Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

16-06-2023, 11:49
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0

Санаи 27-уми июнро пиру барнои Ватан бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат ва оромишу осудагӣ пешвоз мегиранд. Ҳар сол дар Тоҷикистон дар ин рӯз ҳамоишҳои зиёди хотирмон баргузор мегарданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як минтақаи кишвари азизамон ташриф оварда, мардумро сарҷамъ намуда, аз ободкориҳои нав ва пешрафтҳои шоиста мужда медиҳанд. Ваҳдат чист? Ваҳдат ин осудагӣ, оромӣ, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, хайру баракат ва пешрафт аст.
Ваҳдат, сулҳ ва оромӣ орзуи сокинони мамлакатҳои ҷангзада ва ноором аст. Ба қадри ваҳдат ва сулҳ онҳое, ки ҷавониашон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ гузашта буд, бештар мерасанд.
Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки мо пояҳои давлати навини соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиамонро устувор гардонем ва ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ даст ёбем. Аз ин ҷост, ки санаи фархундаи 27-уми уми июнро мо бошукӯҳу шаҳомат, дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва корҳои ободонӣ таҷлил менамоем.
Маҳз ваҳдату якдигарфаҳмӣ халқи Тоҷикистонро таҳти сарварӣ ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат ба кору фаъолияти ибратбахш, ба чунин рӯзҳои нек расонид. Ваҳдат ба рушд ва осудагию хуррамии мардуми Тоҷикистон асос гузошта, ба кишвари мо ва Сарвари миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ обрӯ ва эътибори баланди сиёсӣ ҳадя намуд.
Ба ҳамин хотир ва бо мақсади эҳтирому қадршиносӣ ба ин шахсияти бузург санаи 9-уми декабри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро ба имзо расонида, расман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро дод.
Дар ҳақиқат, хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи дубораи кишвари азизи мо, хомӯш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, аз парешонӣ раҳонидану сарҷамъ намудани миллат басо бузург аст.
Маҳз ин шахсияти бузург тавонистанд бо ақлу хиради дурбинона дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷаҳони сиёсат қадамҳои устуворона гузошта, рӯ ба асолати миллӣ оварда, баҳри баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ нақши босазо гузоранд.
Дар айёми соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат ба арзишҳои таърихӣ умри дубора бахшиданд. Зеро бо ибтикор ва саҳми шоистаи ин шахсият бузургдошти Исмоили Сомонӣ, Абуҳанифа Имоми Аъзам, Абӯабдулллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ ва дигарон доир шуда, тавассути таҷлили солгарди шаҳрҳои қадима- Ҳисор, Кӯлоб, Истаравшан, Саразми бостон ва ғайра диёри мо ободу зебо гардид.
Ба ин маънӣ Пешвои миллатро “Қаҳрамони ваҳдат” метавон унвон кард, зеро бо ҷаҳду талошҳои ин фарзонафарзанд давлатдории миллии мо поягузорӣ шуда, аз парокандагӣ раҳоӣ ёфт.
Бо ҷасорат ва иродаи қавии Пешвои миллат тоҷикистониён ба ваҳдати миллии пойдор ва зиндагонии шоиста шарафёб шуданд.
Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Саовари давлат тамомияти арзии Тоҷикистон ҳифз шуда, он чун кишвари ягонаю соҳибихтиёр дар ҷаҳон эътироф гардид.
Бо доир гардидани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ дар мамлакат ва пешниҳодҳои ҷолиб оид ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби Пешвои миллат нуфузи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ бамаротиб боло рафт.
Мактаби давлатдорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ такмил ёфта, ҷанбаҳои нав, шакл, сохтор, мазмун ва арзишҳои нав ба худ касб намуд. Ин шахсияти таърихӣ тавонистанд дар муддати беш аз 30 сол фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолро таҳким бахшида, бо устувор гардидани иқтидори иқтисодии мамлакат барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуб замина гузоранд.
Тоҷикистон дар даҳгонаи давлатҳои осуда ва сайёҳӣ қарор гирифт. Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат заминаҳои расидан ба ваҳдати миллиро бо бунёди роҳҳо ва ба мамлакати воҳид табдил додани Тоҷикистон муҳайё намуданд.
Муваффақиятҳои имрӯза моро вазифадор менамояд, ки қадрдону дӯстдори ин сарзамини биҳиштосо бошем, ба қадри сулҳ, дастовардҳои даврони истиқлол ва арзишҳои миллӣ бирасем.
Мо бояд ба дасисаву фитнагириҳои душманони миллат дода нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳомии сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ бошем.
Дар маҷмуъ, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба ёд овардани роҳи душвори расидан ба он барои насли ҷавон як саҳифаи омӯзиш, тарбият ва ибрат мебошад.
Ҷавононро акнун руҳияи қавӣ, ватандӯстию таҳаммулпазирӣ ва пайравӣ ба Пешвои миллат мебояд.
Мо бояд ба қадру қимати сулҳу ваҳдат ва хидматҳои арзандаи Пешвои миллат расида, бо сипосгузорӣ дар ҷавоб барои ободонии Ватан, гул-гулшукуфоӣ ва ҳимояи марзу буми он ҳиссаи сазовори худро гузорем.

Мурод ШУКУРЗОДА, раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: