносибати бо муваффақият қабул шудани Қатъномаи А/77/443, таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 153 кишвари ҷаҳон пешбарӣ шудааст, табрик намоям. Ин тасдиқи муҳими эътимоди кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари Шумо ҳамчун пешбарандаи мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва ҳомии нишон додани равобит миёни оби тоза, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои баҳампайвасти Рӯзномаи рушди устувор 2030 мебошад. Ман итминон дорам, ки кишварҳои узви СММ ваколатҳои навро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи тадбирҳои муштараки мо дар масоили об, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 ва Рӯзи байналмилалии пиряхҳо - 21 март, ба таври шоиста истифода хоҳанд кард. Бори дигар мехоҳам миннатдории худро барои саъю кӯшиши Шумо дар ин ҷодаи муҳим баён намоям. Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро бипазиред». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.