Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ

14-11-2023, 14:49
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТИмрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «имрӯзҳо Сарвари давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти муътабар, созандаву сулҳовар ва ходими намоёни давлативу сиёсӣ мешиносанд. Суханрониҳои пай дар пайи Пешвои миллати мо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи олам, ташаббусҳои Сарвари давлати мо роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои глобалии дунё хеле назаррас буда, дараҷаи баланди инсондӯстӣ ва сатҳи олии донишу ҷаҳонбинӣ ва дурандешии Пешвои миллати моро нишон медиҳанд»,-афзуд Ваколатдор.

Таъкид гардид, ки Роҳбари давлат эҳёгари давлатдории навини тоҷикон буда, маҳз муҳаббати мардум аст, ки 16 ноябр ҳамасола дар мамлакати мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Чунки маҳз 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият шуруъ намуда, ба мардум сулҳ оварданд. Маҳз ин марди худодод тавонистанд табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонанд.

Маърузачиёни ҳамоиш иброз намуданд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бузург мебошанд.

Дар фарҷом иштирокчиён якдилона таъкид намуданд, ки бояд дар пайравӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат ҷиҳати ободу зебо ва мутараққӣ намудани Ватани азизамон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд саъю талош намоем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: